Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон сафири худ ва 95 каси дигарро аз Лубнон берун бурдааст


Бейрут
Бейрут

Мақомоти Эрон сафири ин кишвар дар Лубнон ва 95 каси дигарро аз Бейрут берун бурдаанд. Ин афрод дар пайи таркиши дастгоҳҳои мухобиротӣ, бахусус пейҷерҳо ё паёмрасонҳо, дар Лубнон захмӣ шуданд.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 19-уми сентябр ба дидани сафир Муҷтабо Амонӣ ба бемористоне дар Теҳрон рафт.

Бар асари таркиши ҳазорон пейҷери мавриди истифодаи аъзои "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар рӯзи 17-уми сентябр дастикам 12 нафар кушта ва ҳудуди 2800 тан захмӣ шуда буданд.

Дар мавҷи дувуми таркишҳо дар рӯзи 18-уми сентябр 37 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ гардиданд.

Мақомҳои Лубнон инро кори дасти Исроил медонанд. Исроил аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ кардааст.

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" ҳампаймони муҳими Эрон дар минтақа дониста мешавад. Амрико онро дар феҳрасти созмонҳои террористӣ ҷо додааст.

XS
SM
MD
LG