Як гурӯҳи бузурги мусалмонони шаҳри Прага ва манотиқи атрофи пойтахти Ҷумҳурии Чех соати шаши субҳи 5 июл намози иди Фитрро дар маркази исломии воқеъ дар кӯчаи Пивоварнитска, ки ҳамчун “масҷиди туркӣ” маъруф аст, баргузор карданд. Имоми масҷид Садриддин, ки аз аҳли Туркия аст, дар мавъизаи идонааш имсол бештар рӯи савоби хайру садақа таъкид кард ва гуфт, дасти хайр дарҳои биҳиштро ба рӯи афроди сахӣ бозтар мекунад.
Дар намози ид дар “масҷиди туркӣ” ҳудуди 300 нафар ширкат карданд. Ҳарду қабати ин масҷид, ки дар толори собиқи бокс амал мекунад, пуропури намозгузорон шуда буд.
Аммо таъини рӯзи ид, чун дар боқии ҷаҳон, мусалмононро дар Ҷумҳурии Чех низ ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Пайравони маркази дигари исломии Прага, воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои “Черний мост”, ки бо номи “масҷиди арабҳо” маъруф аст, намози идро, ба мисли Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 6 июл барпо мекунанд.
Сабаби расман “маркази исломӣ” ёд шудани муассисаҳое, ки амалан дар Ҷумҳурии Чех ҳамчун масҷид фаъолият мекунанд, ин аст ки таъсиси масҷидҳои мусалмонӣ дар ин кишвар расман иҷозат дода намешавад ва аз ин рӯ, масҷидҳо таҳти номи “марказҳои исломӣ” фаъолият мекунанд. Нахустин чунин маркази исломӣ соли 1998 дар Брно – дуввумин шаҳри бузурги Чехия – боз шуда, соле баъд чунин масҷидҳо дар Прага ва баъдан дар Теплитсаву чанд шаҳри дигари Ҷумҳурии Чех таъсис ёфтанд.
Бо онки дини суннатии роиҷ дар Ҷумҳурии Чех масеҳият ба шумор меравад, бино ба нуфусшумории соли 2011, қариб нисфи аҳолии Чехия ба ягон дин эътиқод надоштаанд. Дар он нуфусшуморӣ 3348 нафар худро мусулмон гуфтаанд. Аммо ба ҳисоби марказҳои исломии фаъол дар Ҷумҳурии Чех, дар ин кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 27 000 мусалмон кору зиндагӣ мекунанд ва шумори аҳолии мусалмони Чехия асосан аз ҳисоби муҳоҷират аз кишварҳои мусалмоннишини Ховари Миёнаву Африқо пайваста меафзояд.
Дар солҳои охир муҳоҷирони корӣ аз Узбакистон низ ба як манбаи умдаи афзоиши мусулмонон дар Ҷумҳурии Чех табдил ёфтаанд. Шумори муҳоҷирони корӣ аз Узбакистон дар ин кишвари аврупоӣ беш аз 2000 нафар гуфта мешавад. Дар намози ид дар “масҷиди туркӣ” низ аксариятро аҳли Туркия ва Узбакистон ташкил медоданд.
Шумори андаке аз аҳолии маҳаллӣ низ ба Ислом гароидааст. Инҳо асосан занону духтаронеанд, ки ба арабҳо ё дигар ақвоми мусалмон шавҳар кардаанд ваё таҳти таъсири дӯстони худ ваё омӯзиши осори исломӣ ба Ислом рӯ овардаанд. Аз ҷумлаи даҳҳо чехе, ки ақидатан ба Ислом пайвастаанд, якеаш муовини имомхатиби масҷиди марказии Прага Владимир Санка аст, ки зодаи Чехия ва миллаташ ҳам чех аст ва баъди қабул кардани Ислом номи Умарро гирифтааст.
Нам ЧИНОВНИКАМ не нужен чтобы Вы были босаводами моба даркорай, ки шумо хамука бессавод бошен идора кардани шумо гарени осонай ! кати иди каду картошка пиёз мегарден хурсанди када !
Салом вакте кормандо чунин рафтор мекунан худи рохбари додситони иваз шавад аз Ухдааш намебарояд ин чоро банд накарда як марди окилу доно рохбари кули додситони шавад.Нафареро аз хусумати шахси бегунох суд кардан Имруз хама чинояткорон чияни додситони кул ва дигар макомотхои органи мебошанд як руз мухтарам Чаноби олли инхоро фахмида аз кор чавоб медихаду бад санчишашон мекунад ин хукуматро хурда буд кардан Мухтарам чаноби оли бовар карда мемонад содикона кор кунед Офтобро бо доман пушонида намешавад масалан хама кормандони пурокуратура дар васточни халма 3-4 таги катеж бардоштаанд ин аз кучост чабру ситам болои мардум.
Nomi aparat ast, Kandi Lula istehsol mekuna.
Вой ба холи ин миллати бечора наход кандил хамин кадар кимат бошад
агар комментарияхои мана оходи чоп мекарда барвакт озоди ба точикистон меомад ва ин хукумати диктатори бисер вакт пеш аз байн мерафт,аммо бадбахтии асоси он аст ки озоди чоп намекунад,зеро бо хукумати диктатори хамкори дорад!бадбахтии асосии инбадбахтихо дар он аст кт тамоми инсониятро макру фиреб пахш кардааст