Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Келинро ба худкушӣ расондам” Эътирофи хушдомани Фариза


Аз Фаризаи Хӯҷаназар як фарзанди яксола нишона монд
Аз Фаризаи Хӯҷаназар як фарзанди яксола нишона монд

Зуҳро Ҷӯрабекова, сокини 63-солаи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ), дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ эътироф кардааст, ки Фаризаи Хӯҷаназар, арӯси 21-солааш баъди ҷанҷоли ӯ худкушӣ кард.

Даъвои хусурам, ки гуё ин ҳодиса куштор аст, асос надорад. Гуфтаҳои ӯ дар бораи гурусна будани духтараш низ дурӯғ аст

Додситонии ноҳияи Сангвор моҳи марти имсол Ҷӯрабековаро бо моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ба худкушӣ расондани келин айбдор кард. Ин модда аз 3 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Зан то анҷоми мурофиа дар “ҳабси хонагӣ” боқӣ мемонад ва ҳаққи берун рафтан аз маҳалли зистро надорад.

Додрас: Тафсилот нест

Рӯзи 31-уми май нахустин мурофиаи додгоҳии Зуҳро Ҷӯрабекова баргузор шуд. Дар Додгоҳи ноҳияи Сангвор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо вуҷуди эътирофи ин зан, ки пас аз ҷанҷоли ӯ келинаш худкушӣ кард, падари Фаризаи Хӯҷаназар эътироз кард ва мурофиа ба рӯзҳои дигар мавқуф гузошта шуд.

Муҳаммад Салимзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Сангвор, рӯзи 31-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонун ҷабрдида ҳаққи эътироз дорад ва аз ин рӯ, онҳо эътирозашро ба инобат гирифтанд. Ӯ гуфт, парванда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ дар ҳамин шакл ба дасти онҳо расидааст ва то анҷоми баррасии он дар додгоҳ дар ин бора тафсилот дода намешавад.

Фаризи Хӯҷаназар, акс аз бойгонии хонаводагӣ
Фаризи Хӯҷаназар, акс аз бойгонии хонаводагӣ

Падар: Ӯро куштаанд​

Хӯҷаназар Алиев, падари Фариза, иддао дорад, ки духтараш худкушӣ накардааст ва бо эҳтимоли зиёд ӯро куштаанд. Аммо мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ташхис худкушии Фаризаро собит кардааст.

Ҳикматулло Ҷӯрабеков, шавҳари Фариза ва писари Зуҳро Ҷӯрабекова, рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш ба ҷанҷоле, ки пас аз он ҳамсараш худкушӣ кард, эътироф намудааст. “Модарам гуфт, ки дар ҳақиқат ҳамон рӯз бо ӯ ҷанг кардааст. Дар насиби модарам агар ҳабс бошад, аз дасти мо чизе намеояд. Лекин даъвои хусурам, ки гуё куштор бошад, асос надорад. Гуфтаҳои ӯ дар бораи гурусна будани духтараш дурӯғ аст”, - афзуд ӯ.

Ин зан, ба гуфтаи пайвандон, ҷанҷолро эътироф кардааст, аммо латту кӯби келинашро комилан рад кардааст.

Талаб аз ВКД ва Додситонии кулл

Солона дар Тоҷикистон даҳҳо ҳодисаи худкушӣ сабт мешавад, вале мавридҳои каме итттифоқ меафтад, ки барои ба худкушӣ расондан касеро ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар сурати то ба додгоҳ рафтан низ гумонбарон ба ҳеҷ ваҷҳ даст доштани худ ба иттиҳоми “ба худкушӣ расонидан”-ро эътироф намекунанд.

Фаризаи Хӯҷаназар, сокини деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвор, ду сол пеш бо Ҳикматулло Ҷӯрабеков, сокини деҳаи Миёнадуи ин ноҳия издивоҷ кардааст.

Хӯҷаназар Алиев, падари Фариза, рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хушдомани духтари марҳумаш ба хотири ба ҷавобгарӣ накашидани писараш ин иттиҳомро ба дӯш гирифтааст. “Аввал инки ба худкушии духтарамон бовар надорем. Баъдан, агар худкушӣ ҳам бошад, бародари домодам ва хушдомани духтарам дар он даст доранд. Ҳозир ба хотири онки писарашро ба ҷавобгарӣ накашанд, ин зан худаш гуноҳро ба гардан гирифтааст. Розӣ нестам, ки ба ин шакл парванда баррасӣ шавад. Ба Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кул ариза навиштаам. Ба хулосаи тафтишот ва айби эълоншуда бовар надорам”, - гуфт Хӯҷаназар Алиев.

Ҷасадро баъди 5 рӯз аз хок​ берун оварданд

Ҷасади Фаризаи Хӯҷаназарро бегоҳи 11-уми феврали имсол аз оғилхонае дар хонаи шавҳар овехта ёфтанд ва рӯзи дигар бидуни ташхис ба хок супурда шуд. Вале пас аз эътирози падар, ки ба худкушии духтараш шубҳа дорад, 16-уми феврал ҷасад барои ташхис аз хок берун шуд.

Фаризаи Хӯҷаназар, сокини деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвор, ду сол пеш бо Ҳикматулло Ҷӯрабеков, сокини деҳаи Миёнадуи ин ноҳия издивоҷ кардааст. Аз ӯ писари яксола нишона мондааст. Пайвандони ин зан мегӯянд, ӯ дар хонаи шавҳараш зери хушунати хушдоман ва бародари ҳамсараш қарор дошт.

Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо зан худкушӣ ва ё қасди худкушӣ кардаанд ва ҳомиёни ҳуқуқи зан ва мақомот ҳам мегӯянд, зӯроварӣ дар хонавода яке аз сабабҳои аслии қасди ҷони худ кардани духтарон аст.

XS
SM
MD
LG