Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинӣ ба хотири ...телевизор


Вано Мерабишвилӣ, нахуствазири пешини Гурҷистон, дар боздоштгоҳ ду ҳафта гуруснанишинӣ кард, то дар ҳуҷрааш телевизор гузоранд.

Ӯ ҳамчунин алайҳи мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкияш ҳам эътироз карда буд.
Вано Мерабишвилӣ аз сӯи мақомоти феълии Гурҷистон дар фасод, сарфи беҳудаи маблағҳои буҷа ва берун аз ваколат пой гузоштан замони нахуствазирияш айбдор мешавад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки пойфишории сиёсатмадор барои дар ҳуҷрааш гузоштани телевизор бесабаб нест – Вано Мерабишвилӣ зуҳур кардан дар “оинаи нилгун”-ро дӯст медошт ва даъват барои ширкат дар барномаҳои телевизионӣ, аз ҷумла, дар барномаи тафреҳии “Вано”-ро хуш мепазируфт. Зимнан, ӯ чанд моҳ баъди курсии нахуствазириро дар ихтиёри Бидзина Иванишвилӣ гузоштан дар ин барномаи Вано Явахишвилӣ аз ҷосусии ҳукумати худаш, аз ҷумла, гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ, сӯҳбат карда буд. “Ин ҳукумати нав гӯш кардани сӯҳбатҳои телефониро таҳаммул нахоҳад кард. Акнун, шумо ҳарчӣ мехоҳед метавонед бигӯед, новобаста аз он ки дафъаҳои гузашта аз тариқи телефон чиҳо гуфта будед...” Вано: “Яъне, ман ҳам акнун метавонам мисли пештара бо телефон сӯҳбат кунам?” (садои ханда). Мерабишвилӣ: “Бале, мо сабти сӯҳбатҳои пешинаи телефонии шуморо пок кардаем...”

Лаҳни сӯҳбату шӯхиҳои нахуствазири пешин он қадар мухлиси зиёд доштанд, ки раҳбарони телевизион мехостанд ӯро ба ҳайси барандаи барномаи тафреҳии “Вано” даъват кунанд. Ва аммо акнун Вано Мерабишвилӣ, ки замоне мехост ситораи “ойинаи нилгун” бошад, талаби оддие дорад – гузоштани телевизор дар ҳуҷрааш дар зиндон.

Мақомоти вазорати маҳбасҳои Гурҷистон рӯзи чаҳоршанбе, 19 июн, ба хабарнигорон гуфтанд, Вано Мерабишвилӣ баъди он гуруснанишиниро қатъ кард, ки ба зудӣ гузоштани телевизор дар ҳуҷраи маҳбасро ба ӯ кафолат доданд. Вазири маҳбасҳо Созар Субарӣ гуфт, ки акнун онҳо сари чӣ гуна дар ҳуҷраи ӯ дар маҳбаси Матросови Тифлис гузоштани телевизор андеша доранд.

Ба назар мерасад, ки мақомоти Гурҷистон дигар талаби Мерабишвилӣ – ҳаққи истифодаи ҳисобҳои бонкии ӯ аз сӯи аҳли хонаводаашро ҳам иҷро кардаанд.

Кшиштоф Лизек, вакили Парлумони Аврупо аз Лаҳистон, аввалҳои моҳи июн дар маҳбас бо Вано Мерабишвилӣ дидору гуфтугӯ дошт ва изҳор намуд, ки набудани телевизор нахуствазири пешинро аз дастрасӣ ба ахбор маҳрум сохтааст. Созмони милали Муттаҳид меъёрҳои оддитарини муносибат бо зиндониён, аз ҷумла, дастрасии онҳо ба китоб ва иттилои зарурӣ тавассути рӯзномаву маҷалларо муқаррар кардааст. Дар ин тавсияҳо, ки соли 1955 пазируфта шудаанд, дар бораи дастарасӣ ба барномаҳои телевизионӣ ҳарфе нест. Аммо то имрӯз ҳадди аққал як иддао барои дастрасии шаҳрвандони оддӣ ба “ойинаи нилгун” аз сӯи Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар, мақараш дар Страсбург, пазируфта шудааст - соли 2011 ин додгоҳ қарор кард, ки антенаҳои моҳвораӣ барои муҳоҷирон ва диаспораҳо (ҷамъиятҳо)-и миллӣ муҳиманд, зеро тавассути тамошои барномаҳои телевизионии кишварҳои худ метавонанд фаризаҳои динияшонро иҷро кунанд.

Вано Мерабишвилӣ аввалин зиндоние нест, ки барои шароити беҳтар даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ду сол пеш дар Австралия як қотили гузаро барои дастрасӣ ба бозии Sony Playstation нӯҳ рӯз гуруснашинӣ эълон карда буд. Соли гузашта дар Норвегия Андерс Брейвик, муттаҳам дар куштори 77 нафар, дар 27 саҳифа шикоят навишт ва нозирони маҳбасро дар он айбдор намуд, ки ба ӯ қаҳваи сард меоранд ва ва барои истифода аз крем барои пӯст иҷоза намедиҳанд. Ва баъзан талабҳои аз ин ҳам аҷибулғарибтар ҳам иҷро мешаванд - дар минтақаи Баварияи Олмон баъд аз эътирози зиндониён ба онҳо иҷозаи нӯшидани обҷав (пиво)-ро доданд.

Вано Мерабишвилӣ 21 май бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ба хотири таъсиси ҷойҳои нави кор барои ҷонибдорони ҳизби Михаил Саакашвилӣ ва саркӯбсозии намоишҳои эътирозии соли 2011 боздошт шуд. Ба нахуствазири пешини Гурҷистон 12 соли маҳбас таҳдид мекунад.

Ҷонибдорони Мерабишвилӣ боздошти ӯро як бахши маъракаи интиқоми нахуствазири феълӣ Бидзина Иванишвилӣ аз ҳампаймонҳои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ мехонанд. ИМА ва қонунгузорҳои Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати Иванишвилӣ дархост кардаанд, ки тасмими ба додгоҳ кашидани рақибони сиёсиро бознигарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG