Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меросе ки аз Михаил Саакашвилӣ мемонад


Раисиҷумҳури кунунии Гурҷистон Михаил Саакишвилӣ баъд аз 10 соли раёсат аз мақом канор меравад.

Рӯзи 27-уми октябр дар Гурҷистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Михаил Саакашвилӣ, ки ҳарду давраи мумкини раёсаташро тай кард, дигар ҳаққи ширкат дар ин маъракаро надорад ва баъди супурдани курсӣ ба барандаи ин интихобот дар синни 46-солагӣ "бознишаста" мешавад.

Бисёре аз таҳлилгарон Михаил Саакашвилиро раҳбари хориқулодда, вале тафриқаандоз медонанд. Вай барои баъзеҳо қаҳрамони "инқилоби садбаргҳо" хоҳад буд, марде, ки ришвахориро зери пой кӯбид ва эътибори кишварашро дар арсаи байналмиллалӣ боло бурд. Баъзеҳои дигар вайро чун раҳбари худкома мешиносанд, ки норозиёни ақидатиро шикаст дод, рақибонашро ба зиндон андохт ва Гурҷистон - кишвари хурди Қафқозро ба ҷанги харобиовар бо Русия овард.

Мероси Саакашвилӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
Линки мустақим


Михаил Саакашвилӣ баъд аз ду давраи раёсати ҷумҳуриаш ба канорагирӣ аз ин мақом омода мешавад ва он ҳам дар ҳолест, ки дар ин муддат вай гурҷиҳоро ба ду қутби мухолиф ҷудо кард. Вале вай барои аз байн бурдани ришваву фасод муборизаи пурдоманаро оғоз кард ва ислоҳоти таърихиро шуруъ намуд, то Гурҷистонро ба як кишвари муосири низоми идориаш ғарбӣ наздик кунад.

Томас де Вол, коршиноси умури Қафқози Ҷанубӣ дар Маркази таҳлилии Карнегӣ дар Вашингтон мегӯяд: “Ҳама мушкиле, ки ман мебинам, дар он аст ки гӯё як навъ навгароӣ аз боло буд, бидуни ҷалби қишрҳои ҷомеа. Ақидае вуҷуд дошт, ки “мо ба самти режими равшангар, низоми ғарбӣ ва навсоз меравем ва барои ин кор аз ҳамаи шеваҳои мавҷуда истифода мекунем, ба шумули шеваҳои сахтгиронае, ки то ба охири роҳ бирасем.”

Дар соли 2003 вақте, ки Саакашвилии ҷавон тазоҳуроти эътирозии зидди Эдуард Шеварднадзеро баъд аз интихоботи порламонӣ раҳбарӣ мекард, яъне интихоботе, ки пур аз тақаллуб буд, ваъдаҳои вай дар бораи “таккондани гардҳо”-и даврони Шӯравӣ ва роҳ пеш гирифтан ба самти низоми идораи ғарбӣ ҳамраъйии мардуми гурҷиро ба бор овард.

Мардум, ки ташнаи тағйирот буданд, дар ҳавову рӯҳияи "инқилоби садбаргҳо" дар интихоботи моҳи январи соли 2004 бо 96 дарсади райъ вайро раиси ҷумҳури худ интихоб карданд. Вале бисёре аз ононе, ки он вақт аз Саакашвилӣ ҳимоят мекарданд, ҳоло аз вай норозӣ мебошанд. Дар миёни онҳо баъзе аз ёрони наздики сиёсиаш ҳастанд ва ҳамчунин дар Ғарб, ки аз ислоҳоти демократӣ дар минтақа аз вай ҷонибдорӣ мекарданд.

Албатта, муборизаи шадиди Саакашвилӣ барои навсозии Гурҷистон натиҷаҳои духӯра ба бор овардааст. Дастовардҳои вай барои аз реша нобуд сохтани ришвахории даврони Шеварднадзе яке аз муваффақиятҳои вай дониста мешавад.

Як назархоҳие, ки маркази таҳлиливу иттилоотии Gallup дар аввали моҳи ҷорӣ ба нашр расонд, нишон медиҳад, ки танҳо 25 дарсади гурҷиҳо ҳукумати худро ришвахор медонанд. Ин натиҷаҳо ба соли 2012 тааллуқ дошт. Вале дар соли 2007 ин нишондаҳанда 52 дарсадро ташкил медод. Натиҷаҳои охир Гурҷистонро дар радифи Норвегия ва кишварҳои дигари ғарбӣ қарор дод.

Дар давраи Саакашвилӣ даромади нохолиси миллии кишвар ду баробар афзоиш ёфт. Бино ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, Гурҷистон дар миёни 9 кишвари пешрафта қарор гирифт, ки роҳро барои тиҷорат боз кардаанд.

Аммо мунаққидон набуди шаффофият дар дороии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар дороии худи Саакашвилиро интиқод мекунанд. Онҳо ҳамчунин аз Саакашвилӣ интиқод мекунанд, ки дасти пулисро боз кардааст, то онҳо бар зидди ришвахорӣ мубориза кунанд. Вале пулис афроди гумонбарро сахт зери шиканҷа мегирад. Худи Саакашвилӣ эътироф мекунад, ки баъзе аз ислоҳоти вай бо “нархи гарон” анҷом гирифтааст. Дар бахши маориф ислоҳоти вай натиҷаи чашмгир надод ва ислоҳоти вайро дар бахши адлия низ интиқод мекунанд.

Аммо Саакашвилӣ, ба ҳар сурат, баъди ҳамагӣ 10 соли раёсат канор меравад. Ин дар ҳолест, ки ҳамсояи ӯ раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки дар соли 2003, чанд моҳ қабл аз Михаил Саакашвилӣ ҷойгузини падараш дар ин мақом шуд, тоза дар ҳамин моҳи октябр бо тағйири Қонуни асосӣ барои давраи севум раисиҷумҳур интихоб шуд ва гумон аст, ки ҳатто бо ин давраи раҳбарӣ ҳам қаноат кунад. Ҳамтои руси онҳо Владимир Путин, ки душмани ҷонии Саакашвилӣ ба шумор меравад, 4 сол қабл аз вай, ҳанӯз дар соли 2000 ба қудрат расида буд, баъди 4 соли "танаффус" ба мақоми раисиҷумҳури Русия баргашт ва дар ин курсӣ дастикам то соли 2018 боқӣ хоҳад монд. Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев, ки 14 сол пештар аз Саакашвилӣ ба раёсати Узбакистону Қазоқистон расиданд, ва Эмомалӣ Раҳмон, ки собиқаи раҳбариаш аз соли 1992, яъне 12 сол қабл аз Саакашвилӣ шурӯъ шуда буд, то ҳол дар зини раёсати кишварҳои худ боқӣ мондаанд.

Як мероси муҳими раёсати Саакашвилӣ ҳамин таҷрубаи табдили қудрат аст, ки дар ин паҳно мисли тухми анқост.
XS
SM
MD
LG