Куммиссиюни интихоботи Миср натоиҷи ниҳоии райъпурсии тарҳи Қонуни асосии ин кишварро имрӯз эълон хоҳад кард. Аммо тавре ба назар мерасад, баъид аст, ки натоиҷи ин маърака ба мухолифатҳои давомдор дар ин кишвари арабӣ нуқтаи таммат гузоранд. Мухолифини дунявигарои Миср иддао доранд, ки райъпурсӣ бо тақаллуб гузашт. Вале исломгароҳо, ки зимоми қудрати Миср ҳоло дар дасти онҳост, мегӯянд, тарҳи Қонуни асосӣ дар ин назархоҳӣ аз ҷониби аксар пазируфта шудааст.
Ҷабҳаи наҷоти миллӣ, аз ташаккулҳои умдаи мухолифини Миср, рӯзи якшанбе гуфт, натоиҷи раъйпурсиро ба далели вуҷуди «тақаллуб ва тахаллуф»-е, ки ба натоиҷи ин маърака таъсир гузоштааст, ба чолиш хоҳад кашонд. Даври аввали райъпурсии тарҳи Қонуни асосии Миср 15 декабр дар 10 вилоят ва даври дувумаш 22 декабр дар 17 вилояти боқимондаи ин кишвар доир шуд.
Узви Ҷабҳаи наҷоти миллӣ Амр Ҳамзавӣ ба хабарнигорон гуфт, онҳо «аз куммиссиюни интихобот мехоҳанд, то ин тахаллуфотро ҳанӯз қабл аз эълони натиҷаҳо таҳқиқ кунад.» Ин сиёсатмадори либерал гуфт, тарҳи Қонуни асосӣ як заминаи собит барои ояндаи Мисрро фароҳам намекунад: «Мо ин Қонуни асосиро дастури қонунманд намешуморем. Он ҳуқуқи аслии моро, ҳам ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳам ҳуқуқи шаҳрвандиву шахсии моро поймол мекунад. Он манфиатҳои мо ва манфиати мардум дар амри бунёди ҷомиаи аз нигоҳи иҷтимоӣ одилона ва низоми демократиро зери по мекунад. Ва мо талошҳои худ барои лағви ин Қонуни асосӣ бо роҳҳои осоиштаву демократиро идома хоҳем дод.»
Дар изҳороти Ҷабҳаи миллӣ, ки дар нишасти хабарии ин ташаккул дар Қоҳира қироат шуд, ҳамчунин омадааст, ки “раъйпурсӣ поёни роҳ нест. Ин фақат як набард буд. Мо муборизаро барои мардуми Миср давом медиҳем.” Мухолифин маъракаеро пеш бурданд, ки мардум дар раъйпурсӣ ба тарҳи пешниҳодӣ райъи мухолиф диҳанд. Ба бовари онҳо, ин тарҳ ҳуқуқи ақалиятҳову занонро сарфи назар карда, ба фоидаи исломгароҳост.
Узви дигари Ҷабҳаи наҷоти миллӣ Ҳамдин Сабоҳӣ гуфт, онҳо ба мухолифати худ ба Қонуни асосии ҷадид ҳамчунон идома хоҳанд дод: «Мо тааҳҳуд кардаем, ки муборизаи муштараки осоишта ба хотири лағви ҳарчӣ зудтари ин Қонуни асосӣ тавассути шеваҳои қонуниро идома диҳем, чунки ин дастур барои мисриҳо арзише надорад.»
Баҳси тарҳи Қонуни асосӣ, ки қабл аз рафтанаш ба маърази райъпурсии саросарӣ аз сӯи як маҷлиси таҳти назорати исломгароҳо тасвиб шуда буд, ба мухолифатҳои давомдор дар Миср печид. Бо як фармон ба худ салоҳиятҳои фавқулодда додани раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Муҳаммад Мурсӣ, ки низ аз домани "Ихвонулмуслимин" бархоста, дар интихоботи моҳи июни соли ҷорӣ ба раёсат расид, ба оташи ин мухолифатҳо равғани бештар рехт. Дар задухӯрдҳо байни эътирозгарону пулис ва тарафдорони давлати феълӣ, ба ҳисоби Франс Пресс, танҳо дар Қоҳира дастикам 8 тан кушта ва беш аз 600 тан захмӣ шуданд.
Олмон нахустин кишвари ғарбӣ шуд, ки аз даъватҳо ба таҳқиқи натоиҷи райъпурсии тарҳи Қонуни асосии Миср ҳимоят кард. Вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелле гуфт, Қонуни асосии ҷадид «танҳо дар сурате метавонад пазируфта шавад, ки агар раванди тасвибаш ҷое барои шакку шубҳа надошта бошад.»
Хабаргузории давлатии Ал-Аҳром алакай аз «пирӯзии қотеъ» гузориш дода, аз ҷумла навишт, ки бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, аз тарҳи Қонуни асосӣ 64 дарсади интихобкунандагон пуштибонӣ кардаанд. Қаблан ҳизби ҳокими Ихвонулмуслимин низ бо нашри натиҷаҳои муқаддамотӣ дар бораи ҳимояти 64 фоизи мардум аз тарҳи Қонуни асосӣ хабар дод. Бино ба маълумоти нашршуда дар сомонаи "Ихвонулмуслимин", танҳо дар даври дувуми раъйпурсӣ, ки 22 декабр доир шуд, беш аз 70 дарсад ба тарҳи Қонуни асосӣ «ҳа» гуфтаанд.
Аммо аз 51 миллион нафари соҳиби ҳаққи райъ дар назархоҳии тарҳи Қонуни асосии Миср ҳамагӣ 32 дарсад ширкат кардаанд. Ба бовари мухолифин, чунин мизони ночизи ширкати мардум ба Мурсиву давлати ӯ ҳаққ намедиҳад, то аз машруият ва қонунмандии Қонуни асосии ҷадид чунин зиёд табл бизананд.