Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба панҷ низомӣ рутбаи генералӣ дод


Президент Эмомалӣ Раҳмон ба панҷ афсари Нерӯҳои марзбонӣ рутбаи генералӣ додааст. Фармони раиси ҷумҳур дар ин бора 24-уми май имзо шуда, Радиои Озодӣ 6-уми июн бо нусхаи он шинос шуд.

Бар асоси ин фармон, ин панҷ мақомдори Нерӯҳои марзбонӣ, ки то ин вақт рутбаи полковник доштанд, акнун генерал-майор шудаанд:

  • Хушвахт Кишваршо Султон - сардори раёсати иттилоотӣ-таҳлилии Қушунҳои сарҳадӣ
  • Насридинов Ҷаҳонгир Саидович - сардори раёсати истифодабарии воситаҳои махсуси Қушунҳои сарҳадӣ
  • Сабзаев Бахтиёр Маҳмадраҷабович - сардори раёсати разведкаи Қушунҳои сарҳадӣ
  • Мирзоев Саидшоҳ Давлатович - сардори раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
  • Мирзозода Абдулвоҳид Давлат - сардори раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Неруҳои марзбонии Тоҷикистон

Тақрибан ҳар сол ва бахусус дар идҳои расмӣ президент ба низомиён рутбаҳои баланд аз ҷумла генералӣ медиҳад.

Мавзӯи зиёд будани генералҳо дар Тоҷикистон қаблан баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Шумораи умумии генералҳо дар Тоҷикистон маълум нест.

XS
SM
MD
LG