Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Маргвелашвилӣ дар интихоботи Гурҷистон


Георгий Маргвелашвилӣ
Георгий Маргвелашвилӣ

Тақрибан 3,5 миллион мардуми соҳиби раъй дар Гурҷистон рӯзи 27 октябр раиси нави ин ҷумҳуриро интихоб карданд.

Дар Гурҷистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар он 23 номзад ширкат карданд. Райдиҳандагон дар ин кишвар ба ҷои Михаил Саакашвилӣ, ки як даҳсолаи гузашта раисиҷумҳур буд, раисиҷумҳури нав интихоб мекунанд. Назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки Георгий Маргвелашвилӣ - номзади эътилофи ҳоким бо номи “Руъёи гурҷиҳо” дар сафи пеш қарор дорад.

Номзадҳои дигар, аз ҷумла Давид Бакрадзе, ки аз ҷониби Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ пешбарӣ шудааст ва номзади дигар Нино Бурҷанадзе-раиси пешини порламон ва шахсияти маъруфи Инқилоби Садбаргҳо ба дунболи ҳам меоянд.
Бар асоси қонун номзади баранда бояд дар даври аввал 50 дарсади райи интихобкунандагонро ба даст орад. Дар ин кишвар тақрибан 3,5 миллион нафар аҳолии қобили рай вуҷуд дорад.

Барои ширкат дар интихоботи шашуми раёсатҷумҳурии Гурҷистон, ки ба даврони раҳбарии раисиҷумҳури кунуниаш Михаил Саакашвилӣ нуқтаи таммат хоҳад гузошт, 23 номзад номнавис шудаанд. Вале бовар меравад, ки сабқат асосан миёни се номзади асосӣ – Георгий Маргвелашвилӣ, Давид Бакрадзе ва Нино Бурҷанадзе хоҳад гузашт.

Георгий Маргвелашвилӣ, ки аз эътилофи Орзуи гурҷии сарвазир Бидзина Иванишвилӣ намояндагӣ мекунад, бино ба назарсанҷиҳо метавонад алакай дар даври аввал беш аз нисфи ороро ба даст оварда, ба курсии президентӣ даст биёбад.

Назарсанҷиҳо ба ӯ тақрибан 57 дарсади оро ва ба рақиби асосиаш – Давид Бакрадзе, ки номзади ҳизби Ҷунбиши миллии Саакашвилист, чизе дар ҳудуди 12 дарсад нисбат медиҳанд. Нино Бурҷанадзе, раиси собиқи парлумон ва яке аз қаҳрамонҳои дигари “инқилоби садбаргҳо”-и соли 2003, ки Саакашвилиро ба қудрат расонд, дар назарсанҷиҳо бо зери 8 дарсад дар мақоми севум меояд.
Вале таҳлилгарон мегӯянд, назарсанҷиҳо дар Гурҷистон на ҳамеша бо ончӣ ки дар рӯзи райъгирӣ мегузарад, мувофиқ меоянд ва дар ниҳоят натиҷаи интихобот метавонад дигаргуна шавад ва кораш ҳатто ба даври дувум бикашад.

Созмони Шаффофияти Байналмилал ё Transparency International мегӯяд, мушоҳидаҳои муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки нақзи муқаррароти интихоботӣ нисбат ба интихоботи гузаштаи парлумонӣ бештар шудааст. Бар ҷараёни ин интихобот 370 нозир назорат мекунанд ва онҳо мегӯянд, ки дар нимаи аввали рӯзи интихобот 22 мавриди ҷиддии нақзи қонун ва 20 нақзи сатҳӣ мушоҳида шудааст.

Олеся Вартанян - хабарнигори бахши гурҷии Радиои Озодӣ дар як мусоҳиба дар бораи ҷараёни интихобот гуфт:

Вартанян: Мизони ширкат дар ин интихобот то андозае камтар аст. Агар ба маълумоти кумиссиюни интихоботӣ рӯ орем, мушоҳида мешавад, ки райдиҳандагон ба таври фаъол ба ҳавзаҳои интихоботӣ намеоянд. Шояд ин мушкили аслии интихобот аст, ки ширкат заиф аст. Пойтахт - Тифлис яке аз ҷойҳоест, ки ширкати мардум дар раъйдиҳӣ бештар ба назар мерасад. Ман имрӯз ба чанд ҳавзаи интихоботӣ рафтам. Агар бо интихоботи парлумонии як соли пеш муқоиса кунем, он вақт аз субҳи барвақт мардум барои раъйдиҳӣ навбат меистоданд. Дар интихоботи кунунӣ ман чунин вазъро дар ҷое надидам. Мухолифон мегӯянд, ки баъзе қонуншиканиҳоро мушоҳида кардаанд, вале ҷузъиёташ ҳанӯз эълон нашудааст.

Озодӣ: Оё метавонем бигӯем, ки баъд аз интихоботи кунунӣ сафороии нирӯҳои сисёсӣ дар Гурҷистон тағйир хоҳад кард?

Вартанян: Интихоботи кунунӣ ғайримаъмулист. Аслан як рӯз баъд аз интихобот фазои сиёсӣ рӯшантар мешавад. Вале дар Гурҷистон намунаи баръакс мушоҳида мешавад. Ҳоло тақрибан метавон ошкор гуфт, ки чӣ касе ба курсии раёсати ҷумҳурӣ менишинад. Тибқи қонуни нав, раҳбари кишвар дар оянда на раисиҷумҳур, балки нахуствазир хоҳад буд. Нахуствазири кунунӣ дар остонаи интихобот изҳор доштааст, ки аз мақом даст мекашад. Бо назардошти чунин изҳорот гуфтан мумкин аст, ки ин интихобот дар фазои сиёсӣ то ҳол рӯшанӣ наандохтааст.

Озодӣ: Сабабҳои истеъфои нахуствазир Иванишвилӣ чӣ аст?

Вартанян: Агар ба гуфтаҳои худаш бовар кунем, вай изҳор дошта буд, ки баъд аз рафтан аз ин мақом нафъи бештаре хоҳад овард. Ба ҳамин далел, вай истеъфояшро рафтан аз саҳна намедонад, балки мегӯяд, ки вай баръакс ба саҳна ворид мешавад.

Озодӣ: Дар чӣ нақше вориди саҳна мешавад, дар нақши сиёсатмадор ё соҳибкор?

Вартанян: Вай мегӯяд, ки соҳибкор нахоҳад буд ва ҳар коре, ки анҷом медиҳад, кори хайрия хоҳад буд. Ба гуфтаи вай, ҳар сармояе, ки мегузорад, қарз ҳисоб намешавад ваё ташкили ширкатҳое нахоҳад буд, ки барояш даромади иловагӣ орад. Ҳамаи он сармоя бебозгашт хоҳад буд.

Поёни даврони кӯтоҳ, вале ин қадар пуршӯри Саакашвилӣ


Интихоботи рӯзи 27 октябр ҳам ба даврони раёсати Михаил Саакашвилӣ ва ҳам ба умри сиёсии рақиби сарсахти ӯ Бидзина Иванишвилӣ поён медиҳад.

Иванишвилӣ, ки эътилофи Орзуи гурҷиаш як сол пеш ҳизби Саакашвилиро дар интихоботи парлумонӣ сахт шикаст дод, алорағми даъватҳо аз чапу рост худро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ номзад накард, балки гуфт, тибқи ваъдааи супурдааш, чанд ҳафта баъд аз интихоботи президентӣ дигар аз сиёсат канор меравад. Ӯ аз қабл гуфта буд, ки танҳо ба хотири аз ин майдон рӯфтани Саакашвилӣ ва ёрони ӯ пой ба арсаи сиёсат мегузорад ва бо анҷоми ин “миссия” канор хоҳад рафт.

Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ
Интихоботи имрӯза ҳамин тавр, 10 соли раёсати Михаил Саакашвилӣ бар ин ҷумҳурии Қафқози шимолиро ба поён мерасонад. Саакашвилӣ, ки дар поёни соли 2003, дар пайи “инқилоби садбаргҳо” ва сарнагунии давлати Эдуард Шеварднадзе ба раёсат расид, дар ин 10 сол мероси зиддунақизеро аз худ ба ҷо мегузорад. Дар ин муддат Гурҷистон тавонист аз як кишвари пасошӯравӣ ба давлате табдил шавад, ки пайвастан ба ниҳодҳои қораиву фароқораии ғарибе, чун Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО, ба меҳвари сиёсати геостротегиаш табдил ёфт. Ва имрӯз ҳамаи номзадҳои умда ба ҷойгузинии Саакашвилӣ – чӣ Маргвелашвилӣ, чӣ Бакрадзе ва чӣ Бурҷанадзе - азми Тифлис барои узвият дар ин ду созмонро зери суол намегузоранд.

Дастоварди дигари аҳди Саакашвилӣ барои Гурҷистон решакан шудани иллатҳои барои ин минтақа маъмулие, чун фасоду ришвахорист. Саакашвилӣ тавонист бо аз байн бурдани ниҳодҳои фосиде, чун пулиси роҳу гумрук ва сохтани ниҳодҳои комилан ҷадид ва бо ҷалби афроди ҳирфаӣ ва ҷавон як сохти комилан наверо ба вуҷуд биорад, ки кораш хеле наздик ба меъёрҳои ғарбист ва фасоду ришва дигар барояш фалсафаи “ё ҳаёт, ё мамот” нест.



Аммо дар айни ҳол, аҳди Саакашвилӣ бо зиндонӣ кардани садҳо тан аз дигарандешони смиёсӣ бо ҷароиме, чун “ҷосусӣ ба фоидаи Русия” ва ҷанги кӯтоҳу пуршикасти Гурҷистону Русия дар соли 2008, ки дар натиҷааш ҳарду вилояти ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи ҷанубӣ аз сӯи нирӯҳои низомии Русия тасарруф шуда, эълони истиқлол карданд, дар ёд мемонад. Mухолифонаш мегӯянд, ин кӯтоҳии Саакашвилӣ, ки Гурҷистонро амалан аз ду вилояташ маҳрум кард, бахшиданӣ нест ва ғолибан ӯро дар оянда дар баробари иттиҳомоте, чун таъқиби дигарандешон ва фасод, барои ин ҷанги харобиовар низ ба масъулият хоҳанд кашонд.

Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ
Аммо Саакашвилии 46-сола, ба ҳар сурат, ба фарқ аз хеле fp ҳамтоёни дигараш дар паҳнои пасошoравӣ ба зини қудрат абадан начаспид ва баъди ҳамагӣ 10 соли раёсат канор меравад. Ин дар ҳолест, ки ҳамсояи ӯ раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки дар соли 2003, чанд моҳ қабл аз Михаил Саакашвилӣ ҷойгузини падараш дар ин мақом шуд, дар ин муддат Қонуни асосиро тағйир дод ва тоза дар ҳамин моҳи октябр барои давраи севум раисиҷумҳур интихоб шуд ва гумон аст, ки ҳатто бо ин давраи раҳбарӣ ҳам қаноат кунад. Ҳамтои руси онҳо Владимир Путин, ки душмани ҷонии Саакашвилӣ низ ба шумор меравад, 4 сол қабл аз вай, ҳанӯз дар соли 2000 ба қудрат расида буд. Вале ӯ ҳам баъди 4 соли "танаффус" ба мақоми раисиҷумҳури Русия баргашт ва дар ин курсӣ дастикам то соли 2018 боқӣ хоҳад монд.

Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев, ки ҳар кадоми онҳо 14 сол пештар аз Саакашвилӣ ба раёсати Узбакистону Қазоқистон расиданд, ва Эмомалӣ Раҳмон, ки собиқаи раҳбариаш аз соли 1992, яъне 12 сол қабл аз Саакашвилӣ шурӯъ шуда буд, то ҳол дар зини раёсати кишварҳои худ боқӣ мондаанд ва гумон аст, ки ба ин зудиҳо тарки мақом кунанд. Як мероси муҳими раёсати Саакашвилӣ ҳамин таҷрубаи табдили қудрат аст, ки дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ мисли тухми анқост.
XS
SM
MD
LG