Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаи ронандагӣ сахттар мешавад


Дар пайи афзоиши садамаҳои фалокатбори нақлиётӣ, ки даҳҳо нафарро дар роҳҳои Тоҷикистон қурбон кардаанд, ангушти ишора ба сӯи мактабҳои ронандагӣ баланд шудааст, ки шаҳрвандонро имтиҳон ва омодагии онҳоро барои идораи мошин тасдиқ мекунанд. Гуфта мешавад, ки дарёфти санади ронандагӣ аз роҳи ришвадиҳӣ аз сабабҳои аслии афзоиши садама дар Тоҷикистон аст.

Дар Тоҷикистон мақомоти сатҳи поён дар ҳоле вуҷуди мушкилро эътироф карда аз пайи ислоҳи он мешаванд, ки агар раиси ҷумҳур онҳоро интиқод кунад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 июл дар мулоқоте бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, ки аз

Ман ба як нафари миёнарав нусхаи шиноснома, 4 дона сурат ва 500 доллар додам. Баъди 7 рӯз ӯ шаҳодтаномаи омодаро ба ман дод. Ман намедонам, ки ӯ бо кӣ ва чӣ шева ин шаҳодатномаро ба даст овард

соли 2010 то имрӯз 10,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дод, ки 3300 хонадонро мотамдор, кӯдаконро ятим ва оилаҳоро бадбахт кард.

Президент Раҳмон аз мақомот талаб кард дар наздиктарин фурсат лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи қоидаҳои ронандагиро пешниҳод кунанд. Ишораи раисҷумҳур ба сахттар кардани ҷавобгарӣ барои ронандагӣ дар ҳолати мастӣ, бидуни санад ва ронандагии донишҷӯён буд, ки мошинсавор то донишгоҳ меоянд. Раиси ҷумҳур ҳамчунин аз фаъолияти мактабҳои ронандагӣ интиқод ва талаб кард, ки ҷараёни гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ бояд ҷиддан назарот шавад.

Кулли мактабҳои ронандагӣ санҷида мешаванд

Алидод Расулзода, роҳбари Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба думболи интиқоди президент тасмим гирифт, ки фаъолияти кулли мактабҳои ронандагиро аз санҷиш гузаронад. Дар Тоҷикистон 375 мактаби ронандагӣ фаъолият мекунад, ки бештарашон хусусианд.

Соли гузашта дар пайи санҷиш ҳудуди 80 мактаби ронандагӣ, ки ба гуфтаи мақомот, ба стандартҳои таълим ҷавобгӯ набуданд, аз муҷаввизи фаъолият маҳрум шуданд. Аммо он замон баъзе мактабҳо ин тасмимро аломати рақобати носолим ва арҷгузорӣ ба ширкати “Автосантал” унвон карданд, ки ба ширкати “Фароз” марбут аст. Ҳоло чанд мактаби хусусӣ, ки боқӣ мондааст, танҳо аз ҳаққи таълими назариявӣ бархурдоранд. Дарсу имтиҳони ронандагиро танҳо “Автосантал” мегузаронад.

Мақомот арҷгузорӣ ё имтиёз додан ба “Автосантал”-ро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин ширкат мактабҳояшро бо таҷҳизоти навини соҳа таъмин кардааст.

Акмал Додоҷонов, як масъули мактаби ронандагии “Автосантал” дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба интиқоди раисҷумҳур гуфт:

“То ҳол, шукр ягон нафар аз шогирдони мактаби мо ба садамаи автомобилӣ дучор нашудааст. Дар мактаби мо таълим хеле ҷиддӣ аст ва бо таҷҳизоти навин дарс мегузарем”.

"Хариду фурӯши шаҳодатномаҳо - дарди кӯҳна"

Мавзӯи хилофкориву ришватхорӣ дар раванди гирифтани шаҳодатномаҳои ронадагӣ дар Тоҷикистон солҳо боз вирди забонҳост. Ёқуби Саид, хабарнигори тоҷик 5 соли қабл дар ин робита як тадқиқоти журналистӣ барпо кард ва собит кард, ки чӣ гуна шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар кишвар хариду фурӯш мешаванд.

Вай гуфт, дар чаҳорчӯби ин таҳқиқоташ собит кард, ки аз роҳи хилофкорӣ ҳар кас метавонад дар фурсати як ҳафта соҳиби муҷаввиз шавад:

“Ман ба як нафари миёнарав нусхаи шиноснома, 4 дона сурат ва 500 доллар додам. Баъди 7 рӯз ӯ шаҳодтаномаи омодаро ба ман дод. Ман намедонам, ки ӯ бо кӣ ва чӣ шева ин шаҳодатномаро ба даст овард,” - мегӯяд Ёқуб Саид.

Хабарнигори тоҷик гуфт, ки пас аз нашри матлаби ӯ дар як нашрияи маҳаллӣ мақомот аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Аммо пас аз чанде парванда қатъ шуд ва касе ҷазо нагирифт.

Дар ду-се соли гузашта матбуот дар хабарҳои ҷудогона дар бораи боздошти раҳбарони мактабҳои ронандагӣ дар нуқоти мухталифи кишвар хабар дода навиштааст, ки дар ҳар ҳолат барои таҳияи муҷаввизи ронандагӣ аз 400 то 550 доллар пардохт шудааст. Ин шахсон барои гирифтани пора ва сӯиистифода аз мақом боздошт шудаанд.

Қоидаи ҳаракат дар роҳро ҳама бояд баробар иҷро кунанд

Коршиносон мегӯянд, ҳама гуна талош барои ислоҳи вазъ, аз ҷумла шадидтар шудани назорат аз риояи қоидаи бехатарӣ ба ҳангоми ҳаракат дар роҳ қобили дастгирист. Аксар ронандаҳо мегӯянд, ки баъди ҷорӣ шудани системаи назорати видеоии "Шаҳри бехатар" бисёр ронандаҳо ва пиёдагардҳо аз паёмади нақзи қонун андеша карданд.

Вале дар бархе ҳолатҳо хабари беҷазо мондани бархе вайронкунандагони қонун дар миёни мақомдорон ваё фарзандони онҳо, ки таваҷҷӯҳи матбуотро ҳам кашидааст, эътимоди мардуми оддиро ба иҷрои самимонаи қонун аз ҷониби ҳама аъзои ҷомеа коста мекунад. Аксарият мегӯянд, риояи қонун бояд на аз зинаҳои поёнӣ, балки болоӣ шурӯъ шавад, то ки ба дигарон ҳам дарси ибрат шавад, ки дар баробари қонун ҳама баробар мебошанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG