Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттиши гумонбар дар марги Фирдавс Ҳалимов "аз об хушк" баромад


Додситонии Кӯлоб Саидмӯъмин Исломов, муфаттиши Бозрасии давлатии автомоблии ин шаҳрро, ки гумонбари марги наврасе дар паи садамаи автомобилӣ дониста мешуд, бегуноҳ эълон кард. Ба гуфтаи додситонӣ, баъди ташхиси дубора низ Маркази ташхиси тиббӣ- додгоҳии вилояти Хатлон хулоса дод, ки "Саидмӯъмин Исломов имкони пешгирӣ аз садамаро надошт".

Фирдавс Ҳалимови понздаҳсола, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 13-уми феврали имсол зери чархи мошини муфаттиши БДА монд ва баъди расидан ба бемористон ҷон дод. Лаҳзаҳои садама тариқи дурбинҳои назоратӣ сабт шуда, баъзе аз порчаҳои он чанд рӯз пас вуқӯи ҳодиса дастраси Радиои Озодӣ низ гардида буд.

Дар чанд соли гузашта қазияҳои пурсарусадои зиёди садамаҳои маргбор дар ҷодаҳои Душанбе ҳам дар матбуоти мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ ва интиқод шудааст.

Раҳмоналӣ Имомзода, додситони шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 19-июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар робита ба ин қазия санҷиш гузаронида шуд ва як маротиба қарори Додситони шаҳри Кӯлоб аз сӯи Додситони минтақаи Кӯлоб бекор ва аз сари нав санҷишу ташхисӣ иловагӣ таъин карда шуда буд.

Имомзода афзуд, ки Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон хулоса дод, дар шароите, ки ин ҳодиса сурат гирифт, ронандаи автомобил имконияти пешгирии садамаро надоштааст. Ӯ мегӯяд, ки бинобар ин, дар асоси хулосаҳои ташхис, парвандаи ҷиноятӣ боз карда нашуд.

Дурбинҳои назоратӣ садамаи маркази Кӯлобро ба навор гирифтаанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:14 0:00

"Ташхиси автотехникӣ хулоса дод, ки дар шароити мавҷуда, аз самти муқобил ҳаракати мошинҳо бисёр будааст ва чашмонашро равшании мошинҳо задааст, аз ин рӯ имконияти пешгирии садамаро надоштааст. Ду ташхис таъин шуд, Маркази ташхиси автотехникии вилоят ва ташхиси комиссияи ҷумҳурӣ хулоса карданд, ки бо сабаби техника шудааст", - гуфт Раҳмоналӣ Имомзода. Додситонии минтақаи Кӯлоб дар ин нишасти хабарӣ гуфт, бо вуҷуди озод шудани Саидмӯъмин Исломов аз ҷавобгарӣ, ӯ аз кор дар мақомоти БДА ронда шуда ва ҳоло бекор мебошад.

Худи Исломов ин мавзӯъро ҳеҷ гоҳ ба матбуот шарҳ надода, дар як тамоси телефонии хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "мақомот ин қазияро месанҷанд. Ман дар ин бора чизе намегӯям".

То охир ба тантанаи адолат бовар доштем

Аммо хонаводаи Фирдавс Ҳалимов мегӯянд, то рӯзи эълони хулосаи ташхиси "автотехникӣ", ба тантанаи адолат бовар доштанд, ки муфаттиши БДА ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Азиз Азизов, амаки Фирдавс Ҳалимов, панҷшанбеи 19-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди қатъ шудани парвандааш, Саидмӯъмин Исломов мошинашро бурда, дар Душанбе фурӯхтааст. Азизов гуфт, ки баъди пурсупос дақиқ карданд, ки нафаре, ки хулосаи "авто-техникӣ" додааст, яке аз рафиқони Исломов будааст.

Фирдавс Ҳалимов.
Фирдавс Ҳалимов.

"Ҳамин нав мошинашро бурда дар Душанбе савдо кардааст. Ман баъди анҷоми ин ба додситонӣ рафтам ва гуфтам, ки гуноҳро дар гардани кӯдак назада бошанд, аммо хулоса мошинро гунаҳгор карданд. Мо баъди пурсупос огоҳ шудем, ки ҳамон нафаре, ки хулосаи автотехникӣ додааст, яке аз рафиқони наздикаш будааст. Мо бовар доштем, ки ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, аммо нашуд. Бародарам бошад аз ғами писараш дигар дар хонааш истода натавонист ва ба муҳоҷират рафт, то ғамашро берун кунад", - гуфт мусоҳиби мо.

"Аз об хушк баромад"?

Дар чанд соли гузашта қазияҳои пурсарусадои зиёди садамаҳои маргбор дар ҷодаҳои Душанбе ҳам дар матбуоти мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ ва интиқод шудааст. Аксар матбуоти мустақил аз "об хушк" баромадани омилони садамаҳои пурфоҷеаро фаъолона баррасӣ мекунанд.

Як намунаи барҷастаи чунин садама, шоми 9-уми октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳ (писари Амонулло Ҳукумов, раиси вақти ширкати давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”) рух дод, ки бо марги 3 нафар анҷомид. Инчунин, садамаи 10-уми сентябри соли 2016 бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, боис ба марги ду нафар шуд. Аксари чунин ҳодисаҳо бо пардохти ҷаримаву муҷозоти сабуки маъмурӣ анҷомидааст.

Шеваи ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистон яке аз масоили доимии мавриди интиқод дар забони мардум, мақомот ва матбуот аст. Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо -- ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ, надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG