Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи мунтахаби Русия бар Тоҷикистон


Мусобиқаи дӯстона миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия оид ба самбои размӣ ва муҳорибаи омехта бо пирӯзии меҳмонон ба анҷом расид.

Ин мусобиқа барои “Ҷоми Исмоили Сомонӣ” дар клуби VIP-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар рақобатҳо аз ҳар даста 11-нафарӣ ширкат доштанд.

Дар навъи самбои размӣ Хуршед Раҷабов дар вазни 65 кг бар рақибаш Рустам Талдиев ва Файз Тобатов (85 кг) бар Виталий Курлионка ғолиб омаданд.

Вале Аъзам Хокиров (70 кг) аз Адам Талдиев, Шоҳин Сафаров (75 кг) аз Вадим Кораблин, Олим Сафаров (80 кг) аз Александр Жуков мағлуб шуданд.

Дар муҳорибаҳои омехта (Mix-Fight) Баҳодур Раҷабов (65 кг) бар Ашот Пашян, Зуҳур Нурмаҳмадов (80 кг) бар Андрей Чабров ва
Фаррух Зарифов (85 кг) бар Сергей Вербитский ғолиб омаданд.

Ҷамшед Мавлонов (75 кг) аз Сергей Голяев ва Восеъ Юсуфов (75 кг) аз Сергей Бал мағлуб шуданд.

Баъди он ки ҳисоб баробар – 5:5 буд, ба майдон Ҷамшед Раҷабов ва Алберт Ахмедов омаданд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии варзишгари пуртаҷрибаи русиягӣ поён ёфт. Ӯ бо усули лат додани пой дастболо шуд ва ба дастааш пирӯзӣ овард.

Ҳамин тариқ, мусобиқаи дӯстонаи тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия бо ғалабаи русиягиҳо бо ҳисоби 6:5 ба охир расид.
XS
SM
MD
LG