Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо "санади ҷудоӣ"- ро қабул кард


Тереза Мей ва Доналд Туск
Тереза Мей ва Доналд Туск

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ду санади асосӣ дар бораи хуруҷи Бритониё аз ин хонаводаро тасвиб карданд. Дар ин бора Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо, рӯзи 25-уми ноябр хабар дод. Ӯ дар ин бора баъди мулоқоти яксоатаи сарони 27 кишвари узв дар шаҳри Брюссел сухан гуфт.

Дайла Грибаускайте, раиси ҷумҳур Литва дар Твиттер навишт, , “Созиши Брекзит (хуруҷи Бритониё) тасвиб шуд, аммо раванди хуруҷ ба зудиҳо тамом намешавад.”

Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо созиши 585 саҳифаиеро тасвиб карданд, ки муқаррароти берун шудани Бритониёро таъйин кардааст. Ин кишвар бояд рӯзи 29-уми марти соли 2019 аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупо берун шавад. Санади дуввум, эъломияи сиёсии байни ду тараф дар бораи ҳадафҳои ягона ва ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё аст.

Созишро бояд порлумони Бритониё ҳам тасвиб кунад, вале аксарияти вакилони мардумӣ аз ҷумла аз Ҳизби муҳофизакори нахуствазири Бритониё Тереза Мей гуфтаанд, ки мухолифи созиш раъй медиҳанд.

Пеш аз нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо, Тереза Мей аз мардум хост, ки созиши ба дастовардаи ҳукуматашро тарафдорӣ кунанд. Вай дар як муроҷиатномае ба мардум гуфтааст, созиш “ояндаи дурахшонеро” барои Бритониё фароҳам мекунад ва тарки Иттиҳодияи Аврупо “фурсати навсозӣ ва оштӣ барои тамоми кишвар мешавад” .

Созиш бо Иттиҳодияи Аврупо баъди он тасвиб шуд, ки талаби Испания барои гуфтуҳо дар бораи ояндаи Гибралтарро қабул карданд. Педро Санчес, нахуствазири Испания гуфта буд, ки созиш бо Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб намекунад, то замоне, ки масъалаи тиҷорат бо қаламрави Гибралтар ҳал нашавад.

Баъди он ки Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё расман ва ба таври хаттӣ замонат додаанд, ки дар бораи Гибралтар дар оянда сӯҳбат мекунанд, ӯ рӯзи 24-уми ноябр ризоият додааст, ки созишро тасвиб хоҳад кард.

Ҳукумати Бритониё ба Шӯрои Аврупо навиштааст, ки баъди хуруҷи он, созишҳои тиҷоратии Иттиҳодияи Аврупо бо Бритониё якбора барои Гибралтар ҳам ҳукми қонун намегирад.

Бритониё қаламрави 6.7 километрии Гибралтарро, ки дар як гӯшаи нимҷазираи Иберия аст, 300 сол пеш дар як ҷанг бо Испания ишғол кард. Бритониё ҳоло онро қаламрави худ мешуморад ва дар онҷо пойгоҳи стротегии баҳрӣ дорад. Аҳолии Гибралтар 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аммо Испания мехоҳад, Бритониё бо мувофиқа бо Мадрид Гибралтарро мустақил эълон кунад. Ҳукумати Бритониё гуфтааст, ҳеҷ гоҳ дар бораи истиқлоли Гибралтар бо касе созиш намекунад, то замоне, ки ҳукумати инҷо худаш нахоҳад. Ҳеҷ як ҳизб ва ё гуруҳе дар Гибралтар тарафдори иттиҳод бо Испания нест.

XS
SM
MD
LG