Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камолро дар Фаронса дар пеши чашми фарзандонаш куштанд


Дар Фаронса як марди афғонро дафн карданд, ки аз ҷангу хунрезӣ аз кишвараш фирор кард, вале аз тири як ифротӣ дар шаҳри Страссбург кушта шуд.

Камол Нақшбанд, рӯзи 11-уми декабр дар натиҷаи тирандозии як ҷавони 29-сола дар бозори идонаи Страсбург ба ҳалокат расид. Ин ҷавон қабл аз тирандозӣ “Оллоҳу акбар” фарёд кашида ва сипас ба самти мардум тир андохт.

“Ӯ барои тамошои бозори идонаи Кристмас рафт ва дар пеши чашмони фарзандонаш як тир хӯрд” – гуфтааст, яке аз хешовандони Камол Нақшбанд ба хабаргузории АҒР. Камол Нақшбандро баъди маҷруҳ шудан ба бемористон бурданд, вале ӯ як рӯз баъд аз ҳодиса даргузашт.

Дар маросими ҷанозаи Камол Нақшбанд дар масҷиди шаҳри Страссбург дар рӯзи 14-уми декабр садҳо нафар ширкат карданд. Камол Нақшбанд барои ибодат ба ҳамин масҷид меомадаст. Ӯ дар як гараже дар наздикии масҷид кор мекард.

Ҳодиса дар инҷо рух дод
Ҳодиса дар инҷо рух дод

Имоми масҷид Аюб Шоҳин гуфтааст, “Бародари шаҳиди мо Камол ба мо мегуфт, ки аз ҳар лаҳзаи зиндагиатон дар ин дунё баҳра баред ва кори хубе анҷом диҳед.”

Ба гуфтаи имоми масҷид, “Беҳтарин инсон ин аст, ки на фақат ба мусулмонон, яҳудиён, масеҳиён, ё бединон кӯмак мекунад. Беҳтарин инсон он аст, ки барои тамоми инсонҳо хидмат мекунад.”

Бино ба гузоришҳо ва иттиллое, ки дар саҳифаи Камол Нақшбанд дар Фейсбук ҳаст, ӯ аз шаҳри Кобул буда ва дар Мазори Шариф таҳсил кардааст.

“Ӯ марди пурҷозиба, меҳрубон ва шӯх буд ва бо ҳама шӯхӣ мекард. Мардум на фақат бари таъмири мошин, балки барои хӯрдани як қаҳва ҳам назди ӯ мерафтанд” – гуфтааст, яке аз хешовандони Камол Нақшбанд.

Маъмурони пулиси Фаронса гуфт, ки ҳамлавар Шариф Чикати 29-соларо рӯзи 13-уми декабр ҳангоми муқовимат ба пулис дар яке аз кӯчаҳои Страссбург куштанд. Гуруҳи Давлати исломӣ гуфт, ки яке аз пайравони ин созмони ифротӣ ҳамларо анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG