Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби чанд санги мазор дар як қабристони Истаравшан. ВИДЕО


Афроди ношинос дар қабристони деҳаи Боғи Калони Истаравшан, шимоли кишвар, тақрибан бист санги мазорро шикастаанд. Дар ин сангҳо ному насаб ва соли таваллуду марги афроди фавтида навишта шудааст.

Ин кори нафари маст нест, каси дигар омада, сангҳоро пора-пора кардааст
Як сокини деҳаи Боғи Калони Истаравшан

Сокинони деҳаи Боғи Калон мегӯянд, сангу катибаҳои шикастаро рӯзи 8-уми март ҳангоми зиёрати қабристон мушоҳида карданд.

Як сокини деҳаи Боғи Калон худро Рустам муаррифӣ кард ва рӯзи 9-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҳалли зисти онҳо расм аст, ки бо оғози фасли баҳор дастҷамъона атрофи гӯрҳоро тоза кунанд. "Ва ҳангоми тоза кардани атрофи гӯрҳо мушоҳида кардем, ки санги сари қабрҳоро шикастаанд", - гуфт ӯ.

Видеоро корбарон фиристоданд:

Дар Истаравшан чандин санги гӯрро шикастаанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:53 0:00

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, онҳо дарҳол масъулони ҷамоатро дар ин бора огоҳ карданд. Ва нозири минтақавӣ ин ҳолатро санад карда, ҳоло ҷустуҷӯи гумонбарон идома дорад. Худи мақомот вазъиятро расман шарҳ надоданд.

"Кори як маст нест"

Дар ҳамин ҳол, як навори кӯтоҳе дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дорад, ки дар он сангу катибаҳои шикастаи сари қабрҳо дар Истаравшан тасвир ёфтааст. Дар навор як нафар аз сокинон, ки дар назди санги шикастае истодааст, мегӯяд, "ин кори ягон нафари маст нест, каси дигар омада, ин сангҳоро пора-пора кардааст. Мана бинед!"

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон санги сари гӯр ва катибаҳо вайрон карда мешавад. Моҳи майи соли 2015 афроди ношинос санги болои тақрибан 30 қабрро дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ, ки навиштаҷоте бо ҳарфҳои кириллӣ доштаанд, пора-пора карда буданд.

Мақомоти умури дохилӣ пас аз вуқӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд, вале бо гузашти ду сол муҷримон ёфт нашуданд ва ин парванда баста шуд. Чунин ҳолат соли 2017 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон низ рух дод. Мақомот гуфтанд, як ҷавони гирифтори бемори равонӣ тақрибан 30 санги мазорро шикастааст.

16500 – ҷарима ё 5 сол – зиндон

Ҳангоми рух додани чунин ҳодисаҳо баъзе афрод ангушти иттиҳомро ба сӯи пайравони ҷараёни дар кишвар мамнӯи "Салафия" низ дароз мекунанд, ки гузоштани сангу катибаро дар мазорҳо ҷоиз намешуморанд.

Аммо Рустам, сокини Боғи Калони Истаравшан гуфт, бори аввал аст, ки дар деҳаи онҳо чунин ҳодиса рух медиҳад ва аз шумори бошандагони деҳа низ касе бо гумони пайравӣ аз "Салафия" дастгир ё зери назорат гирифта нашудааст.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон тахриб ва ё беэҳтиромӣ ба ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо амали ҷиноӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи моддаи 243-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо" аз 16 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима то 5 соли зиндонро дар пай дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG