Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оромгоҳҳо низ танзим мешаванд -- гӯр то 2-метр ва санги мазор на баландтар аз 100 сантиметр


Мақомот дар Тоҷикистон иҷрои қарореро пурзӯр мекунанд, ки мувофиқи он андозаи як қабр набояд аз 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ бештар бошад.

Қабркан ва мурдашӯ барои ҳар қабристон

Ин меъёрҳо дар қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо" муайян шудааст ва мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо дар тамоми ҷумҳурӣ муваззаф шудаанд иҷрои бандҳои онро назорат кунанд.

Тибқи ин санад, мақомоти маҳал ҳақ доранд санги мазор ва ё ороиши дигари гӯрро, ки ба расму оинҳои дар он маҳал роиҷ буда мухолифат кунад, бартараф кунад.

Бинобар ин қарор, мақомоти худидораи шаҳру деҳот барои ҳар як қабристон китоби қайди дафншудаҳо ва санги мазори онҳоро бояд таъсис бидиҳанд.

Ин қарор ҳамчунон қоидаҳои рафтори зиёраткунадагонро низ дар қабристон танзим мекунад. Дар банди 8-уми он гуфта мешавад, ки дар дохили қабристон вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дар "ҳолати мастӣ" ҳозир шудан ва "чаронидани чорво", манъ мебошад.

Мувофиқи ин санад, ҳар қабристону оромгоҳ дар Тоҷикистон бояд нафари мурдашӯ ва қабркан дошта бошад, ки метавонанд ба корафтодагон бо пул хизмат расонанд.

Бинобар суннати роиҷ дар Тоҷикистон, дар аксарияти маворид қабрро барои нафари даргузашта қабрканҳо омода мекунанд, ки қоидаву назокатҳои ин корро медонанд. Аз ин рӯ, иҷрои талаботи ин қарор низ бештар бар дӯши қабрканҳо меафтад. Чун мувофиқи ин санад, "масофаи байни қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар карда мешавад".

Танҳо ним метр фосила миёни қабрҳо

Шавкат Наимов, як сокини ноҳияи Варзоб, ки чанде қабл падарашро аз даст додааст, мегӯяд, рӯзи дафн мушоҳида кард, ки қабри қиблагоҳаш бо раддаи дигар қабрҳо хеле наздик аст. "Рӯзи азо рӯям нашуд аз қабркан пурсам, ки чаро қабрро чунин наздик кофтааст. Миёни раддаи қабрҳо қариб ҷойи гузар нест. Баъди чанд рӯз ӯро дида пурсидам, гуфт, ки қонун ҳамин аст ва ӯ дигар ҳақ надорад миёни қабрҳо аз ним метр зиёдтар масофа гузорад",-нақл кард Наимов.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"То ин замон аз ҷорӣ шудани ба истилоҳ танзим дар қабристон ҳам хабар надоштам",- мегӯяд, Шавкат "ва танҳо пас аз гуфтаи қабрканҳо аз вуҷуди он огоҳ шудам". Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ин, ки қарор чаронидани чорво ва дигар амалҳои ноҷоро дар гӯристон манъ кардааст, ҷонибдор мебошад, аммо ниҳоят танг мондани фосилаи байни қабрҳо барои дарахт нишондан ва насб кардани санги хотира, халал эҷод мекунад.

"Гоҳе риоя кардани ин фосила номумкин аст"

Нозим Шоев, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки беш аз 10 сол аст ба қабрканӣ машғул аст, мегӯяд, аксар оромгоҳҳо дар Тоҷикистон дар заминҳои ноҳамвор ва гоҳҳо доманаи теппаву кӯҳ ҷойгир шудаанд ва риоя кардани фосилаи ниметраи муайянкардаи қарор баъзан вақт ғайримкон аст.

"Масалан, ҳолатҳое мешавад, ки замини қабристон хеле нишеб аст, як каме ҷарӣ аст. Мо наметавонем дар ин ҳолат ним метр фосила гузошта, дар ҷарӣ қабр кобем. Албатта, дар ин ҳолат камтар заминро партофта дар ҷойи ҳамвортаре қабр мекобем",-гуфт Шоев.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, бо касби кафшергари рӯзиашро пайдо мекунад ва бо гузаштани нафаре аз ҳамдиёронаш довталабона ба қабрканӣ ҳозир мешавад ва барои ин аз пайвандони майит пул намегирад.

"Шоир бошӣ санги 1,5 метрӣ, оммӣ бошӣ 1 метр"

Рауф Маҷидӣ, устои сангтарош, ки бо фармоиши мизоҷон санги сари мазорро омода мекунад, мегӯяд, ҳоло бинобар қарори ҳукумат аз санги мазор набояд аз як метр баландтар бошад ва ӯ низ ба мизоҷон муқаррароти ин санпдро мефаҳмонад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"Вақте меоянд, барои санги мазор мо мегӯяем, ки акаҷон, аз 1 метр баландтар мумкин нест. Агар гузаштагони онҳо, ягон корманди давлатӣ, шоир ва ё, барои давлат хизмати шоёне карда бошад, барои онҳо истисноан санги мазори 1 метру 20-30 сантимера сохта медиҳем. Аммо барои одамони оддӣ аз 1 метр баландтар намесозем",-гуфт ӯ.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дигар онҳоро барои сохтани мақбараву девор кардани гирди гӯр низ даъват намекунад, чунки ин чиз мувофиқи қарори мазкур манъ карда шудааст.

Зимнан, тибқи ин санад, мақомоти маҳал ҳақ доранд санги мазор ва ё ороиши дигари гӯрро, ки ба расму оинҳои дар он маҳал роиҷ буда мухолифат кунад, бартараф кунад.

Як нафар аз ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти умури дин гуфт, онҳо ҳамчунон навиштаҷоти санги мазорро низ тафтиш мекунанд, ки дар он ягон гуфтаҳои зидди давлатӣ вуҷуд надошта бошад. "Манзур он аст, ки онҳое ки зидди давлат, шӯриш бардоштаанд, теракт ташкил карданд, набояд дар санги мазор онҳо "шаҳид" эълон шаванд",-шарҳ дод ин ҳамсӯҳбати мо.

Дар зимн, бо такя ба ҳамин банди қарор, мақомоти шаҳри Бохтар охиран дар яке аз оромгоҳҳои ин шаҳр сағонаеро, ки ургуттаборон барои дар оянда гӯронидани авлоди хеш сохтаанд, бартараф карданд, чун ба гуфтаи мақомот, дар ин минтақа анъанаи сохтани сағона вуҷуд надорад, зарурате низ барои он нест, чун барои гӯронидани ҳама замини кофӣ вуҷуд дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG