Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсор Рофиева: “Дуо мекардам, ки дар ватан бимирам, на дар ғарибӣ”


 Гулрухсор Рофиева пас аз чанд соати раҳоӣ аз асорат, рӯзи 10-ум феврал.
Гулрухсор Рофиева пас аз чанд соати раҳоӣ аз асорат, рӯзи 10-ум феврал.

Парастори тоҷик Гулрухсор Рофиева, ки рӯзи 10-уми феврал аз асорати 105-рӯза дар Яман озод шуд, дар нахустин мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ саргузашти худро ҳикоят кард.

Гулрухсор Рофиева пас аз муоинаи тиббӣ дар бемористони низомии шаҳри Маъриб имкон ёфт, ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух диҳад. Вай ибтидо аз ҳамаи онҳое, ки дар раҳоии ӯ саҳм гирифтаанд, аз мақомоти бемористон, ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, расонаҳои ахбори умум ва ҳамаи онҳое, ки барояш дуо кардаанд, изҳори сипос намуд.

Озодӣ: Гулрухсор хонум, ҳоло хуб ҳастед?

Гулрухсор Рофиева: "Алҳамдуллилоҳ, ман нағз. Алҳамдулиллоҳ."

Озодӣ: Дар “он ҷо” азоб накашидед, вазъатон чӣ хел буд дар асорат?

Гулрухсор Рофиева: "Вазъият... Азобам доданд. Дасту почаҳоям занҷирбанд буд. Заданд маро мардако. Бисёр азобам доданд. Хӯрок надоданд. Як хел вақт туалет рафтан намонданд. Об надоданд. Азобам доданд."

Озодӣ: Инҳо кӣ буданд ва маълум шуд, ки чӣ мехостанд?

Гулрухсор Рофиева: "Пул мехостанд. Баъдан акояшон дар турма будааст, панҷ сол боз набаромадагӣ будааст, мехостанд, вай аз ҳабс озод шавад ва баъд онҳо маро ҷавоб медиҳанд. Агар ҷавоб надиҳанд, маро ҳам озод намекардаанд."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:29 0:00
Линки мустақим

Озодӣ: Баъд ҳоло чӣ хел ҳал шуд, ки Шуморо озод карданд?

Гулрухсор Рофиева: "Дина соати даҳи шаб гуфтанд, ки бародарашонро аз маҳбас озод кардаанд. Баъд гуфтанд, ки метарсанд, маро шабона баранд ва гуфтанд, пагоҳ саҳар мо мебарем. Имрӯз саҳар занак омад, гуфт, ки хонаат меравӣ. Гуфту маро саҳарӣ ҷойи аскарӣ оварда партофтанд."

Озодӣ: Дар ин муддат полису артиш наметавонистанд, шуморо халос кунанд?

Гулрухсор Рофиева: Инҳо тарсиданд, ки парон-парон мешавад ё ягон ҳодиса мешавад. Ҳар ҳафта ҷойи маро иваз мекарданд. Аз ин ҷо ба он ҷо ба хонаҳои нообод мебурданду занҷирбанд мекарданд. Гиря мекардам, доду фарёд мекардам, мезаданд, азоб медоданд, бо “шланг” мезаданд. Бисёр азоб доданд, касал шудам, хостам венаҳоямро бурам, рагҳоямро бурам ва мурам, хостам, дору хӯраму мурам, лекин Худо нигоҳам дошт.

Озодӣ: Дар ин хел лаҳзаҳо дар бораи чӣ фикр мекардед?

Гулрухсор Рофиева:" Росташ, дар бораи бачаҳоям ва падару модарам фикр мекардам. Ман ҳатто умедвор набудам, ки сиҳату саломат раҳо мешавам. Маро фақат мезаданд ва ман гуфта будам, ки онҳо маро мекушанд. Рӯзе, ки маро дуздида буданд, бо автомат ба сарам заданд. Телефонамро кашида гирифтанд, чизҳоямро низ, бисёр азобам доданд."

Хабари озодии Гулрухсор Рофиева ва вокунишҳо ба он.

Озодӣ: Дуруст аст, ки ҳамон саҳарӣ Шумо интизори автобус нашуда, пиёда рафтед. Аслан чӣ хел шуд, ки Шуморо дуздиданд?

Гулрухсор Рофиева: "Мо ҳар саҳар пойи пиёда мерафтем. Он рӯз то бемористон панҷ дақиқа роҳ монда буд, пеши масҷид расида будам, ки як мошин истоду шаш нафар баромада, маро ба мошин тела карданд. Доду вой кардаму дари мошинро доштам, дастонамро зада, кашола карда даруни мошин дароварданду бо автомат ба сарам заданд. Ман беҳуш шудам. Ба ҳуш омадам, ки соати ҳафтуним маро бурданд, он ҷо соатро дидам, ки яки нимрӯз буд. Доду фарёд задам, гиря кардам. Маро заданд ва гуфтанд, агар ин хел дод гӯям, мекушанд."

Озодӣ: Нафаҳмидед, ки чаро маҳз Шуморо доштанд?

Гулрухсор Рофиева: Онҳо фикр кардаанд, ки ман табибам, духтурам. Ман аз ҳамон хона баромадам ва ҳамаи мо пойи пиёда меравем. Онҳо хаёл кардаанд, ки ман духтур. Мегуфтанд, пули калон мегирӣ, панҷ ҳазор доллар маош мегирӣ. Ман мегуфтам, ман парасторам, духтур нестам, ин қадар пул ҳам намегирам, не, мегуфтанд ва маро мезаданд.

Озодӣ: Дар байни онҳо ягон нафаре ҳам буд, ки бо Шумо нағз муносибат карда бошад?

Гулрухсор Рофиева: "Бале, занҳо муносибати хуб доштанд. Гиря мекардам, баробари ман гиря мекарданд. Бачаҳои онҳоро медидаму бачаҳои худам ба ёдам меомад, мегиристам. Онҳо мегуфтанд, ҳеҷ кор карда наметавонанд, зеро мардҳо ҳама чиро ҳал мекунанд, ин кори онҳост. Ман гуфтам, бароям як телефон диҳед, як бор занг занам. Не мегуфтанд, метарсиданд. Мегуфтанд, аз рӯйи телефони ту ҳавопаймои Америка ҷойи туро мефаҳмаду омада туро мебарад."

Озодӣ: Нақшаҳоятон чист?

Гулрухсор Рофиева: "Маро дар рӯзи охирини корам дуздиданд. Ман мебоист, ба Ватан бармегаштам. Билет доштам. Ба 1200 доллар билети ҳавопаймо харида будам. Мӯҳлати шиносномаам ҳам тамом шуда буд. Ҳама вақт зиқ будам, ки мӯҳлати шиносномаам ба охир расидааст, Яман маро баромадан намемонад. Бисёр дар ин бора ғам мехӯрдам. Ҳоло ширкат мегӯяд, ки барои бурдани ман чархбол мефиристанд ва маро аз Санъо ба ватан гсуел мекунанд."

Озодӣ: Панҷ сол дар Яман кор кардед?

Гулрухсор Рофиева: "Соли шашум буд. Рафтанӣ будам. Дар ин ҳама муддат ягон бор ягон чизи баде аз яманиҳо надидам. Вале акнун бас. Мехоҳам пеши бачаҳоям ва падару модарам бошам. Ҳамеша дар намозҳоям дуо мекардам, ки маро ба ватанам расон. Бигзор пеши бачаҳоям ва падару модарам мурам, на дар ғурбат."

XS
SM
MD
LG