Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо, ба Тоҷикистон меояд


Доналд Туск
Доналд Туск

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо, ҳафтаи оянда аз чанд кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

Шӯрои Аврупо дар баёнияи расмӣ гуфт, Туск сафарашро ба Осиёи Марказӣ рӯзи 30-юми май аз Тоҷикистон оғоз мекунад. Қарор аст, ӯ дар Душанбе бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Ҳамкориҳои дуҷониба, тағйири иқлим, ҳифзи марз ва амнияти минтақа аз мавзуъҳои суҳбат хоҳад буд.

Раиси Шӯрои Аврупо баъдан ба Қазоқистону Узбекистон меравад. Мулоқоти ӯ бо раисҷумҳури муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти нахустини он кишвар Нурсултон Назарбоев пешбинӣ шудааст. Вай дар Узбекистон бо президент Шавкат Мирзиёев дидор хоҳад кард.

Сафари раиси Шӯрои Аврупо дар минтақа то 2-юми июн идома мекунад. Туск дар ҳоле ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меояд, ки дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 15-уми май дар Брюссел ёддошти муштараки ин ниҳодро дар бораи стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ қабул карданд. Ин қадами ниҳоӣ дар остонаи қабули стратегияи “ИА ва ОМ: Имкониятҳои нав ба хотири ҳамкориҳои қавӣ” аст, ки интизор меравад моҳи июни имсол аз тарафи вазирони умури хориҷии эътилоф тасвиб ва моҳи июл дар мулоқоти раҳбари сиёсати хориҷии ИА Федерика Могеринӣ дар Бишкек муаррифӣ шавад.

Стратегияи нав бо ҳадафи мусоидат ба минтақа дар муқобила бо ҳама гуна зарбаҳои (иқтисодии) дохиливу хориҷӣ, риояи қонун ва ҳуқуқи башар, фароҳам овардани фазои озоди кор барои сохторҳои маданӣ ва матбуоти мустақил амалӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG