Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуноҳаш нобахшиданист..." Парвандаи марги Фирдавс аз нав таҳқиқ мешавад. ВИДЕО


Саҳнаи бархӯрди мошин ба Фирдавс дар камераҳои видеоӣ сабт шуд.
Саҳнаи бархӯрди мошин ба Фирдавс дар камераҳои видеоӣ сабт шуд.

Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи Саидмӯъмин Исломов, як муфаттиши собиқи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Кӯлобро, ки дар марги наврасе дар садамаи автомобилӣ гумонбар мешавад, ба таҳқиқи дубора фиристод. Ин таҳқиқро бояд додситонии вилояти Хатлон анҷом диҳад.

Баъди анҷоми баёнот Саидмӯъмин Исломов, боз шарм надошта ба мо мегӯяд, ки “ахир маро суд мекунанд

Дар паи таҳқиқи парванда нахуст аз ҷониби додситонии шаҳри Кӯлоб ва баъдан додситонии минтақаи Хатлон, сабаби рух додани садама “мушкили техникӣ” гуфта шуд ва моҳи июн ин парванда қатъ гардид. Марги Фирдавс Ҳалимов, сокини15-солаи Кӯлоб зери чархи мошини муфаттиш шаби 12 ба 13 феврали имсол дар наворҳои видео сабт шуда, боиси сарусадои зиёд дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Парванда зери назорати додситонии кулл гирифта шуд

Наврасе, ки баъди дарси мактаб пирожнифурӯшӣ мекард, бар асари ҷароҳати сангин дар бемористон ҷон дод. Як манбаъ дар додситонии вилояти Хатлон рӯзи 26-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду ҳафта қабл додситонии кулли Тоҷикистон натиҷаҳои санҷиши додситонии шаҳри Кӯлоб ва минтақаро бекор карда, таҳқиқи дубораи парвандаро тақозо ва ин масъулиятро ба дӯши додситонии вилояти Хатлон вогузор кард.

Парванда зери назорати додситонии кулли Тоҷикистон гирифта шудааст. Манбаи радиои Озодӣ, ки бо далели надоштани ҳақи сӯҳбат бо матбуот нахост исмаш нашр шавад, гуфт, дар чаҳорчӯби ин парванда қарор аст тарафҳо аз нав даъват шуда баёноташон гирифта шавад.

Фирдавс Ҳалимов баъди садама дар бемористон ҷон дод
Фирдавс Ҳалимов баъди садама дар бемористон ҷон дод

Ӯ гуфт: “Ҳоло боз аз сар ташхиси техникӣ таъин шуда, парванда аз сари нав дида баромада мешавад, зеро додситони кулл онро назорат дорад”.

Хонаводаи Фирдавс Ҳалимов низ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хабари бекор шудани натиҷаҳои парвандаи пешини Саидмӯъмин Исломов, муфаттиши Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Кӯлобро тасдиқ карда гуфтанд, ки онҳоро чанде пеш ба додситонии вилоят даъват шуда дар бораи ҳодиса аз нав баёнот доданд.

"Гуноҳаш нобахшиданист"

Абдулазиз Азизов, амакаи Фирдавс Ҳалимов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми ноябр гуфт, ки додситон ба онҳо ваъда дод, ки "ҳақро ба ҳақдор мерасонад". Абдулазиз Азизов гуфт: “Маро, модари худораҳматӣ (модари Фирдавс) ва Саидмӯъмин Исломовро ба додситонии вилоят даъват карда, аз субҳ то соати ёздаҳи шаб пурсиданд. Муфаттиш ба мо гуфт, ки “ӯро бояд намебахшидед, чун гуноҳаш нобахшиданист.

Муфаттиш баъди гирифтани баёнот гуфт, ки комиссия аз Душанбе омада, ҷои ҳодиса ва дигар ҷузъиёти ҳодисаро аз сари нав ташхис карда мебарояд. Баъди анҷоми баёнот Саидмӯъмин Исломов, боз шарм надошта ба мо мегӯяд, ки “ахир маро суд мекунанд”.

Аммо баъзе коршиносон мегӯянд, ки то Саидмӯъмин Исломов, капитани собиқи муфаттиши Бозрасии давлатии автомоблии шаҳри Кӯлоб ҷазо нагирад, онҳо бовар нахоҳанд кард, ки адолат тантана кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, агар дар ҷои Саидмӯъмин Исломов шахси дигар мешуд, кайҳо ӯро равонаи зиндон мекарданд.

Фирдавс Ҳалимови понздаҳсола, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 13-уми феврали имсол зери чархи мошини муфаттиши БДА монд ва баъди расидан ба бемористон ҷон дод. Лаҳзаҳои садама тариқи дурбинҳои назоратӣ сабт шуда, баъзе аз порчаҳои он чанд рӯз пас аз вуқӯи ҳодиса дастраси Радиои Озодӣ низ гардида буд.

Даҳҳо нафар зери чархи мошин кушта мешаванд

Ҳарчанд аз рӯзи аввали ҳодиса хабарнигори Радиои Озодӣ талош кард назари худи Саидмӯъмин Исломовро ҳам бигирад, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ омода нашуд бо намояндаи матбуот сӯҳбат кунад. Ин сеюмин садама бо иштироки мақомоти ҳифзи қонун дар минтақаи Кӯлоб дар як соли охир аст. Дар ҳодисаҳои гузашта, ки дар содир кардани онҳо муфатишони додситонии ноҳияи Ховалинг ва корманди БДА-и шаҳри Кӯлоб гумонбар мешаванд, чор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бархе сокинони маҳаллӣ ба ин бовар ҳастанд, ки афроди соҳибмансаб бо истифода аз мақому нуфузи худ ба нақзи қоидаҳои роҳ рафта, бо суръати баланд ҳаракат мекунанд ва дар паи фоҷеа ҳам зиёд азият намешаванд, чунки бовар дорад, ки “аз об хушк мебароянд”. Баъди интиқодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон, дар Тоҷикистон муҷозот барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ шадидтар шудааст. Мақомот чанд сол пеш бо ҷорӣ кардани низоми назорати видеоӣ дар роҳҳо тавассути системаи "Шаҳри бехатар" ҳаракати мошин ва роҳгузорҳоро зери назорат гирифтанд. Вале бо ин вуҷуд, шумори фоҷеаҳо дар кӯчаҳо кам нест.

Ба иттилои вазорати беҳдошт, дар даҳ моҳи соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз 1300 садамаи автомобилӣ сабт шуда, дар натиҷа 337 нафар кушта ва беш аз 1100 нафар маҳрӯҳ шуданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG