Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашъамандии занон - фоҷеаи ба маротиб бузургтари як ҷомеа


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дилором, ҷавонзани 33-сола мегӯяд, духтари хурдияш, ки даҳсолааст, ӯро намешиносад ва духтари калонияш, ки 15 сол дорад, аз «чунин» модар ҳазар мекунад.

Дилором меафзояд, бо айби шавҳари нашъамандаш мӯътод шуд ва ҳарчанд ҳоло талош дорад, худро наҷот диҳад, умеди каме барояш боқӣ мондааст, чун гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ё СПИД ҳам ҳаст. Ин беморӣ ба бадани ӯ аз сӯзане гузашт, ки бо он ба раги худ ҳероин ворид мекард.

Акнун, пас аз 11 соли нашъамандӣ, дили ӯ ба духтаронаш месӯзад, ки аз навозиши модару падар маҳруманд, зеро падар бенишон шудаву модар, яъне ӯ, дар Маркази тиббии созмони «Раҳоӣ аз нашъамандӣ»хоб аст. Вай гуфт: «Ба назди шавҳарам дӯстони нашъамандаш меомаданд. Ман барои ин бо шавҳарам ҷанҷоли зиёд мекардам, аммо дар ҷавоб ӯ маро латукӯб мекард. Кор ба дараҷае расид, ки рӯзе шавҳарам чашидани ин маводро пешниҳод карду ман ҳам чашидам. Ба ман маъқул шуд ва ҳашт сол истеъмол кардам, баъдан ба ҳероин гузаштам. Ҳоло дар ҳамин марказ табобат мегирам, ба хона баргашта наметавонам, зеро аксари амволи хонаро дуздида, фурӯхтаам.»

Ба андешаи Дилором, ҳар шахсе, ки як бор ин маводро месанҷад, гирифтори он мешавад, зеро якбора тамоми мушкилоти худро фаромӯш мекунад ва зиндагӣ дигар барояш сахту душвор намудор намегардад: «Ҳар кас мушкили худро дорад. Нафаре бо хонаводааш муносибати хуб надорад, дуввуми бошад, дар рӯбарӯи мушкилоташ ноилоҷ аст. Як бор кифоя аст, ки баъдан як умр вобастаи он шавӣ.»

Бехудӣ ва беҳушие, ки аз истеъмоли ин мавод рӯй медиҳад, ба гуфтаи Дилоором, ки 11 сол мӯътоди он буд, ҳолати кӯтоҳмуддат аст ва баъдан шахс бо воқеияти ба маротиб мудҳиштару вазнинтар рӯбарӯ мегардад. Пизишкони Дилором, ки ба муолиҷаи нашъамандон машғуланд, мегӯянд, агар мӯътодии ҳар инсон ба сари худ як ваҳшат бошад, нашъамандии занон фоҷиаи ба маротиб бузургтар аст, чун ба фарзандону наздикон таъсири амиқ мегузорад.

Мунира номи рамзии як зани нашъаманди тоҷик аст. Ин мусоҳиби мо 28 сол дошта, мегӯяд, замоне як зани зебо ва хушсухан буд. Аммо ҳоло андоми лоғару рангипарида, хотираи ошуфтаву парешон ва саломатии бад дорад. Чаҳор соли охири умраш берангу беҳадаф ва танҳо бо талошҳои дарёфту истеъмоли маводи мухаддир гузаштааст. Вай гуфт, аввалин бор дар 24-солагӣ дар шабнишиние дар тақлид ба дӯстону дугонаҳояш маводи мухаддир истеъмол карда, аз он вақт гирифтори нашъамандӣ шудааст.

Мунира тавонист сари вақт ба ҳуш ояд ва аз роҳи бад баргардад, аммо хешу наздикон ва шиносҳояш худро аз ӯ канор мегиранд: «Мо шаш фарзанд будему аз падар замони хурдсолӣ ятим мондем, модарам бошад, моро дар танҳоӣ ба воя расонд. Албатта, ӯ танҳоӣ мекашид ва таъмину тарбияи мо барояш бисёр мушкил буд ва бечора шабурӯз кор мекард. Шояд ҳамин беназоратӣ ва танҳоӣ маро бо ин роҳ бурд. Вале ман медонам, ки кори ман хато буд, аммо дер фаҳмидам.»

Дар Тоҷикистон, бино бар иттилои Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, беш аз 7 ҳазор нафар расман мӯътоди маводи мухаддир шумурда мешаванд. Аз онҳо 200 нафарашон занонанд. Вале созмонҳои мустақил мегӯянд, дар асл ин омор ба маротиб бештар аст. Ин нукта ҳам зикр мешавад, ки бештари занони муътод аз тарси тағйир ёфтани муносибати атрофиён ва табъиз дар ҷомеа ба марказҳои зидди нашъмандӣ муроҷиат намекунанд. Бино бар иттилои расмӣ, 50 дарсади занони нашъаманд аз 18 то 34-солаанд ва мақомот мегӯянд, аксари онҳо аз фоҳишахонаҳои махфӣ ва марказҳои дилхушӣ ба бемористонҳои наркологӣ фиристода шудаанд.

Аммо Алишер Ташрифов, сардори шуъбаи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, 99 дарсади занони мӯътод, касоне ҳастанд, ки ҷойи кор надоранд ва ҳарчанд онҳо аз манбаъҳои муайяне маводи мухаддир, бештар ҳероин, дастрас мекардаанд, паҳнкунандаҳои чунин маводи марговарро пинҳон медоранд.

Мирзошариф Одинаев, муовини директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ мегӯяд, бояд ин омор дар пайи анҷоми як таҳқиқот дар ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ дақиқ карда шавад. Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, дар ҳоли ҳозир он заноне муътоди нашъамандӣ ҳастанд, ки дар шаҳр ба сар мебаранд ва онҳо занҳое ҳастанд, ба тиҷорати шаҳвонӣ машғуланд. Вай меафзояд: «Ҳамчунин он занҳое, ки дар Русияву Қазоқистон ва Украина муҳоҷир буданд ва онҳое ки аз шавҳарони худ ҷудо шудаанд ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.»

Барфимоҳ Ғаниева, раиси созмони ҷамъиятии “Хайрхоҳи замон” мегӯяд, теъдоди зиёди мардони тоҷик дар муҳоҷиратанд ва тамоми мушкилиҳо ба дӯши занон бор шуда, онҳоро осебпазир мекунад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, мақомоти Тоҷикистонро зарур аст барои пешгирӣ аз мӯътодии занону духтарон барои онҳо ҷойҳои кории бештар таъсис диҳад ва аз густариши муҳоҷирати мардон пешгирӣ намояд. Вай меафзояд: «Аз сӯи дигар? бояд ба таълими ибтидоии занон таваҷҷӯҳи бештар дода шавад, то онҳо ба чунин роҳ нараванд. Зеро тарбияву таълими хонаводагӣ низ барои пешгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб нақши муҳим дорад. Чун ман дидаам, занону духтаронеро, ки шароити хуби зиндагӣ надоштанд, аммо дониши хуб доштанд, ҳунареро омӯхта буданд ва ба хотири ҳалли мушкили худ ба ин кор даст назаданд.»

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон асосан ба корҳои таблиғотӣ ва маърифатӣ машғул аст, ки ташхиси таъсири он аз корҳои амалӣ нисбати ҳар зану духтар дида мушкилтар аст. Санамбӣ Эшонқулова, як масъули ин ниҳод мегӯяд: «Албатта, мо кумитаи занон ҳастем ва ҳамеша ба мушкили онҳо расидагӣ карда, дар ин самт низ корҳои зиёдеро рӯи даст дорем. Барои мисол, вохӯриҳои муштарак, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзиширо баргузор мекунем.»

Дар муқобили шумораи расмии мӯътодон, ки 7000 нафар эълон шудааст, созмонҳои ғайридавлатӣ адади 60 ҳазор нафарро дар миён гузошта, мегӯянд, 30 дарсади онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Аммо Мирзошариф Одинаев муовини директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ мегӯяд, ин адад шояд на бештар аз 35 ҳазор нафар бошад ва 7 ҳазор гирифтори нашъамандӣ онҳоеанд, ки расман ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳоли такя ба ин омор низ, коршиносон бар инанд, ки шумораи занони мӯътод дар кишвар аз 10 000 нафар кам нест.
XS
SM
MD
LG