Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён боз ҷаҳонпаҳлавон шуд


Комроншоҳи Устопириён-паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо байни наврасон медали тило ба даст овард.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон субҳи 16-уми октябр аз пойтахти Латвия–шаҳри Рига дар ин бора ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, дар сабқати ҷаҳонии самбо 337 гуштигири ҷавон( писарону духтарон) аз 24 кишвар ширкат доранд.

Вай афзуд: «Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ гуштигири ҷавон шомиланд. Дар ду рӯзи аввали мусобиқот ду варзишгари тоҷик аз медалҳо бенасиб монд ва як нафар соҳиби нишони тило гардид. Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тило мукофотонида шуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик бар се рақибаш аз Арманистон, Гурҷистон ва Белорус пирӯз гашт ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ Ивайло Иванови булғорро шикаст дод.»

Ҷои зикр аст, ки соли 2010 дар сабқати ҷаҳонӣ дар Гурҷистон низ Комроншоҳ бар Иванови булғор ғолиб омада, барои бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд.

Ин дафъа низ ба гуштигири булғор медали нуқра супурда шуд. Рустам Каримхонов ( Эстония) ва Дмитрий Лукшинский ( Белорус) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Комроншоҳ дар ойила паҳлавонон Устопировҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ба гуштин аз хурдсолӣ таҳти раҳбарии падар ва устодаш Усто Устопиров, мураббии варзидаи тоҷик, дар бошгоҳи варзишии «Ланглиф» шуғл варзида ва дар тӯли 3-4 соли ахир ба дастоварҳои бузург мушарраф шудааст. Вай аз ҷумла қаҳрамони дукарата ва барандаи медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонӣ байни наврасон ва қаҳрамони Осиё миёни навҷавонон мебошад.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, гуштигири ҷавони тоҷик Хушқадам Хисравов дар вазни 56 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Инчунин, Виталий Гонгало (Украина) бо медали биринҷӣ сарфароз шуд. Дар ин вазн Савва Каракизиди (Русия) ғолиб омад. Елеман Қосимбоеви қирғиз мақоми дувумро касб кард.
XS
SM
MD
LG