Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли хонаводагӣ дар Тоҷикистон 6 нафарро ба зиндон бурд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ.

Як ҷанҷоли оилавӣ боис шудааст, ки 6 узви ин хонаводаро додгоҳи ноҳияи Исмоиил Сомонӣ маҳкум ба зиндон кунад.

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе 6 узви ду хонаводаро, ки барои тақсими молу мулки як ҷуфти ҷудошуда, дар мазҳари ом ҷанҷолу занозанӣ ва “тартиботи ҷамъиятӣ”-ро вайрон кардаанд, яксолӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Бар асоси ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки ахиран содир шуд, зану шавҳари собиқ, модару писар ва як хоҳару ду бародар 1 солии умри худро дар зиндон сипарӣ мекунанд.

Ҷанҷоли байни ду хонавода барои тақсими молу мулки зану шавҳаре, ки аз ҳам ҷудо шудаанд, корро ба ин ҳад кашонда ва ба “мусибати” хонаводаи Ҳомидову Мансуровҳо аз ноҳияи Шоҳмансур мусибат зам кардааст. Ин ҳукм охири ҳафтаи гузашта ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид.

Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ омадааст, ки рӯзи 6-уми июни соли 2013 Хадича Ҳомидова модари Зӯҳрои талоқгирифта ҳамроҳ бо ду писар, худи Зӯҳро ва чанд хеши дигараш барои бурдани ҷиҳозу либос ба хонаи Масрур Мансуров -- домоди собиқаш омадааст. Баъди муроҷиат ба волидайни домод барои бурдани молу амволи духтараш, Улмас Мансурова, модари домод гуфтааст, ки писараш нест ва то омадани ӯ сабр кунанд, “зеро тақсимоти чизу чораашонро худи писараш ҳал мекунад.”

Аммо дар ин миён Тоҳирҷон Ҳомидов, бародари келини собиқи хонавода аз интизории зиёд ба ғазаб омада ва аъзои оилаи Масрур Мансуров, шавҳари собиқи хоҳарашро дашном медиҳад. Ҳамингуна ҷанҷоли лафзӣ ба ҷангу даъво мепечад ва дар занозанӣ аз ҳарду хонавода, аз ҷумла зану шавҳари собиқ Масрур Мансуров ва Зӯҳро Мансурова ширкат мекунанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, занозании гурӯҳии аъзои ду хонавода дар кӯчаи Чкалови Шоҳмансур ва дар пеши чашми мардум аз 20 то 30 дақиқа идома мекунад ва баъди мудохилаи мардуми атроф ва бо кабуду сиёҳ шудани чашму рӯи баъзе аз онҳо ба поён мерасад.

Маълум нест, ки кадом тараф аз ин моҷаро ба додгоҳ шикоят бурдааст, аммо додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ 6 нафар аз ширкатдорони занозаниро барои “авбошӣ, дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият содир мегардад”, ба муддати як сол нигаҳ доштан дар колонияи ислоҳии низоми умумӣ маҳкум кардааст.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, зимни баррасии парванда ҳолатҳои сабуккунанда ва инсофу адолату арзишҳои инсондӯстиро ба инобат гирифт ва ба аъзои ин хонаводаҳо ҷазои сабук таъйин кард, ки барои “пешгирии ҷиноят дар оянда” кофӣ аст.

Дар Тоҷикистон ҷанҷол ҳангоми тақсими молу мулки хонаводаҳои ҷавони аз ҳам пошида аҳёнан ба назар мерасад, вале кам шудааст, ки муноқиша дар пеши чашми мардум сурат бигирад ва “гунаҳкорон”-ро ба зиндон маҳкум кунанд. Соли гузашта дар кишвар тақрибан 8200 хонавода аз ҳам ҷудо шудаанд, ки назар ба соли 2012 бештар аст. Издивоҷҳои маҷбурӣ, фақру камбизоатӣ, носозгорӣ дар хонавода ва никоҳҳои барвақтиро аз сабабҳои аслии дер напоидани оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон медонанд.
XS
SM
MD
LG