Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жогорку Кенеш иҷоза дод. 60 рӯз – бе сабтином дар Қирғизистон


Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков

Порлумони Қирғизистон созишномаеро ба тасвиб расонд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ медиҳад дар қаламрави ин кишвар то 60 рӯз бе сабтином дар ниҳодҳои давлатӣ иқомат кунанд.

  • Созишнома рӯзи 11-уми октябр аз тарафи вакилони Жогорку Кенеш дар қироати севум ва бо аксари раъй қабул шуд. То ҳол мӯҳлати будубоши бидуни сабтиноми шаҳрвандони Тоҷиикистон дар Қирғизистон ваё баръакс 5 шабонарӯзро ташкил медод.
Қариб ҳар сол пулису сарҳадбонҳо ба сари мо ҳозир мешуданд. Мегуфтанд, ки муҳлати будубош ба охир расидааст ва бояд маҳалро тарк кунем. Ҷарима ҳам карда буданд

Оҳи сабуки Собит

Аркаи Қирғизистон ва Хистеварзи Тоҷикистон дар тақрибан 15-километрии шарқи Хуҷанд ҷойгиранд. Ин ду деҳаро танҳо роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом аз якдигар ҷудо мекунад.

Сокинони ду тараф ба бозорҳои якдигар мераванд ва бо ҳам додугирифт мекунанд. Онҳо хабари тамдиди муҳлати будубоши бе сабтиномро дар Қирғизистон хуш қабул кардаанд.

Собит Нарзуллоев, як сокини деҳаи Хистеварз, рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта барои иқомати бе сабтином борҳо ҷарима шудааст. Ӯ гуфт, баъзан ҳамкорӣ бо ҳамсоягони қирғиз водор мекард, ки беш аз панҷ шабонарӯз дар деҳаи Қирғизистон бимонанд. Ҳоло ӯ оҳи сабук мекашад, ки тамдиди муҳлати будубош ин мушкилро дигар аз байн бурд.

  • "Ин хабарро дар бозор аз забони як рафиқи қирғизам шунида, хурсанд шудам. Тобистон ҳосили боғи зардолуи як дӯсти қирғизамро дар Арка мехарам ва ҳамроҳи хонавода барои ҷамъоварии он меравем. Қариб ҳар сол пулису сарҳадбонҳо ба сари мо ҳозир мешуданд, ки муҳлати будубошамон ба охир расидааст ва бояд маҳалро тарк кунем. Ҷарима ҳам карда буданд. Маҷбур будем чанд бор рафта оем. Акнун метавонем бемалол рафта, то ду моҳ кор кунем", - нақл кард ӯ.

Аз Суғд ба Бодканд чӣ мебаранду чӣ меоранд?

Созишнома дар бораи тартиби будубоши бидуни сабтином то 60 шабонарӯз миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон моҳи феврали имсол дар Душанбе аз тарафи раҳбарони ду кишвар ба имзо расида буд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ба навиштаи расонаҳои қирғиз, вакилони порлумони Қирғизистон зимни тасвиб гуфтаанд, ин созишнома равуои шаҳрвандони қирғизу тоҷикро ба хоки якдигар сабук мекунад ва шароити хуби будубоши онҳоро фароҳам меорад.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳои охир муносибати иқтисодиву тиҷоратиро густариш медиҳанд. Вилояти Суғд ба вилоятҳои Бодканду Уш маҳсулоти шириву гӯштӣ содирот мекунад. Аз Бодканд ба Хуҷанд ангишту масолеҳи сохтмонӣ ва ғизоӣ ворид мекунанд.

Қисме аз маҳсулоти воридотии Чин бо роҳи Қирғизистон ба Тоҷикистон меояд. Баъд аз шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукии таҳти назари Русия роҳи мошингарди Бодканд – Уш ба як ҷодаи аслии интиқоли меваи хушки Тоҷикистон ба Қазоқистону Русия табдил ёфт. Алоқамандӣ ба вусъати ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва аз ин нигоҳ муҳим будани сода шудани тартиби равуоро мақомоти минтақаҳои наздимарзии Бодканд низ таъкид мекунанд.

Майли Душанбеву Бишкек барои тақвияти ҳамкориҳо

Дар муқоиса бо Хуҷанд Бодканди Қирғизистон ҳанӯз аз нигоҳи иқтисодӣ чандон рушд надорад ва хостори ҳамкории мутақобилан судманд бо Суғд аст. Боймурод Бекмуродов, раиси ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳангоми суханронӣ дар нишасти иқтисодӣ дар Хуҷанд рӯзи 11-уми октябр гуфт, "вақте ҳамсояҳо рушд мекунанд, мо низ кӯшиш мекунем, ақиб намонем. Дар ноҳияи Лайлак минтақаи озоди иқтисодӣ боз карда, вале чандон пеш нарафтаем. Умед дорем, ки дӯстони тоҷики мо бо мо ҳамкорӣ ва барои пешрафтамон муосидат хоҳанд кард."

Неъматуллоҳи Мирсаид
Неъматуллоҳи Мирсаид

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари тоҷик, тамдиди будубоши сокинони Тоҷикистоно дар Қирғизистон ба муҳлати то 60 рӯз "як нишонаи майли Душанбеву Бишкек барои таҳкими муносибатҳо" номид. Ӯ гуфт, "ин барои ҳар ду тараф хеле муҳим мебошад. Чунки дар маҳалҳои наздисарҳадӣ то ҳанӯз байни сокинон муноқишаву баҳсҳо сари истифода аз обу замину роҳҳо сар мезананд, ки асоси он нобоварӣ ба якдигар аст."

Қирғизистон ягона кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аст, ки равуои шаҳрвандони тоҷик ба ин кишвар бе виза сурат мегирад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд ва то ба ҳол 504 километри онро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Қисмати таъйиннашудаи марз байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд аст, ки вуҷуди чандин анклавҳо, печидагӣ ва аз байни маҳалҳои аҳолинишин гузаштан муайян ва ҷудо кардани хати марзро мушкил гардонидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG