Ин паҳлавони 26-солаи тоҷик, ки дар рӯзи охирини мусобиқа дар вазни +100 кило ҳунарнамоӣ кард, дар даври аввал озод буд. Темур дар даври дуюм бар ҳамсоли худ Галимҷон Крикбой аз Қазоқистон, ки се “шидо” гирифт, дастболо шуд.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони 21-солаи гурҷӣ Иракли Деметрашвилиро дар замони изофа бо баҳогузории “иппон” мағлуб карда, ба нимфинал баромад. Дар даври ниманиҳоӣ Темур бар паҳлвони 18-солаи Туркия Иброҳим Татароғлу бо ду “вазари” пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт.
Вале паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ аз рақиби 22-солааш Татсуру Саитои ҷопонӣ шикаст хӯрд. Бори панҷум аст, ки Темур Раҳимов аз ин рақиби худ ноком мешавад. Саито бо медали тилло, 5000 евро сарфароз гашт ва инчунин дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо 1000 имтиёз гирифт.
Ба Темур Раҳимов барои ҷойи дуюм медали нуқра, 3000 евро тақдим гардид ва инчунин ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби 700 имтиёз шуд. Ҳамакнун Раҳимов бо 6790 имтиёз дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо дар вазни +100 кг ба зинаи аввал мебарояд.
Инал Тасоев аз Русия бо 6400 имтиёз дар мақоми дуюм қарор мегирад. Татсуру Саитои ҷопонӣ бо 5170 имтиёз якбора панҷ зина боло шуда, мақоми сеюмро касб мекунад. Тедди Ринери фаронсавӣ бо 5000 имтиёз як зина поён (чаҳорум) мешавад.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 450 варзишгар (235 мард ва 215 зан) аз 84 кишвари 5 қора иштирок карданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ғайр аз Темур Раҳимов, чаҳор варзишгари дигар – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дохил буданд. Аз байни онҳо танҳо Раҳимов тавонист медал бигирад.
Паҳлавони 22-солаи тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило дар даври аввал ба Сергей Богословскихи 23-солаи русиягӣ аз дастаи бетараф (AIN) дастболо шуд. Аммо Қувватов дар даври дуюм аз Андреа Карлинои 27-солаи итолиёӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза маҳрум гашт.
Шодмон Ризоеви 22-сола дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Вай Михаил Иголникови 27-солаи русиягиро аз дастаи бетараф (AIN) шикаст дод, аммо дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Алекс Крети 22-сола аз Руминия бохт.
Комроншоҳ Устопирёни 31-сола, ки дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Эдуард Триппели 27-солаи олмонӣ мағлуб шуд.
Ҷаҳонгир Маҷидови 23-сола дар вазни то 100 кило дар даври аввал Аслей Гонзалези 34-соларо аз Руминия шикаст дод, аммо дар даври баъдӣ аз Даниел Эйчи 24-солаи швейтсарӣ ноком гашт.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардиданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд, ғолиб соҳиби 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700 имтиёз ва ҷойи сеюм 500 имтиёз гирифтанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 2 медали тилло ва 4 нишони биринҷӣ ғолиб шуд. Италияя бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва ду биринҷӣ ҷойи дуюм, Чин бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ зинаи сеюмро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон бо касби як медали нуқра дар зинаи 16-ум қарор гирифт.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи Grand Slam-и Қазоқистон:
Мардон
-60 кг
1. Рамазон АБДУЛЛОЕВ (AIN, Русия)
2. Юнг Вей ЯНГ (Тайпейи Чин)
3. Андреа КАРЛИНО (Италия)
3. Елдос СМЕТОВ (Қазоқистон)
-66 кг
1. Мурод ЧАПИНОВ (AIN, Русия)
2. Матео ПИРАС (Италия)
3. Луукас САХА (Финляндия)
3. Камаран СУЛАЙМОНОВ (Озарбойҷон)
-73 кг
1. Мануэл ЛОМБАРДО (Италия)
2. Даниил ЛАВРЕНТЕВ (AIN, Русия)
3. Бахитжан АБДУРАҲМОНОВ (Қазоқистон)
3. Маҳмадбек МАҲМАДБЕКОВ (AIN, Русия)
-81 кг
1. Шарафуддин БОЛТАБОЕВ (Узбекистон)
2. Тимо КАВЕЛИУС (Олмон)
3. Сотаро ФУҶИКАВА (Ҷопон)
3. Абулайхан ЖУБАНАЗАР (Қазоқистон)
-90 кг
1. Егор ВАРАПАЕВ (AIN, Русия)
2. Эдуард ТРИППЕЛ (Олмон)
3. Элҷон ҲОҶИЕВ (Озарбойҷон
3. Вугар ТОЛИБОВ (Озарбойҷон)
-100 кг
1. Аарон ВОЛФ (Ҷопон)
2. Даниел ЭЙЧ (Швейтсария)
3. Ҷорҷ ФОНСЕКА (Португалия)
3. Петер ПАЛЧИК (Исроил)
+100 кг
1. Татсуру САТО (Ҷопон)
2. Темур РАҲИМОВ (Тоҷикистон)
3. Ҷур СПИҶКЕРС (Нидерланд)
3. Иброҳим Татароғлу (Туркия)
Занон
-48 кг
1. Галина ТИНБАЕВА (Қазоқистон)
2. Сабина ГИЛЯЗОВА (AIN, Русия)
3. Турче БЕДЕР (Туркия)
3. Ширине БУКЛИ (Фаронса)
-52 кг
1. Сефен ПРИМО (Исроил)
2. Ларисса ПИМЕНТА (Бразилия)
3. Аюми ЛЕВА САНЧЕС (Испания)
3. Юджин ЖУ (Чин)
-57 кг
1. Криста ДЕГУЧИ (Канада)
2. Рафаэла СИЛВА (Бразилия)
3. Сара Лионе СИСИК (Фаронса)
3. Ҳарука ФУНАКАБО (Ҷопон)
-63 кг
1. Катарина КРИСТО (Хорватия)
2. Андреа ЛЕСКИ (Словакия)
3. Дена ПОХЛ (Олмон)
3. Минами АОНО (Ҷопон)
-70 кг
1. Тис ПИНА (Португалия)
2. Лара СВЕТКО (Хорватия)
3. Кати-Ҷемима ЕТС-БРАУН (Британияи Кабир)
3. Ким ПОЛЛИНГ (Италия)
-78 кг
1. Женжао МА (Чин)
2. Анна МОНТЕ ОЛЕК (Олмон)
3. Эмма РИД (Британияи Кабир)
3. Надежда ТАТАРЧЕНКО (AIN, Русия)
+78 кг
1. Романе ДИСКО (Фаронса)
2. Хин СУ(Чин)
3. Елис СТАРТСЕВА (AIN, Русия)
3. Акира СОНЕ (Ҷопон)