Як назарсанҷӣ дар Бритониё нишон додааст, ки ҳоло 51 дар сади мардум тарафдори мондан дар Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд ва фақат 41 дар сад мехоҳанд, ватанашон аз иттиҳодия хориҷ шавад.
Назарсанҷиро муассисаи BMG дар байни 1400 нафар, ки рӯзҳои 5-ум то 8-уми декабр анҷом додааст ва натиҷаҳои онро рӯзномаи Индепендент рӯзи 16-уми декабр нашр кард.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло Тереза Мей, нахуствазири Бритониё шартҳои хуруҷи кишвараш аз Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунад. Қарор аст, Бритониё моҳи марти соли 2019 расман аз узвияти иттиҳодия хориҷ шавад.
“Индепендент” менависад, бори аввал аст, ки пас аз раъйпурсии умумии соли 2016, чунин теъдоди зиёди мардуми Бритониё бар хилофи раъйи он сол мехоҳанд, кишварашон дар Иттиҳодияи Аврупо бимонад. Дар раъйпурсии он сол 48 дар сад ба тарафдори мондан ва 52 дар сад тарафдори хориҷ шудани Бритониё раъй доданд.