Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зафар Пиров: “Марги Раҷаббиро намехостам, балки гуфтам, харҷи тӯямро баргардонанд” ВИДЕО


Зафар Пиров ва Раҷаббӣ Хуршед моҳи майи имсол арӯсӣ карданд.
Зафар Пиров ва Раҷаббӣ Хуршед моҳи майи имсол арӯсӣ карданд.

Додситонии ноҳияи Восеъ алайҳи Зафар Пиров, шавҳари Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола, ки аз роҳи хӯрдани сирко худкушӣ кард, бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо дар додситонии ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло Зафар Пиров ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Зафар Пиров: “Марги Раҷаббиро намехостам”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Раҷаббӣ забонхат навишта буд?

Танҳо талаб карда будам, ки ҳақиқатро гӯяд. Яъне, ин корро бо ӯ кардааст?

Номи Зафар Пиров, сокини 24-солаи ноҳияи Восеъ, баъд аз марги Раҷаббӣ Хуршед расонаӣ гардид. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Раҷаббӣ Хуршед гӯё баъд аз чиҳил рӯзи баҳс дар бораи покдомании ӯ сирко хӯрда, 22-юми июн дар бемористони ноҳияи Восеъ ҷон дод. Дар як навори видеоӣ, ки бародари Раҷаббӣ дар шабакаи Ютуб нашр кардааст, худи бо онки ба сахтӣ гап мезад, гуфт, “дигар тоби бардоштани ин таънаҳоро надошт ва тасмим гирифт, ки бо хӯрдани сирко худкушӣ кунад”.

Зафар Пиров
Зафар Пиров

Зафар Пиров рӯзи 6-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин қазия худро гунаҳкор намедонад ва ба тафтиши мунсифона умед бастааст. “Танҳо талаб карда будам, ки ҳақиқатро гӯяд. Яъне, кӣ ин корро бо ӯ кардааст? Як забонхат навишта буд, ки розӣ ҳаст, ба болояш зани дигар гирам. Дар баёноташ гуфта буд, ки нодухтар аст. Баъд аз инки гуфтам, либосатро пӯш ба хонаатон мебарам, сирко хӯрда ва дар бемористон даргузашт”, - гуфт Пиров.

"Ҳамсарам бемории пӯст ҳам дошт"

Ин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, худкушии ҳамсараш ӯро низ дар ҳолати ногувор гузоштааст ва ҳоло азоби виҷдон мекашад. Вай гуфт, “ҳамсарам бемории пӯст низ дошт, аммо ба касе шикоят накардам. Аз ин ҳолат, ки ба миён омад, азоби виҷдон дорам. Ман марги ӯро намехостам, балки талош доштам, харҷи тӯямро баргардонанд. Дар рӯзи марги ҳамсарам низ ба мақомот баёнот дода будам.”

Фазила Мирзоева
Фазила Мирзоева

Зафар Пиров мегӯяд, ки ӯ барои маросими хонадоршавиаш дар маҷмуъ 22 ҳазор сомонӣ харҷ карда буд ва мехост, 13 ҳазор сомониашро хонаводаи Раҷаббӣ баргардонад. Ӯ, инчунин, гуфт, барои рафъи шубҳааш ду дафъа Раҷаббиро дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Душанбе низ ташхис кард. Ба қавли Зафар Пиров, ҳардуи ташхис низ ба наъфи ҳамсараш тамом шуданд, вале натавонистанд гумони ӯро дар бораи нодухтариаш рафъ намоянд.

Модари Раҷаббӣ: Духтарам дар пайи туҳмату хушунат худкушӣ кардааст

Хонаводаи Раҷаббӣ Хуршед ба ин иддаои Зафар Пиров бовар надоранд ва аз раиси ҷумҳур ва мақомоти дигари Тоҷикистон талаб доранд, ки қазияро ҷиддан муҳокима ва омили марги духтарашонро муҷозот кунанд. Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, гуфт, “духтарам покдоман буд ва ташхиси пеш аз никоҳ низ ин нуктаро тасдиқ кардааст. Вай дар натиҷаи тӯҳмат ва хушунати равониву ҷисмӣ даст ба худкушӣ даст задааст. Ба ӯ таҳдид кардаанд, ки ба касе ҳам чизе нагӯяд. Ду бор ба хабаргириаш рафта будам, ба ман чизе нагуфт. Шояд бовар дошт, ки зиндагиаш хуб мешавад. Духтарам танҳо пеш аз маргаш гуфт, ки ба ӯ тӯҳмат кардаанд.”

Раҷаббӣ Хуршед
Раҷаббӣ Хуршед

Раҷаббӣ Хуршед моҳи майи имсол тӯйи арӯсӣ дошт ва ба сифати келин ба хонадони Зафар Пиров, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, қадам гузошт. Арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳам ошно набуданд ва танҳо дар шаби арӯсӣ бо ҳам наздик шуданд. Баҳси бакорат низ аз ҳамин шаб маншаъ гирифтааст.

600 дархости ташхиси бакорат дар як сол

Дар ҳоле ки Раҷаббӣ Хуршед бар пояи қонунҳои Тоҷикистон қабл аз издивоҷ аз муоинаи пизишкон, бо шумули ташхиси бакорат, гузашта буд ва дар ин замина санад дошт, аммо домод ба покдомании арӯс шубҳа карда ва рӯзи дигар ӯро барои ташхис ба бемористони ноҳияи Восеъ ва сипас шаҳри Душанбе бурд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бакорат ё покдомании духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Чандин назарнависони вебсайти Радиои Озодӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар гузашта дар мавзӯи марбут ба бакорат навишта буданд, издивоҷ бо духтаронеро қабул доранд, ки касе ба ӯ даст нарасонда бошад. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2014 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббиву судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 кас муроҷиат кардаанд. Омори се соли ахир дар даст нест.

XS
SM
MD
LG