Дар пайи сӯхтори бузурги шоми 8-уми октябр дар бозори масолеҳи сохтмонии Маскав, маъруф бо номи "Синдика" беш аз се ҳазор нафар ба макони амн интиқол ёфт. Шоҳидон мегӯянд, сӯхтор якбора дар чанд гӯшаи ин бозор шурӯъ шуд.
Ба қавли онҳо, масоҳати сӯхтор 55 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Ин бозор дар масоҳати 150 ҳазор метри мураббаъ ташкил шудааст ва ҳоло тақрибан сеяки он ба коми оташ рафтааст.
Бахше аз боми бозор фурӯ рехт ва чархболҳо аз ҳаво болои бино об мепошиданд. Дар баъзе гузоришҳо тахмин шудааст, ки сӯхтор дар паркинги зеризаминӣ оғоз ёфт ва дар пайи он якчанд мошин таркиданд.
Хабаргузории "РИА Новости" аз зиён дидани ду нафар дар пайи ин сӯхтор хабар додааст. Шахсияти ин ду нафар, ки ҳоло дар беморхона бистарианд, маълум нест. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, зарари расида аз сухтор тибқи ҳисоби пешакӣ ба беш аз панҷ миллиард рубл мерасад.
Дар бораи талафоти ҷонӣ то кунун иттилое пахш нашудааст.
"Сулх" нагуед, "таслимшавии точик" бигуед. Шумо аз кадом дастовард мегуед?! 25 сол боз хуни точик дар зиндону Рашту Хатлону кунун дар Бадахшон чуйбор-чуйбор мерезад. Тули 30 сол аст, ки модари точик азодор аст, азои писари хунинкафану шавхари кушташудаи зораш. Сулх маънояш истибдод нест. Сулх маънояш рафохи як кабилаву уруг нест. Агар сулх бошад, пас чаро кишре аз чомеи Точикимтон овораву кисме зиндониву кисме сартир шуда истодаанд?! Лутфан, байни "сулх" ва "таслимшави" (капитуляция) 100000000 фарсах рох аст..!
Умедворам ки моро ҳам аз китоб бенасиб намемонед. Бо сипос! parvizrakhimzoda@gmail.com
Радиои Озодӣ аз шарма дига шарҳи мора пахш намекна, хахаха!!! Бо мо ак фикри хдмрна гуфта бдем, бо мо ак ба и радио бовар мекардем. АФСУС, Сад АФСУС!!!
Чунин гузаргоххоро дар дигар минтакахои марзй кушода тичоратро ривоч бояд дод.Аммо шарт гузоштан лозим ки савдо бо пули точикй сурат гирад.
Дар солҳои 1993,кадом аскар ки аз ҷанг сар мекашид,паронда ба дарё меандохтандшон.Худо иедонаду, мумкин ҳаминҳо ҳам саркаши кардаги бошанд.номаъдум,дузд яку,гумон ҳазор