Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирослав Ниёзов: Аз мақом рафтани ман фоҷеа нест. ВИДЕО


Мирослав Ниёзов

Вакилони парлумони Қирғизистон рӯзи 30 октябр Жаниш Рустенбековро ба вазифаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Рустенбеков, ки то имрӯз дар вазифаи сафири Қирғизистон дар Туркманистон кор кардааст, дар мақоми нав Мирослав Ниёзовро иваз хоҳад кард. Ин тағйирот ду ҳафта баъди он сурат мегирад, ки дар парлумон бархе депутатҳо аз кори Ниёзов танқид карда гуфтанд, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳодисаҳои зиёди марзӣ рух медиҳад, "вале чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон мо сафир надорем". Бархе вакилони мунаққид гуфтанд, ки мавқеи сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон "бояд шадидтар бошад".

Фикр мекунанд, ки бо Худо салому алейк мекунанд ё ба ришаш даст мезананд. Ин масоили хеле ҷиддӣ аст. Шоире гуфта: “ҳар як нозири ҷанг худро стратег мепиндорад”. Даргириҳои марзиро онҳо аз минбари порлумон назорат мекунанд. Агар ин қадар доно бошанду нерӯе дошта бошанд, биёянд ва талош кунанд аз ин даргириҳо пешгирӣ кунанд

Рустенбеков 69 сол дошта, солҳои мухталиф дар вазифаҳои раҳбарикунанда, аз ҷумла, вазири ҳолатҳои фавқулодда ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистон кор кардааст.

Радиои Озодӣ рӯзи 29 октябр бо худи Мирослав Ниёзов дар заминаи таҳаввулоти ахир мусоҳибаи видеоӣ анҷом дод ва назари ӯро ба ин ҳама интиқодҳо пурсид.

"Соли 2014 равобити Тоҷикистону Қирғизистон пуршиддат буд"

Радиои Озодӣ: Шумо хабарҳои ахири бархе аз расонаҳо дар бораи интиқоди вакилони порлумони Қирғизистон аз фаъолияти сафир дар робита ба вазъи ба амал омада дар марз бо вилояти Боткандро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Мирослав Ниёзов: Ман ба ин вазифа соли 2014 ва замоне таъйин шудам, ки даргириҳои қавмии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар авҷ буда, хатари ҷанг миёни ин ду кишвар воқеӣ буд. Он вақт сафири Қирғизистон аз Душанбе бозхонд ва марзҳо баста шуданд. Маҳз дар он шабу рӯз бо дастури президент Отамбоев ба ман муроҷиат карданд, ки ба Тоҷикистон ба унвони сафир биравам. Ба ман пешниҳоди кор дар Покистон карда буданд ва мехостам он ҷо биравам. Вале, чун вазъият хеле муташанниҷ буд, пешниҳоди навро наметавонистам сарфи назар кунам. Барои кор розӣ шудам, зеро дар солҳои 2002-2005 ҳам ман дар ин кишвар ба унвони сафир кор карда будам. Батадриҷ шиддати хатари низоъ паст мешуд.

Мирослав Ниёзов ба саволи Ниссо Расулова, хабарнигори Радиои Озодӣ посух медиҳад
Мирослав Ниёзов ба саволи Ниссо Расулова, хабарнигори Радиои Озодӣ посух медиҳад

Аллакай дар соли 2016 миқдори муноқишаҳои марзӣ то ҳадди аққал коҳиш ёфта, дар соли 2017 бошад чунин даргириҳои қобили таваҷҷӯҳ дар марз тақрибан вуҷуд надоштанд. Гап дар сари он аст, ки масоили баҳсталаби ҳудудӣ ҳамеша хатари низоъро дар пай доранд. Ин амр ногузир мебошад. Масоили марзӣ хеле печида ҳастанд. Ин муаммоест, ки ба ҳалли он танҳо инсон қодир аст. Яъне, нақши инсон дар субот ва низоъ дар марзи давлатӣ калидӣ мебошад. Феълан миёни Тоҷикистону Қирғизистон робитаҳои мутақобили судманду ҷадид роҳандозӣ шудааст, ки наҳваи ҳамкориҳои пурсамарро ба худ касб кардааст. Мо миқдори даргириҳо дар марзро ба ҳадди ниҳоӣ расонидем. Ҳарчанд аз байн бурдани комили онҳо ғайриимкон аст ва касе наметавонад дар ин замина замонате бидиҳад. Аммо ҳамгироии миёни инсонҳо ва деҳаҳо ҳатман зарур аст. Чунин раванд пайваста идома дорад. Ман ба Тоҷикистон замоне омадам, ки хатари ҷанг миёни ду кишвар хеле зиёд буд. Тибқи қонунҳои мо имкони фаъолият на бештар аз чаҳор сол вуҷуд дорад.

Сафири Қирғизистон: Шароити марз бо Тоҷикистонро бояд дуруст дарк кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

"Депутатҳои ҳамадон воқеиятро дарк намекунанд"

Мирослав Ниёзов

Мирослав Ҷумъабекович Ниёзов 67 сол дошта, соли 1974 донишгоҳи политехникии шаҳри Фрунзе (Бишкек)-ро хатм кардааст. Солҳои 1976-1991 дар вазифаҳои мухталифи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон кор карда, солҳои 1991-1996 муовини раиси ин кумита кор кардааст. Солҳои 1996-1997 муовини вазири амнияти миллии Қирғизистон буд. Солҳои 2001-2005 сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон буд. Солҳои 2005-2006 – иҷрокунандаи вазифаи дабири шӯрои амнияти ин кишвар буд. Соли 2014 дубора ба мақоми сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шуд.

Ман ин вазифаи худро дар шароите тарк мекунам, ки ду кишвар бо ҳам дар доираи қонун муомила мекунанд. Дар ин сатҳ ҳалли ҳар гуна мушкилот имконпазир аст. Дар мавриди марзҳо бояд таъкид кунам, ки ин масоилро бояд аъзои комиссияи байниҳукуматии муайянсозии хатти марзи давлатӣ ҳал кунанд. Чунин комиссия вуҷуд дорад. Аз ҷониби Тоҷикистон онро Азим Иброҳим ва аз тарафи Қирғизистон Ҷаниш Раззоқов раҳбарӣ мекунанд. Онҳо бояд дар ин замина талошҳои бештаре анҷом бидиҳанд. Ҳоло тахминан 520 километри марзи муштарак муайян карда шудааст ва бояд боз ҳудуди 400 километри дигари марз мушаххас карда шавад.

Дар робита ба изҳори назари вакилони порлумони мо бояд бигӯям, ки дар миёни депутатҳои мо нафароне кам нестанд, ки намехоҳанд ба умқи масъала нигоҳ кунанд. Намехоҳанд ҷиддияти ин мушкилро дарк кунанд. Фикр мекунанд, мақоми вакилӣ онҳоро «ҳамадон» мекунад, вале масъаларо дуруст дарк намекунанд. Ин бори аввал нест. Қаблан як вакили “аҷиб” пешниҳод карда буд, ки сафорати Қирғизистон аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд кӯч дода шавад. Гӯиё аз ин роҳ мешавад сафоратро ба марзҳои Қирғизистон наздик сохт. Яъне онҳо намехоҳанд масъаларо ба пуррагӣ дарк кунанд. Онҳо худро бисёр доно мепиндоранду мехоҳанд, ки мардум аз онҳо ибрат гиранд. Ин як зуҳуроти маъмулӣ дар Қирғизистон мебошад. Ман дар ин амр ҳеҷ як аҷоиботеро намебинам.

"Ба марз оянду аз низоъ ҷилавгирӣ кунанд"

Радиои Озодӣ: Бархе сиёсатмадорон дар Қирғизистон шуморо танқид карданд, ки бояд дар масоили марзӣ бо Тоҷикистон аз мавқеи сахттар кор бигиред?

Мирослав Ниёзов: Касе, ки чунин ҳарфҳоро мегӯяд, аз дарки масоил фарсахҳо дур аст. Ҳалли масоили марзӣ кори хеле нозук аст. Ин масъала аз як тараф ба масоили қавмии ҳарду ҷониб бастагӣ дорад. Ин вазъи бӯҳрониест, ки ба инфиҷор меоварад. Меъёрҳое ҳастанд, ки чӣ гуна амал кардан дар ин ҳолатҳоро пешбинӣ мекунанд. Дар ин замина интиқодоте зарур нест. Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ фаъолият дошта бошанд. Дар марз марзбонон ва маъмурони милитсияи ҳам тоҷику ҳам қирғиз фаъолияти хубе доранд. Мақомоти маҳаллӣ низ фаъолият доранд ва онҳо бояд барои ҷилавгирӣ аз даргириҳо иқдом бикунанд. Бори дигар такрор мекунам: ҳеҷ яке аз вакилони порлумон, ки доду фарёд мезананд, наметавонанд ба маҳалли даргирӣ омада, аз низоъ пешгирӣ кунанд. Онҳо наметавонанд ва ин корро анҷом ҳам намедиҳанд. Фикр мекунанд, ки бо Худо салому алейк мекунанд ё ба ришаш даст мезананд. Ин масоили хеле ҷиддӣ аст. Шоире гуфта: “ҳар як нозири ҷанг худро стратег мепиндорад”. Даргириҳои марзиро онҳо аз минбари порлумон назорат мекунанд. Агар ин қадар доно бошанду нерӯе дошта бошанд, биёянд ва талош кунанд аз ин даргириҳо пешгирӣ кунанд.

Дар фаъолияти сафирон поккорӣ ҷараён дорад

Радиои Озодӣ: Ахиран хабарҳои расонаҳо дар бораи интиқоди ВКХ Қирғизистон ба мо мерасанд. Зимни интиқоди фаъолияти сафирон аз фасодкорӣ низ гуфта мешавад. Шумо чунин арзёбиҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Мирослав Ниёзов: Ин як раванди поксозӣ аст. Дар бархе ҳолатҳо зиёдаравӣ мушоҳида мешавад, дар ҳолатҳои дигар воқеият бо далел гуфта мешавад. Мардум инро хуб дарк мекунанд. Бе ин гуна раванд ҷомеа пешрафте нахоҳад дошт. Яъне, ҷомеа бояд нерӯи поксозиро дошта бошад. Ман чунин равандро пуштибонӣ мекунам. Барои ҳар як ҷомеаи демократӣ интиқод ва ошкор сохтани камбудиҳо зуҳуроти маъмулӣ мебошад. Бар ин назарам, ки мо дар бораи демократия метавонем зиёд ҳарф занем, вале роҳи расидан ба демократия тӯлонӣ ва душвор аст. Ин раванд бо печидагиҳояш боз хеле вақт идома хоҳад дошт. Ин як раванди табиӣ аст ва ҳеҷ ангезаи тааҷҷубоваре надорад.

Радиои Озодӣ: Дар робита ба масоили марзӣ шояд кайҳост фурсати он расидааст, ки ин мавзӯъ амиқ таҳлилу баррасӣ шавад. Ҳар сари чанд вақт дар марз ҳодисае рух медиҳад. Сокинони ҳарду тараф аз мушкили дастрасӣ ба захираҳои обу чарогоҳҳо ва замину дигар масъалаҳо норизоият мекунанд. Вале ҳеҷ аломати он, ки ду ҷониб дар масъалаи таъин ва аломатгузории марз, бо назардошти манфиатҳои миллии худ, ба пешрафте даст ёфта бошанд, ба назар намерасад. Чаро чунин аст?

Дар давраи шӯравӣ ҳам ихтилофҳо вуҷуд дошт

Мирослав Ниёзов: Беназмиҳои вобаста ба замину об ва бетартибиҳои дастҷамъона дар гузашта низ рух медоданд. Ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ. Ман хеле хуб дар хотир дорам, ки ҳатто кор то гаравгонгирии афрод ҳам расидааст. Яъне, ин мушкил дар гузашта низ вуҷуд дошт. Аммо дар шароити ҷомеаи боз ин ҷароҳатҳо намоён шуданд. Гуфтаниам, ки мушкили замину об дар гузашта низ вуҷуд дошт. Мардуми ҳарду ҷониб ақли солим доранд. Онҳо танзими истифода аз манобеи об ва тақсими чарогоҳҳоро омӯхтанд. Вақте мақомот наметавонанд бо ҳам созиш кунанд, худи мардум ба ин кор қодир аст. Чунин ҳолатҳо зиёданд ва ҳатто дар шароити хеле душвор мардум роҳи ҳалли бӯҳрониро пайдо мекунанд. Дуруст аст, ки дар заминаи тақсими обу замин ё сохтмони биное даргириҳои наве метавонанд буруз кунад. Аммо дар муқоиса бо соли 2014 ҳоло пешрафтҳое дар пешгирии чунин ҳолатҳо мушоҳида мешавад. Яъне, ин ҷараён наҳваи маданиро касб кардааст. Мардум мехоҳанд миёни худ ин мушкилро оромона ҳаллу фасл кунанд ва чунин раванд дар минтақаҳои марзӣ мушоҳида мешавад. Агар дар хотир дошта бошед, то соли 2014 дар як сол чанд маротиба бетартибиҳову даргириҳои қавмӣ ва ҳатто хунрезӣ рух медод. Соли 2014 аз ҳарду ҷониб се нафар кушта ва 52 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Дар минтақаи марзии ду кишвар ду маҳалле вуҷуд дорад, ки муносибати сокинон бо ҳам хеле тезу тунд мебошанд. Ин ду маҳалли начандон бузурги аҳолинишин аст. Мо наметавонем бигӯем, ки дар тамоми марзи ду кишвар вазъият чунин аст.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол то куҷо ҳукуматҳои ду кишвар иродаи сиёсӣ доранд, ки ихтилофҳои марзиро ҳал кунанд?

Мирослав Ниёзов: Чунин талош вуҷуд дорад. Аммо ҳар як ҷониб манофеи худро дорад, ки ҳалли онҳо феълан ғайриимкон мебошад. Ман узви комиссияи аломатгузории хатти марзӣ нестам. Ба ин далел ҷузъиёти ин масъаларо намедонам. Ман ин мушкилро дар маҷмӯъ дарк мекунам. Аъзои комиссия ҷузъиёти ин мушкилро медонанд. Медонам, ки ҳарду ҷониб талош доранд ин мушкилро ҳал кунанд, аммо мухолифатҳои печидае вуҷуд доранд. Барои ҳалли ин мухолифатҳо донишу заковат ва омодагии ҳарду ҷониб зарур аст.

"Роҳи демократия ва озодӣ бисёр душвор"

Радиои Озодӣ: Дар панҷ-шаш соли ахир вазъият дар Тоҷикистон дигаргун шудааст. Ин кишварро барои маҳдудсозии озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ интиқод мекунанд. Мақомот бисёр вақт далел пеш меоранд, ки ин амр барои таъмини субот зарур аст. Шумо дар Қирғизистон дар вазифаи дабири Шӯрои амният кор кардает. Ба ин андеша розӣ ҳастед, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ ва инсонӣ дар шароити афзоиши тадобири амниятӣ бояд маҳдуд карда шаванд?

Мирослав Ниёзов: Ин ҳама масоил бо мавқеияти таърихии ҳар як кишвар бастагӣ дорад. Тоҷикистон ҷанги сангини шаҳрвандиро паси сар кардааст. Дуруст аст, ки оқибатҳои ин ҷанг то ҳол эҳсос мешаванд. Насли бузурги кишвар медонанд, ки он ҷанг на танҳо ҷони 150 ҳазор нафарро гирифт, балки хисороти азими маънавиву иқтисодӣ бар ҷой гузошт. Садҳо ҳазор шаҳрвандон водор шуданд кишварро тарк кунанд. Ба ин далел ҳоло Тоҷикистон дар як ҳолати марзӣ ё гузариш қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама - ҳифзи сулҳу субот мебошад. Шояд, ба ин хотир, дар баъзе ҳолатҳо зиёдаравӣ мушоҳида мешавад. Вале имрӯз кадоме муҳимтар аст – сулҳ ё демократия? Вақте зери мафҳуми демократия ҷиноятҳои зиёде сурат мегирад? Қирғизистон чунин вазъро аз сар гузаронид. Ҳар кишваре, ки роҳи демократияро интихоб мекунад, бо чунин ҳолат рӯбарӯ мешавад. Бемории камолот вуҷуд дорад ва он хеле дардовар аст ва маъмулан бо қурбониҳои инсонӣ ҳамроҳ аст. Ба ин далел расидан ба демократия ва озодӣ бисёр душвор мебошад.

Радио Озодӣ: Баъди тарки мақом чӣ кор карданӣ ҳастед?

Мирослав Ниёзов: Ин бори аввал нест, ки ман аз мақом меравам ва муҳим нест, ки ихтиёрӣ аст ё бо фармон. Дар 45-солагӣ ман ба нафақа баромадам ва он замон аллакай генерал будам. Ман бо хости худ мақоми дабири шӯрои амниятро тарк кардам. Барои ман ин фоҷеа ё ҳеҷ мушкиле нест. Ман нирӯву таҷрибаи кофӣ дорам, ки худро баъди рафтан аз мақом ҳам дар кори дигаре кашф кунам. Ман ҳатто дар бораи ин чизҳо фикр ҳам намекунам.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG