Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Идлиб - дар меҳвари баррасиҳои Теҳрон


Президентони Русия, Туркия ва Эрон рӯзи 7 сентябр бо ҳадафи ташкили ҷаласа дар Теҳрон гирди ҳам меоянд. Ин нишастро бисёриҳо умеде барои ҷилавгирӣ аз ҷангҳои хушунатомез дар охирин пойгоҳи мухолифон дар Сурия арзёбӣ мекунанд.

Мо аз Русия, Туркия ва Эрон интизорем, ки ба як қарори барои сокинони мулкии Идлиб умедворкунанда мерасанд

Интизор меравад, ки се раҳбар созишномаеро имзо мекунанд, ки ба қавли СММ метавонад аз ҳуҷуми фоҷеабори нирӯҳои президенти Сурия Башор Асад барои зери назар даровардани вилояти Идлиб пешгирӣ кунад. Ин минтақа ҳаммарзи Туркия буда, дар он даҳҳо ҳазор ҷангиёни мусаллаҳ ва мухолифи режими Асад паноҳ бурдаанд. Дар миёни ин ҷангиҳо ҳудудан 10 ҳазор ҷангиҳои марбут Ал-Қоида ҳам қарор доранд. Идлиб макони зиндагии ҳудудан 3 миллион аҳолии мулкӣ мебошад, ки тахминан нисфи онҳо аз қаламравҳои дигари Сурия ба ин ҷо омадаанд.

Идлиб аз назари Русия, Эрон ва Туркия

Русияву Эрон ҳарду муттафиқи ҳукумати Сурия ба ҳисоб мераванд ва пирӯзӣ дар Идлибро ҳамчун қадами ниҳоӣ барои хатми ҷанги 7-солаи шаҳрвадии Сурия арзёбӣ мекунанд. То кунун дар ин ҷангҳо 400 ҳазор нафар қурбон ва миллионҳо нафар беҷо шудаааст.

Барои Сурия ва Русия Идлиб аз он назар ҳам аҳамияти стратегӣ дорад, ки бо вилояти Лозиқия – як вилояти пуштибони Асад ва ҳам макони ҷойгиршавии бузургтарин пойгоҳи ҳавоии Русия дар ин кишвар ҳаммарз мебошад.

Туркия бисёр гурӯҳҳои шӯриширо дар ин вилоят пуштибонӣ мекунад, вале дар ин охирҳо бо ҳамкоронаш дар заминаи поин бурдани мавқеи гурӯҳи “Ҳайати таҳрири Шом”, як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида вориди музокирот шудааст. Дар гузашта ин гурӯҳ бо номи “Ан-нусра” ҳамчун як созмони террористӣ шинохта мешуд.

Мақомоти рус гуфтаанд, ки чунин созмонҳои террористӣ бояд маҳв шаванд, вале айни замон мегӯянд, ки гурӯҳҳои ҷангиёни ифротгаро бояд аз дигар гурӯҳҳои шӯришие, ки аз онҳо Туркия пуштибонӣ мекунад, ҷудо карда шавад.

Дар ҳоле, ки Сурия ҳазорҳо нирӯро барои ҳуҷуми калон омода мекунад, Русия, ки аз соли 2015 ба нирӯҳои Сурия аз ҳаво кӯмак кардааст, ахиран бо унвони намоиши нирӯ 10 киштии ҷангӣ ва киштиҳои зериобиро ба соҳилҳои Сурия наздик кард.

Ғарб аз истифодаи силоҳи кимиёӣ ҳушдор дод

Давлатҳои ғарбӣ, ки ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ дар ҷанги Сурия ширкат накардаанду танҳо ҷангиёни курдро ҳамчун василаи мубориза бар зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” пуштибонӣ кардаанд, ҳоло ҳам аз ин таҳаввулот бештар назорат мекунанд.

Вале бо ин вуҷуд, ИМА, Фаронса ва Бритониё Башор Асадро аз истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Идлиб ҳушдор додаанд.

Русия ва Сурия нақшаи истифода аз силоҳҳоҳи кимиёиро рад кардаанд, вале мушовири вижаи ИМА барои Сурия Ҷим Ҷеффри рӯзи 6 сентябр ба хабарнигорон гуфт, ки барои исботи ин иттиҳом Амрико далелҳои зиёд дорад.

СММ ҳушдор додааст, ки ҳама гуна амалиёт дар Идлиб боиси маргу харобиҳо мешавад ва эҳтимолан ҳаҷми ин ҳама хисорот назар ба он чи ки то ҳол дар Сурия будааст, бештар шавад. Пешгӯӣ шудааст, ки 800 ҳазор мулкӣ дар ҷустуҷӯи сарпаноҳи амн ба Туркияи ҳамсоя бираванд. Туркия феълан макони зисти 3,5 миллион муҳоҷири ҷанг шудааст.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аллакай аз чунин паёмадҳо ҳушдор дода гуфтааст, ки дар ҷаласаи Теҳрон ин мавзӯъро матраҳ хоҳад кард.

Даъвати СММ ба эҷоди роҳҳали нармтари бӯҳрони Идлиб

Стаффан де Мистура, фиристодаи СММ дар як муроҷиати хусусиаш ба Эрдуғон ва президенти Русия Владимир Путин ин ду президентро ба ҳамкории наздик ва имзои созише ба хотири пайдо кардани роҳҳали нармтари бӯҳрон даъват кард.

Вай гуфт, “мо аз Русия, Туркия ва Эрон интизорем, ки ба як қарори барои сокинони мулкии Идлиб умедворкунанда мерасанд”. Вай гуфт, дар Идлиб назар ба террористон шумори кӯдакон бештар аст ва бояд фикри онҳоро кард.

Даъвати Де Мистура ба музокирот бештар ба Русия нигаронида шудааст, ки ҷониби хеле муҳим дар ин ҷараён ба ҳисоб меравад.

Ҷаласаи Теҳронро президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ раҳбарӣ мекунад. Дар ҷанги Сурия Эрон барои Башор Асад як нирӯи муҳими кӯмакрасон шуд. Ин бори сеюм аст, ки дар давоми як соли охир Туркия, Русия ва Эрон барои баррасии масъалаи Сурия ташкили ҷаласа мекунанд.

Мулоқоти гузаштаи онҳо боиси коҳиши хушунатҳо дар манотиқи дигари Сурия, аз ҷумла дар Идлиб шуд. Вале баъдан ҳамаи ин созишҳо рахна гардид ва артиши Сурия бо пуштибони русҳову эрониҳо манотиқи ҷангиро зери назорат дароварданд. Ҳоло интизор меравад, ки айни чунин шеваи амалиёт дар Идлиб ҳам такрор мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG