Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Миср эътирози мухолифон ба дастури Муҳаммад Мурсӣ дар мавриди афзоиши ихтиёроти раиси ҷумҳур, идома дорад.

Муҳаммад Ал-Бародаӣ, Дабири кулли пешини Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ва аз чеҳраҳои мухолифини Миср, рӯзи шанбе хоҳони лағви фармони Мурсӣ, раиси ҷумҳури он кишвар шуд. Оқои Ал- Бародаӣ гуфтааст, то вақте ки ин фармон бекор нашавад, гуфтугӯе бо Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср анҷом нахоҳад шуд.

Рӯзи панҷшанбе Муҳаммад Мурсӣ, бо судури як қароре салоҳиятҳои худро васеъ кард, ки аз ҷумла намегузорад, ҳеҷ як додгоҳе порлумони Мисрро пароканда кунад, ки айни замон ба таҳияи Қонуни Асосӣ машғул аст. Бар асоси фармони Муҳаммад Мурсӣ, ҳамчунин ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад, фармонҳои раиси ҷумҳур ва қонунҳои навро лағв кунад.

Чунин амалкарди Муҳаммад Мурсӣ рӯзи ҷумъа даҳҳо ҳазор нафарро ба кӯчаҳои Миср кашид, ки мегӯянд, ӯ роҳи диктатураро пеш гирифтааст. Аммо раиси ҷумҳуру тарафдоронаш мегӯянд, ки қарори мазкур ба хотири ҳифзи арзишҳои инқилоби соли гузашта аз тарафи афроди вафодор ба Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср аст. Ин иқдом Муҳаммад Мурсӣ бо мавҷи мухолифатҳо дар Миср ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст.

Дар ду рӯзи гузашта тазоҳуроти густурда дар майдони "Таҳрир"-и Қоҳира дар эътироз ба ин иқдоми Мурсӣ баргузор шуд ва дар дигар шаҳрҳои Миср ҳам ҳаракатҳои эътирозӣ оғоз шудааст.

Шӯрои Олии Адлияи Миср, раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсиро ба “ҳамлаи бесобиқа ба мустақилии додгоҳҳо” дар кишвар муттаҳам кард. Баёнияи расмии шӯро дар ин бора рӯзи шанбе нашр шуд. Ин Шӯро аз тамоми додситонҳо ва додгоҳҳо хостааст, то замони бекор кардани ин дастур, коршиканӣ намуда фаъолиятҳои худро ба таълиқ андозанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG