Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳии 24-уми июн дар интихоботи президентӣ ва порлумонии Туркия, ки имтиҳоне барои Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури кунунӣ ва мухолифонаш гуфта мешавад, ба поён расид.

Мақомоти Туркия гуфтанд, ки соати панҷи бегоҳ ба вақти он кишвар дари ҳамаи қитъаҳои раъйдиҳӣ баста шуд. Натиҷаҳои ибтидоии интихобот соатҳои наздик бояд эълон шавад. Ин натиҷаҳо ё ба қудрати Раҷаб Таййиб Эрдуғон хоҳад афзуд, ё роҳи мухолифонашро ба сӯи қудрат боз хоҳад кард.

Эрдуғон беш аз 15 сол боз дар мақоми нахуствазир ва раиси ҷумҳури Туркия фаъолият дорад. Дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи якшанбе ӯ аз қудрати густарда бархӯрдор хоҳад шуд.

Моҳи апрели соли 2017 бо ислоҳи Қонуни асосӣ дар Туркия салоҳиятҳои порлумонро кам ва аз раиси ҷумҳурро бештар карданд. Ин тағйирот пас аз интихоботи 24-уми июн ба иҷро медарояд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 24-уми июн ҳангоми раъйдиҳӣ дар яке аз қитъаҳои интихоботии Истанбул аз низоми президентӣ дар кишвараш ҳимоят кард ва гуфт, "Туркия як инқилоби демократиро пеш гирифтааст.”

Муҳаррам Инҷе
Муҳаррам Инҷе

Аммо пешбиниҳо нишон медиҳад, ки Ҳизби адолат ва рушд ба раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо рақобати душвор рӯ ба рӯ аст. Бар асоси назарсанҷиҳо, интихоботи Туркия эҳтимол ба даври дувум кашонда шавад. Даври дувуми интихобот 8-уми июл баргузор хоҳад шуд.

Муҳаррам Инҷеи 54-сола, раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ, дар гузашта омӯзгори фанни физика ва рақиби аслии Эрдуғон низ рӯзи якшанбе гуфт, "ман умедворам, ки натиҷаи интихобот ба нафъи мардум ва кишвари мо бишавад. Умедворам, ки беҳтарин иттифоқ биафтад."

Яке дигар аз рақибони саршиноси Эрдуғон дар интихобот, Салоҳиддин Димиртош – раҳбари зиндонии Ҳизби демократии халқҳои Туркия – буд. Димиртош бо иттиҳомҳои марбут ба терроризм зиндонӣ аст, вале худи ӯ иттиҳомҳоро рад мекунад.

Дар Туркия интихоботи президентиву парламентӣ оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:09 0:00

​Баъди кудетои нокоми июли соли 2016, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар кишвар вазъияти изтирорӣ ҷорӣ кард. Даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла журналистони мунтақиди давлат боздошт шуда, садҳо ҳазор коргари давлатӣ ҷои кори худро гум карданд.

Аксари онҳоро давлат дар пуштибонӣ аз Фатҳулло Гулен, як руҳонӣ ва сиёсатмадори собиқ, гунаҳкор кард, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад. Эрдуғон Гуленро дар ташкили кӯшиши кудето айбдор кард.

Эрдуғон ба ҳукуматҳои зиёд, аз Косово то Қирғизистон фишор овард, ки ҳама мактабҳои марбут ба Фатҳулло Гулен дар ин қаламравҳо баста шаванд.

Замоне Туркия барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо талоши зиёд кард, вале тамоми амалҳои ахири ӯ умедҳоро дар ин замина барбод дод. Худи Эрдуғон соли 2017 дар ин замина гуфта буд: “Ман ҳеҷ парво надорам, ки маро дар Ғарб диктатор мегӯянд ё чизи дигар. Аз як гӯшам даромада, аз дигараш мебарояд”.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки то соли 2014 се давра нахуствазир будааст, дигар ҳақ надорад ба ин мақом пешбарӣ шавад ва ба ҳамин хотир чаҳор сол пеш президент шуд.

Интихоботи Туркия дар шароите баргузор шуд, ки ин кишвар дар моҳҳои охир бо мушкилоте чун коҳиши бистдарсадии арзиши пули миллиаш рӯ ба рӯ шудааст.

Дар интихоботи президентии Туркия шаш номзад сабтином шуда буд. Аз 78 миллион аҳолии Туркия наздик ба шаст миллион аз ҳаққи раъй бархӯрдоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG