Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гугуш ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. АКСУ САДО


Додгоҳи инқилоби исломӣ Фоиқа Оташин, маъруф бо номи Гугуш, хонандаи шинохтаи Эронро дар ғайбаш ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин хабарро рӯзномаи “Ҳимоят”, нашрияи вобаста ба Додгоҳи Эрон, дар шумораи баҳманмоҳаш (январ-феврал) чоп кардааст.

Гугуш ба 16 соли зиндон маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Хонандаи маъруф Гугуш соли 1979 дар давраи инқилоби исломӣ дар хориҷ аз Эрон буд, вале баъдан бо хоҳиши худ ба Ҷумҳурии Исломӣ баргашту тӯли беш аз бист сол хомӯш монд. Дар соли 2000-ум Гугуш имкон ёфт Эронро тарк намуда, дар Ғарб маскун шавад.

Дар қатори Гугуш чанд тан аз эрониёни хориҷ аз кишвар, аз ҷумла рӯзноманигор Некоҳанг Кавсар ва блогнавис Марзия Ормин ба чаҳорсолӣ, аксбардор Торо Ийнонлу ба як сол, мудири шабакаи GEM TV Саид Каримиён ба шаш сол ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Амин Анварии Рустамӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ин ҳукмҳо дар шӯъбаи 28-уми Додгоҳи инқилоби исломӣ содир шуда, ин афрод ба фаъолиятҳои таблиғотӣ алайҳи низому амнияти миллии кишвар ва тавҳин ба бархе аз мақомҳои Эрон муттаҳам дониста шудаанд. Муҳаммад Сайфзода, вакили додгустарӣ дар Эрон, дар сӯҳбат бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, дар мавриди ҳукми ғоибона, раванди додгоҳии он ва собиқаи судури чунин аҳком дар Эрон сӯҳбат кард.

Ӯ гуфт, “вақте касе иқоматгоҳаш мушаххас нест, ниҳодҳои додрасӣ ҳукм содир мекунад ва ин ҳукм мунташир мешавад. Шахс дар ҳар куҷо, ки бошад ҳақ дорад, назарашро нисбат ба он баён дорад ва баъдан шикояти кассатсионӣ барад.” Сайфзода дар посух ба суоли инки ин афрод хориҷ аз Эрон зиндагӣ мекунанд ва раванди ҳуқуқие, ки боис ба судури ин ҳукм мешавад, оё мушкиле аз лиҳози ҳуқуқӣ доранд ё не? гуфт, “дифои машрӯъ ҳаққи шахс аст ва шахс метавонад, худаш дар додгоҳ иштирок кунад ва ё вакилашро бифиристад. Агар он огоҳӣ барои даъват мунташир шуда бошад, додгоҳ ташкил мешавад ва расидагӣ сурат мегирад ва ҳукм содир мекунад. Ва он ашхос агар хориҷ аз кишвар бошанд, мӯҳлати бештаре барои шикоят доранд.”

Муҳаммад Сайфзода дар бораи ҳукмҳои ғоибона барои фаъолони сиёсӣ ва маданӣ, ки солҳо дар хориҷ аз Эрон будаанд, гуфт, “замоне ки аввал додрас будам, ҳеҷ мавриди муттаҳами сиёсӣ ва ё муттаҳами матбуотро таъқиб накардем. Дар даврони ваколати худам ҳам ёд надорам мавриди ҳукми ғоибона дошта бошем.”

Ба гуфтаи Муҳаммад Сайфзода, агар ин афрод аз ҳукми додгоҳ шикоят накунанд ва ҳукми онҳо қатъӣ шавад, ҳар гоҳ шахсро пайдо кунанд, албатта, боздошт хоҳанд кард. Ин ҳуқуқдон ҳамзамон мегӯяд, ин амал аз лиҳози ҳуқуқӣ мушкиле надорад, аммо аз лиҳози сиёсӣ, “маълумот надорад ва намедонад”.

Муҳаммад Сайфзода дар мавриди ҳукми додгоҳ нисбат ба Фоиқа Оташин, маъруф ба Гугуш, ки оё фаъолиятҳои як ҳунарманд ва овозхон чӣ гуна метавонад ҷурм алайҳи амнияти миллӣ ва низом бошад, гуфт, иқдом алайҳи амнияти миллӣ аз иқдом алайҳи низом фарқ дорад. Ӯ гуфт, бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон тағйири низомро ҳам ҷоиз медонист. Бинобар ин, иқдом алайҳи амнияти миллӣ тибқи Қонуни асосӣ таъриф нашуда ва барои таблиғ алайҳи низом таъқиб шудани инҳо мушкили ҳуқуқӣ дорад.

Гугуш
Гугуш

Вай дар бораи ду рӯзноманигоре, ки ҳукми ғоибонаи додгоҳ нисбат ба онҳо содир шудааст, мегӯяд, тибқи моддаи 168-и Қонуни асосии Эрон, муҳокимаи муттаҳамони сиёсӣ бояд дар маҳкамаҳои умумӣ сурат бигирад ва онҳо битавонанд аз худашон дифоъ кунанд. Муҳаммад Сайфзода дар бораи ҳукмҳои ғоибона барои фаъолони сиёсӣ ва маданӣ ва рӯзноманигороне, ки солҳо дар хориҷ аз Эрон будаанд, гуфт, “замоне ки ман аввал додрас будам, ҳеҷ мавриди муттаҳами сиёсӣ ва ё муттаҳами матбуотро таъқиб накардем. Дар даврони ваколати худам ҳам ёд надорам мавриди ҳукми ғоибона дошта бошем.”

Хонандаи маъруф Гугуш соли 1979 дар давраи инқилоби исломӣ дар хориҷ аз Эрон буд, вале баъдан бо хоҳиши худ ба Ҷумҳурии Исломӣ баргашту тӯли беш аз бист сол хомӯш монд. Дар соли 2000-ум Гугуш имкон ёфт Эронро тарк намуда, дар Ғарб маскун шавад.

XS
SM
MD
LG