Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмадҳои эҳтимолии таҳримҳо алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, таҳримҳои Ғарб зидди Русия ба муҳоҷирони тоҷик низ зарба хоҳанд зад ва шумори зиёди онҳо ба ватан хоҳад баргашт.

Намояндагони вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, шиддати таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида Амрико метавонад бисёре аз коргоҳҳоро дар Русия варшикаста кунад ва теъдоди бештари муҳоҷирони тоҷик бинобар бекорӣ ба ватан баргарданд. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 25-уми июл, зимни нишасти хабарӣ гуфт, мақомоти кишвар тасмим доранд бо эҷоди ҷойҳои наву бештари корӣ дар дохили Тоҷикистон, таъсири ин таҳримҳоро ба иқтисоди кишвар коҳиш диҳанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Нуралиев, ба хотири он, ки муҳоҷирони бозгашта дар ватан шуғл пайдо кунанд, бунёди 299 корхонаи хурду миёна дар назар аст. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, «ҳанӯз дар аввали соли ҷорӣ вазорати молия ва ҳукумати кишвар дар ин замина таҳлилҳо анҷом дод ва мо дар ҷустуҷӯи роҳҳое шудем, ки таъсири манфии ин таҳримҳоро ба Тоҷикистон камтар кунад. Чун бештари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия фаъолият мебаранд ва ин вазъ моро наметавонад нигарон

Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

накунад. Аз ҷумла, раиси ҷумҳур дастур дод, ки барои тоҷирону сармоядорони дохилӣ шароит фароҳам шавад, то онҳо корхонаҳои нав боз кунанд ва бо ин васила муҳоҷироне, ки ба ватан бармегардад, барои худ ҷойҳои кор пайдо намоянд.»

Зимнан тибқи омори расмӣ дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 163 коргоҳи хурду миёна бо таъсиси 2875 ҷои корӣ ташкил шудааст, ки бештари ин корхонаҳо дар вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бунёд гардидаанд. Ҳамчунин дар ин давра бо ҷалби сармояи ватанӣ иловатан 48 корхона ва коргоҳҳои саноатии дорои технологияи муосир бо 613 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ҳамин ҳол Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати аз фаъол шудани сохтмонии нерӯгоҳи «Роғун» барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷойҳои иловагии корӣ низ пайдо хоҳад шуд.

Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия ва таъсири он ба муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳолест, ки омори расмӣ теъдоди онҳоро 800 ҳазор нафар ва аммо Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия беш аз як миллион рақам мезанад. Дар зимн, соли гузашта аз сӯи муҳоҷирони тоҷик беш аз 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки ин маблағ ниме аз маҷмӯи тавлиди нохолиси миллии кишварро ташкил медиҳад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Иқтисоддонони тоҷик мегӯянд, дар сурати ҳатто то 20 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағи муҳоҷирон ин зарба ба ҳукумат ва зиндагии мардум хоҳад буд. Аз сӯи дигар, ин таҳлилгарон ташкили корхонаҳои хурду миёнаро дар амри коҳиш додани раванди афзояндаи муҳоҷират ва таъсиси ҷойҳои корӣ чандон муваффақ арзёбӣ намекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, «масалан вазири пешинаи молия ба ҳангоми бӯҳрони иқтисодии солҳои 2008-2010 гуфта буд, ки мо дар ҳамин давра 120 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам овардем. Вақте боз ҳам аз ӯ мушххасан суол карданд, дар кадом корхонаҳои саноатӣ ва дар куҷо, забонаш лол монд ва гуфт, ки ин ҷойҳои корӣ дар соҳаи кишоварзӣ сохта шудаанд. Дар ҳоле, ки дар соҳаи кишоварзӣ чунин мафҳум вуҷуд надорад. Барои ҳамин бояд аниқ муайян кард, ки ин корхонаҳо дар кадом соҳаҳо аз кадом маблағ ва дар куҷо фаъолият хоҳанд кард. Дар он шакле, ки ҳоло гуфта мешавад, ин гапи хушку холӣ аст.»

Аммо Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, тибқи таҷриба дар Тоҷикистон қабл аз таъсиси корхонаҳо таҳлили маркетингӣ анҷом намешавад, ки дар натиҷа дар кӯтоҳмуддат ин коргоҳҳо аз фаъолият боз мемонанд.

Аз нигоҳи ҷаноби Бондаренко, чунин шеваи кор бештар хоси иқтисодҳои нақшавӣ аст, ки аксаран дар замони Шӯравӣ истифода мешуд, аммо дар иқтисоди бозаргонӣ ба кор бурдани он натиҷа намедиҳад. Ӯ мегӯяд, «агар фарз кардем ин 300 корхона ташкил шавад, ба эҳтимол танҳо 10 ҳазор нафарро метавонад бо ҷойи кор таъмин кунад, ҳоло он, ки шумораи муҳоҷирони мо бештар аз 1 миллион аст. Аз тарафи дигар, то куҷо ин корхонаҳо фаъолият хоҳанд кард, низ зери суол аст. Чунки аз садҳо

Константин Бондаренко
Константин Бондаренко

корхонаҳое, ки аз маблағгузории буҷа ташкил шудаанд, ҳоло шояд ҳамагӣ 50 дарсад фаъол бошанд. Ба назари ман, айни замон барои Тоҷикистон танҳо роҳи муассир, беҳтарин кардани фазои соҳибкорист. Ҳоло бубинед, ки муҳоҷирон асосан мабалғи худро барои истеъмол масраф мекунанд ва аммо тиҷорати хурдро ба роҳ намемонад. Зеро ҳоло шарту шароит барои ин кор вуҷуд надорад.Тарафи дигари масъала ин аст, ки дар Тоҷикистон мо бозори саҳмия надорем. Дар кишварҳое, ки бозори молиявӣ то андозае рушд кардааст, шумо метавонед на танҳо бизнеси хурдро ташкил кунед, балки имкони гирифтани саҳмияи ягон корхонаи пуриқтидорро доред, ки метавонад манбаи даромад бошад. Чун дар Тоҷикистон чунин имконият нест, пул ба осмон меравад.»

Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба пойин будани маош дар корхонаҳои тавлидотӣ, бархе аз коршиносон мегӯянд, таъсиси коргоҳҳои нав наметавонад ниёзи афроди мавриди ниёз ба кор, ба хусус муҳоҷирони кориро бароварда кунад. Зеро ба гуфтаи ин коршиносон, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия моҳона то 1 , 5 - 2 ҳазор доллар ва шояд аз он бештар маош мегиранд, ки баъид аст бо музди чанд баробар камтар дар коргоҳҳои ватанӣ кор кунанд.

Талоши ташкили коргоҳҳои нав ба манзури ҷилавгирӣ аз паёмадҳои таҳримоти кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия дар Тоҷикстон дар ҳолест, ки тибқи омори вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 247 корхона дар кишвар ба далели муфлис шудан ва ё мавсимӣ будан аз фаъолият бозмондаанд.

XS
SM
MD
LG