Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Fight Nights дар Тоҷикистон варзишгар меҷӯяд. ВИДЕО


Fight Nights ба Тоҷикистон омад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Созмони ҷаҳонии Fight Nights, ки бо ташкили муҳорибаҳои размӣ ва омехта дар ҷаҳон маъруф аст, дар Тоҷикистон варзишгар меҷӯяд. Комил Ҳоҷиев, раиси Fight Nights ​гуфт, ки қарор аст, моҳи феврали соли равон дар Душанбе барои нахустин бор муҳорибаи ин созмон баргузор гардад.

Ҳоҷиев дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд, "мо як шарики корӣ дорем, ки исмаш Ҷаббор Қурбонов аст. Вай дар гузашта бисёр талош кард, то варзишгарони тоҷик дар муҳорибаҳои омехта дар Русия иштирок кунанд. Мо муҳорибаи варзишгаронро дида, ба хулосае омадем, ки дар Тоҷикистон варзишгарони хуб кам нестанд ва аз ин хотир дар Тоҷикистон бо баргузории муҳориба варзишгарони навро меҷӯем."

Eurasia Fight Nights, ки бештар бо номи Fight Nights маъруф аст, яке аз бузургтарин ширкатҳои АвруОсиёиест, ки бо иштироки варзишгарони ҷаҳонӣ мусобиқа баргузор мекунад ва ба муштзанҳои маъруфе, ки аз номи ширкатҳои бузурги амрикоии UFC ва Bellator баромад мекунанд, хизмати менеҷментӣ мерасонад.

Фарҳод Раҳимзода, раиси Иттифоқи муҳорибаҳои размӣ ва омехта дар Тоҷикистон гуфт, баргузор кардани чунин як маърака барои варзишгарони тоҷик имконияти хубест. Ба қавли Раҳимзода, "сабти навори муҳорибаҳоро дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тамошо кунанд ва ин имкони беҳтарин аст, ки варзишгарони тоҷик худашонро нишон диҳанд."

Солеҳ Ҳасанов имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки бо ин ширкат шартнома дорад ва аз номи Тоҷикистон дар муҳорибаҳои ҷаҳонӣ баромад мекунад. Ӯ гуфт, ба наздикӣ дар шаҳри Махачқалъа муҳориба дорад ва аз ҳоло омодагӣ мебинад: "Баъд аз Махачқалъа дар Душанбе қувваозмоӣ карданӣ ҳастам. Шояд пас аз он соҳиби унвон дар Fight Nights гардам."

Қисмати зиёди мусобиқаҳои Fight Nights дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, аммо дафъаҳои ахир ин созмон талош дорад, ки муҳорибаҳои худро берун аз Русия баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG