Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Порлумони Аврупо аҳзоби асосиро ғамгин кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Интихоботи вакилони Порлумони Аврупо нишон дод, ки манзараи сиёсӣ дар Иттиҳодияи Аврупо тағйир меёбад, чун аҳзоби аслии рости марказгаро ва чапи марказгаро нуфузи пешинаро аз даст медиҳанд ва аҳзоби тарафдори ҳифзи муҳити зист, рости ифротӣ ва тарафдорони соҳибкорӣ нуфузи бештар меёбанд.

Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ дар рӯзи 27-уми май дигар “эътилофи асосӣ” байни Ҳизби Мардумии Аврупо ва Ҳизби Сотсиал-Демократ, дигар аксарияти курсиҳоро дар даст нахоҳад дошт.

Бо вуҷуди онки нерӯҳои рости ифротӣ ва миллатгаро дар интихобот назар ба гузашта раъйи бештар ба даст овардаанд, аммо аҳзоби Сабз ва озодандеш, ки тарафдори тақвияти Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, сеяки курсиҳои порлумонро ба даст меоранд. Дар маҷмуъ аз 751 курсӣ 505 курсӣ ба дасти ин аҳзоб гузаштааст.

Аҳзоби озодандеш ва Сабз, ки тақрибан 100 курсии порлумонро ба даст оварданд, ба нерӯи қавитаре дар порлумон табдил ёфтанд ва зимни таъсиси ҳаргуна эътилоф эҳтиёҷ ба онҳо пайдо мешавад.

Натиҷаҳо метавонанд, умеди сиёсатмадорони миллатгарои ифротӣ ба мисли Мари Ли Пен аз Фаронса ва Маттео Салвини аз Итолиёро, ки мухолифи ҳамгироии Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, аз байн барад. Порлумони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Страссбурги Фаронса ҷойгир аст.

Аҳзоби Сабз ва тарафдорони ҳифзи муҳити зист бахусус дар кишварҳои бузурги Аврупо ба муввафақият ноил шудаанд. Аз ҷумла дар Олмон 20 дар сади курсиҳоро ин аҳзоб ба даст овардаанд, ки дар муқоиса ба интихоботи соли 2014 ду баробар зиёд аст.

Бо курсиҳои бештар дар порлумон, сиёсатмадорони аҳзоби Сабз соҳиби мавқеи қавитар мешаванд ва дар сурати эҳтиёҷ барои таъсиси эътилоф аҳзоби тарафдори Иттиҳодияи Аврупо маҷбур мешаванд, ба онҳо муроҷиат кунанд.

Яник Ядот, намояндаи Ҳизби Сабзи Фаронса, ки дар интихоботи кишвар пешсаф аст, бо ситоиш аз натиҷаҳои интихобот гуфт, “дар ин мавҷи сабз мо бозигарони аслӣ ҳастем.”

Раҳбарони Ҳизби Мардумии Аврупо ва Сотсиал-Демократ рӯзи 27-уми май гуфтанд, ки бо ҳеҷ кадоме аз аҳзоби мухолифи Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ намекунанд. Ҳарду ҳизб хоҳони ҳамкорӣ дар байни аҳзоби тарафдори тарафдори ҳамгироӣ дар иттиҳодия шуданд.

Манфред Вебер, аз Ҳизби Мардумии Аврупо шоми 26-уми май гуфт, “ҳар касе, ки хоҳони Иттиҳодияи Аврупои қавӣ аст, бояд ба нерӯҳои мо ҳамроҳ шавад”. Манфред Вебер гуфт, гурӯҳи ӯ бо “ҳар ҳизбе, ки ба ояндаи Иттиҳодияи Аврупо бовар надорад” ҳамкорӣ нахоҳад кард.

Аҳзоби мухолифи Иттиҳодияи Аврупо нуфуз меёбанд?

Дар Фаронса Ҳизби рости ифротии Мари Ли Пен, зоҳиран бештар аз ҳама раъй ба даст оварда ва ҳизби Эммануел Макрон раиси ҷумҳури кишварро ақиб задааст. Эммануэл Макрон тарафдори ҳамгироии Иттиҳодияи Аврупо аст. Бар асоси назарсанҷиҳои баъд аз интихобот, ҳизби Мари Ли Пен 24 дар сади раъйи мардуми Фаронсаро ба даст оварданд, эътилофи Макрон соҳиби 22. 5 дар сади орои мардум шудааст.

Мари Ли Пен аз Макрон хост, бо назардошти натиҷаҳои интихобот, порлумони Фаронсаро пароканда кунад ва интихоботи нав баргузор намояд. Аммо ҳукумат ин тақозоро билофосила рад кард. Айни замон таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳизби Ли Пен нуфузи пешинаашро аз даст медиҳад, чун назар ба интихоботи соли 2014 раъйи камтар ба даст овардааст.

Бино ба пешбиниҳо, ҳизби Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва шариконаш дар эътилофи чапи марказгаро ҳам назар ба гузашта раъйи камтар ба даст овардааст. Дар интихоботи Порлумони Аврупо ба истиснои Бритониё 51 дар сади мардум раъй додаанд, ки назар ба ҳар вақти гузашта бештар будааст.

XS
SM
MD
LG