Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи ду дипломати рус аз Олмон дар доираи таҳқиқи куштори ҷангии чечен


Зелимхон Хангошвилӣ

Мақомоти Олмон дар ҷараёни таҳқиқи куштори як чечен дар Берлин ду дипломати русро аз қаламрави ин кишвар берун кардаанд. Зелимхон Хангошвилии 40-сола шаҳрвандии Гурҷистонро дошт. Мақомоти Олмон мегӯянд, Русия метавонад, дар ин қазия дахил бошад.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон бо пахши изҳороте рӯзи 4-уми декабр гуфт, ду корманди сафорати Русия дар Берлин "бар асоси моддаи 9-и Эъломияи равобити дипломатии Вена" мамнуъ-ул-вуруд шудаанд.

Зелимхон Хангошвилӣ, ки дар гузашта аз тарафи ҷудоиталабон дар Чеченистони Русия ҷангидааст, рӯзи 23-юми августи имсол дар боғи Клейнер Тиергарден бо ду зарби тир кушта шуд. Марди русро, ки дар анҷоми ин кор гумонбар дониста мешуд, ба зудӣ пайдо ва дастгир кардаанд.

Матбуоти байналмилалӣ ва Олмон дар оғози ҳафтаи ҷорӣ гузориш доданд, ки додситонҳо баъди ба даст омадани шаҳодати инки "як оҷонсии хориҷии истихборотӣ" дар пушти куштор будааст, аз пайи қазия шуданд.

Дар ҳамин ҳол, матбуоти Олмон куштори Хангошвилиро дар Берлин ба ҳодисаи заҳролудсозии собиқ ҷосуси рус Сергей Скрипал дар Бритониё дар соли 2018 монанд кардаанд. Русия даст доштани ҳукуматро дар ин ду қазия рад кардааст.

Вазорати умури хориҷии Русия дар вокуниши фаврӣ ба ин хабар гуфт, "ихроҷи дипломатҳо беасос ва ғайридӯстона аст". Дар изҳороте Маскав гуфт, "акнун бояд иқдоми ҷавобӣ бигирад."

Рӯзи 4-уми декабр сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, "ин чиз бо мақомоти Русия чӣ рабте дорад?" ва афзуд, "ин фарзияҳо комилан беасос аст. Матбуоти Олмон қазияро бод медиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки асли қазия ҳамин аст."

Зелимхон Хангошвилӣ аз соли 1999 то 2002 дар Ҷанги дуюми Чеченистон ба зидди нирӯҳои давлатии Русия зери фармондеҳии Шамил Басаев ҷангида, эҳтимолан бо Аслан Масхадов ҳам робита дошт. Масхадов ба таври кӯтоҳмуддат дар мақоми президенти Чеченистон кор кардааст.

Моҳи август дар як таҳқиқоти муштараки нашрияҳои Der Spiegel, The Insider in Russia ва гурӯҳи Bellingcat-и воқеъ дар Лондон гуфта шуд, ки гумонбар бо номи Вадим Андреевич Соколов кор мекард ва рақами шиносномаи ӯ аз иртиботи ин шахс бо хадамоти амниятии Русия, ба вижа ГРУ ё раёсати марказии истихбороти Русия дарак медиҳад.

Дар таҳқиқоти рӯзи 30-юми август номи воқеии гумонбар нашр нашуд, вале дар гузориши рӯзи 3-юми декабри гурӯҳи Bellingcat иддао мешавад, ки шахси гумонбар ба Берлин бо номи мустаори Соколов сафар кардааст. Дар ҳоле ки номи асосии ӯ Вадим Красиков аст ва ӯ 54 сол дорад.

Bellingcat навиштааст, "Красиков моҳи июни соли 2013 дар қазияи куштори як зани соҳибкори рус гумонбари асосӣ буд". Ин зан пеш аз мурданаш чанд дафъа мавриди сӯиқасд қарор гирифта буд."

Bellingcat навишт, "куштор дар Маскав аз чанд ҷиҳат бо шеваи куштор дар Берлин монанд аст: қотил ба ҳадафаш бо дучарха наздик шуд ва ба сӯи ӯ аз фосилаи наздик аз туфангча тир холӣ кард. Ҳарду дафъа тир аз пушти сари қурбонӣ расидааст ва баъди ин бо ҳамин дучархааш аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст”.

Бино ба гуфтаи гурӯҳи таҳқиқотӣ, Красиков дар Қазоқистон бузург шуда, баъдан ба Сибир кӯчидааст.
Таҳқиқоти ҷудогонаи Bellingcat иддао кардааст, ки талоши куштори Скрипал ва духтарашро аз роҳи заҳролудсозӣ се афсари ГРУ ташкил кардаанд. Аз ин се мард ду нафараш дар ҷустуҷӯи ҷиноии мақомоти Бритониё қарор доранд. Скрипал ва духтараш баъди заҳролудшавӣ дар шаҳри Салисбурии Бритониё аз марг наҷот ёфтанд, вале зани дигаре, ки тасодуфан бо осори маводи заҳролудшуда дар тамос шуда, ҳеч рабте ба Русия надорад, даргузашт.

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG