Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роксароёни тоҷик: "Мо аз шаробу нашъамандӣ дурем"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Новобаста ба ҳаводорони кам ва мушкилоту имкониятҳои маҳдуд, теъдоди роксароёни ҷавон дар Тоҷикистон зиёд мешаванд.

Гурӯҳи Ал-Азиф дар Тоҷикистон дар равияи роки металликӣ, навъи роки вазнину сахтшунав, оҳанг иҷро ва дар миёни ҷавонони тоҷик тарзи ҳаёти солимро тарғиб мекунанд. Онҳо ин корро на танҳо тавасссути оҳангу мусиқӣ анҷом медиҳанд, балки талош кардаанд, то худ низ намуна бошанд.

Ҷек Рок, роҳбари гурӯҳи Ал-Азиф, мегӯяд, ба фарқ аз аксар мусиқинавозону роксароён, дар гурӯҳи онҳо ҳатто истифода аз нӯшокиҳои спиртӣ мамнӯъст: "Мо инчунин зидди нашъамандием ва ин мавод, тавре баъзеҳо фикр мекунанд, аслан сарчашмаи илҳомбахш нестанд. Ман бо мусиқанавозони зиёде ҳамкорӣ кардаам, ки аксарият дар ҳолати мастӣ рӯи саҳна омада, оҳанг иҷро мекарданд. Вале дар ин ҳолат онҳо баръакс кори худро хеле бад анҷом медоданд. Бинобар ин, дар назди ҳунармандони гурӯҳи худ ин шартро гузоштам, ки бояд аз ин ҳама рӯ гардонем ва дар ҳолатӣ ҳушёрӣ мусиқӣ эҷод кунем. Майхорагӣ ва нашъамандӣ сарнавиштҳои бисёриҳоро шикаставу оилаҳои зиёдеро вайрон кардааст. Мо ҳамеша дар баромадҳои худ инро ба мухлисони рок таъкид мекунем. Агар ҷавонон ин паёми моро дарк кунанд, хуб аст."

Гурӯҳи мазкур як соли қабл аз сӯи 3 ҷавони тоҷик таъсис ёфта ва онҳо ба фарқ аз дигар ҳунармандону овозхонони тоҷик, ғолибан бо занҷиру либосҳои чармӣ ва мӯйҳои дароз рӯи саҳна меоянд ва бо забонҳои русиву англисӣ роки вазнин месароянд. Ҷек Рок, роҳбари гурӯҳи роксароёни ҷавон Ал-Азиф, мегӯяд, ба ҷуз аз мавзӯъҳои сиёсӣ онҳо дар оҳангу эҷодиёти худ, дигар мавзӯъҳои доғи рӯз, аз ҷумла дур мондани ҷавонон аз таълиму тарбияро матраҳ мекунанд.

Ҷек Рок
Ҷек Рок
Аммо ба гуфтаи Ҷек, дар Тоҷикистон роксаро будан осон нест ва ин навъи мусиқӣ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯст: "Аввал ин ки мо саҳнаҳои хубу хос барои мусиқии рок ва мусиқии зинда надорем. Аз сӯи дигар мусиқии рок дар Тоҷикистон чандон маъруф нест ва роксаро наметавонад аз ин роҳ даромад ба даст орад. Фақат баъзан ба консертҳое, ки аз сӯи созмонҳои ҷаҳонӣ даъват мешавем, ҳақмузд пардохт мешавад. Бинобар ин, мушкил аст, вале агар ин навъи мусиқиро дӯст дорӣ, ту новобаста ба шароит ба он машғул мешавӣ. Ҳоло аксар мусиқинавозони рок дар баробари ин шуғл боз касбу кори аслии худро доранд ва барои пешбурди зиндагӣ кор мекунанд. Мо ғолибан баъд аз кор бегоҳ ба мусиқӣ машғул мешавем."

Дар баробари гурӯҳи роксарои Ал-Азиф ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 5 гурӯҳи дигаре ҳам ҳаст, ки дар равияҳои мухталифи рок фаъолият доранд. Оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов мегӯяд, агар роксароёни тоҷик роки асилро иҷро ва муаррифӣ кунанд, он ҳатман дар Тоҷикистон мухлисони худро пайдо хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳоло мушоҳида мешавад, ки ғолибан ҷавонону наврасон бо тақлиди шикаставу кӯр-кӯронаи русиву амрикоӣ машғуланд ва ба ин навъи мусиқӣ муносибати ҷиддӣ надоранд. "Рок як равияи жанри маъмулии мусиқӣ аст ва барои Тоҷикистон ҳам мусиқии бегона нест. Ин равия аз мусиқинавозон эҷодкорӣ ва истеъдоду фантазияи бойро талаб мекунад. Вале дар мо аксаран ҷавонону наврасон имрӯз ба ин навъи мусиқӣ рӯ оварда, студияҳои худро таъсис додаанд ва мусиқиҳои хориҷиро гирифта, такрор мекунанд, сурудро шикаста мехонанд",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Вале оҳангсоз Зураб Кокоев мегӯяд, майли ҷавонон ба рок ва роксароӣ ин як раванди муваққатист ва онҳо аз ин тариқ эҳсоси драйв мегиранд ва бо ҳамин роҳ норозигии худро нисбат ба мушкилоти ҷомеа баён месозанд. Дар ҳар сурат, ба қавли ин оҳангсоз, ба мусиқӣ рӯ овардани ҷавонон хуб аст, ки онҳоро аз ҷинояту амалҳои номатлуб дур месозад. Ӯ мегӯяд, "аз оне, ки оворагардӣ кардаву ба ҷиноят даст зананд, беҳтар аст, бо ин шакл норозигии худро нисбат ба ҷомеаву мушкилот баён доранд. Ин як равандӣ гузаранда аст. Онҳо шояд ҳеҷ гоҳ оҳангсоз нашаванд, аммо мусиқӣ ба онҳо имкон медиҳад, рушд кунанд. Мусиқӣ одамро меҳрубон ва дурандеш мекунад."

Кокоев аз Далер Назаров, ҳунармандони гурӯҳи "Авесто" ва "Парем" чун роксароёни ҳирфаӣ ном мебарад, ки оҳангҳои худро ғолибан дар равияи роки лирикӣ иҷро мекунанд. Аммо роксароёни гурӯҳи Ал-Азиф мегӯянд, онҳо мехоҳанд бо омезиши мусиқии миллии тоҷикӣ ва роки вазнин теъдоди алоқамандони тоҷики ин навъи рокро бештар кунанд.
XS
SM
MD
LG