Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Фаронса аз кушта шудани ҳамлагари Страсбург хабар дод


Акси ҳамлагари Страсбурк Шари Шекат
Акси ҳамлагари Страсбурк Шари Шекат

Пулиси Фаронса гумонбари ҳамла ба ярмаркаи солинавии Страсбургро дар ҷараёни амалиёт маҳв кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ дод.

Шаби панҷшанбе мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи Нодоф, маҳалли зисти Шариф Шекат амалиёти навбатӣ баргузор карданд. Шариф Шекат 11 декабр дар маркази Страсбург сӯи одамон тир кушод. Дар натиҷа се кас кушта, 13 тани дигар маҷруҳ шуд. Мақомоти Фаронса ин ҳамларо амали террористӣ унвон карданд.

Ба иттилои пулис, ҳамларо Шариф Шекат, сокини 29-солаи Страсбург анҷом дод. Ба маълумоти пулис, Шекат 27 маротиба дар Фаронсаву, Олмону Швейтсария ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуда буд. Чанд сол пеш ӯро ҷурми дуздӣ дар ҳудуди Олмон зиндонӣ карданд. Амри ихроҷи Шариф Шекат аз Фаронса соли 2017 содир шуд.

Дар Фаронса тадбирҳои шадиди амниятии шабеҳи соли 2015, баъди ҳамлаи Порис, ҷорӣ шудаанд. Дар се соли охир дар Фаронса чанд амали террористӣ рух дода, дар пайи онҳо бештар аз 200 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG