Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони насаби 4 тоҷике, ки дар Эрон гаравгон афтода буданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чор шаҳрванди Тоҷикистонро аз дасти гаравгонгирҳо дар Эрон озод кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми август аз онҳо

  • Абдураҳмонов Х.
  • Бозоров А.
  • Назаров Ҳ.
  • Ғайратзода А.Н.

ном бурд.

Ба иттилои манбаъ, "гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ" ин афродро "бо баҳонаи гирифтани раводиди Амрико бо роҳҳои қаллобии интернетӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ бурда, дар Теҳрон бо ҳадафи ба даст овардани пули калон ба гарав гирифта буданд".

Мақомот санаи ба Эрон рафтани чор нафар ва чанд вақт гаравгон будани онҳоро нагуфтаанд. Назари хешовандонашон низ дастрас нест.

Алӣ Валипур Гударзӣ, раиси шуъбаи тафтишотии пулиси Теҳрон, рӯзи 15-уми август ба хабаргузории расмии ИРНА гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд аз кумаки "қочоқчиёни инсон" дар Эрон истифода кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон ният доштаанд ғайриқонунӣ вориди кишварҳои аврупоӣ шуда, ба Амрико муҳоҷират кунанд. Гударзӣ гуфт, дар ин ҳодиса панҷ нафар боздошт шуда, ду ҳамлагар дар ҷойи ҳодиса кушта шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ин ҳодиса аз шаҳрвандон хостааст, ба ҳар гуна эълону пешниҳодҳо дар бораи гирифтани виза ва сафар ба хориҷа бовар накунанд.

Дар ҳамин рӯз Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам дар эъломияе гуфтааст, таблиғоти ҷойи кор дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Бритониё бештар шудааст, вале “асоси воқеӣ надоранд”.

Ба сабаби набудани ҷойи кору маоши муносиб дар Тоҷикистон, ки яке аз мушкилҳои асосии ҳукумат дар сӣ соли охир аст, аҳолии қобили кор кӯшиш мекунанд ба ҳар роҳе худро ба Аврупо ва Амрико бирасонанд. Ин раванд баъди бештар аз як соли фишори афзоянда ба муҳоҷирон дар Русия бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG