Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Идлиб дар маркази таваҷҷӯҳи Путину Эрдуғон. САДО


Президентони Русия ва Туркия, ки дар ҷанги Сурия аз ҷонибҳои мухталиф пуштибонӣ мекунанд, қарор аст рӯзи 17 сентябр дар шаҳри Сочии воқеъ дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ бо ҳам гуфтугӯ кунанд.

Натиҷаи эҳтимолии ин музокирот метавонад роҳандозии амалиёти маҳдуди низомӣ ва ё ҳамлаҳои ҳадафмандона болои гурӯҳи “Ҳаёт таҳири шом” – як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида шавад, ки бовар меравад дар вилояти Идлиби Сурия аксариятро ташкил медиҳад

Мавзӯи гуфтугӯ – шурӯи даври ахири амалиёти ҳукумати Сурия дар қароргоҳи ниҳоии шӯришиён дар шимолу ғарби ин кишвар аст. Ин мулоқот даҳ рӯз баъди ҷаласаи президентони Русия, Туркия ва Эрон – Владимир Путин, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор мешавад. Музокироти Теҳрон натавонист пеши роҳи нақшаи шурӯи амалиёт дар вилояти Идлибро бигирад. Раҳбари Туркия таҳдид кард, ки ин амалиёт ба як “ҷанги хунин” табдил мешавад.

Маскаву Теҳрон дар давоми ҳафт соли ҷанг ба президенти Сурия Башор Асад кӯмаки ҳамаҷониба кардаанд ва дар оғоз - марти соли 2011 аз саркӯби эътирозгарон шурӯъ шуда буд. Зимни суханронӣ дар Берлин рӯзи 14 сентябр вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки агар лозим шавад, Маскав ҳадафҳои ҷангиёнро дар Идлиб бомбаборон мекунад, вале баробар бо ин барои фирори шаҳрвандони мулкӣ долонҳои амни гуманитариро боз хоҳад гузошт.

Нигаронии Туркия

Туркия дар шимоли Сурия аз гурӯҳҳои шӯришӣ пуштибонӣ мекунад ва нирӯҳои худро ҳам дар ин қаламрав ҷой додааст. Туркия аз он меҳаросад, ки амалиёти густардаи низомӣ бар зидди ҷангиён боиси ба хоки Туркия ҳаракат кардани мавҷи муҳоҷирон мешавад. Туркия мегӯяд, ки дар паи ҷангҳои солҳои охир 3 миллион муҳоҷири суриягӣ дар хоки ин кишвар паноҳ бурдаанд.

Дар ҳоле, ки дар ҷанги Сурия ҳар кишвар аз ҷонибҳои мухталиф пуштибонӣ мекунад, Туркия, Русия ва Эрон соли гузашта дар Остонаи Қазоқистон ба музокирот шурӯъ кардаанд, ки масоили марбут ба муҳорибаҳо дар майдони ҷанг, оташбас ва коҳиши қаламравҳои ҷангиро ба баррасӣ гирифтааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
Линки мустақим

Музокироти ҷудогона, ки масъалаҳои сиёсиро муҳокима мекунад, ба раҳбарии СММ дар шаҳри Женева ҷараён дорад. Натиҷаи эҳтимолии ин музокирот метавонад роҳандозии амалиёти маҳдуди низомӣ ва ё ҳамлаҳои ҳадафмандона болои гурӯҳи “Ҳаёт таҳрири шом” – як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида шавад, ки бовар меравад дар вилояти Идлиби Сурия аксариятро ташкил медиҳад. Дар ин бора Абдулваҳҳоб Осӣ, таҳлилгари Маркази мутолеоти сиёсии “Ҷасур” воқеъ дар Сурия дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс иттило дод.

Маскав метавонад бо шурӯи амалиёт розӣ шавад

Осӣ гуфт, ки шояд дар ин музокирот ҷонибҳо сари нав шудани хатҳои марзии қаламравҳои ҷангӣ ба хотири дур нигоҳ доштани шӯришиёни мусаллаҳ ба тавофуқ расанд. Ин таҳлилгари суриягӣ гуфт, ки Маскав метавонад бо ин нақша розӣ шавад. Дар ин сурат, шоҳроҳи Ҳалаб ба самти Димишқ ҳифз шуда, амалиёти ҳавоии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ки аз Идлиб ба пойгоҳи низомии Ҳмеймими Русия воқеъ дар вилояти Лозиқия анҷом мешавад, хотима меёбад.

Матин Гурчан, як таҳлилгари масоили низомӣ дар Туркия гуфт, ки адами созиш бо Анкара, Маскаву режими Сурияро маҷбур мекунад, ки амалиёти низомиро шурӯъ кунанд ва ин амалиёт моҳҳо идома мекунад.

СММ пешбинӣ кардааст, ки дар паи амалиёти Идлиб то 900 ҳазор сокини ин минтақа фирор мекунанд. Ин вилоят макони зисти 3 миллион нафар мебошад. Дар ҷараёни ҷанги ҳафтунимсолаи Сурия беш аз 400 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар беҷо шудаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG