Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони рус: Ба қадри муҳоҷирони тоҷик бирасед!


Коршиносони рус қарори ахири ҳукумати Русияро дар бораи манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия бо шиносномаҳои дохилӣ танқид мекунанд.

Қарори ахири ҳукумати Русия, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар бо шиносномаҳои дохилӣ манъ мекунад, ба ақидаи коршиносони рус, ба бозори кори Русия таъсири манфӣ хоҳад дошт. Ин ақидаро Жанна Зайончковская, мудири лабораторияи таҳлил ва пешбинии муҳоҷират дар Пажӯҳишгоҳи пешбинии иқтисодиёти Фарҳангистони улуми Русия ба миён гузошт ва гуфт, ин маҳдудият сабаби коҳиши муҳоҷирон ва сар задани камбуди нерӯи кор мешавад.

Ин коршинос мегӯяд, муҳоҷирон асосан дар соҳаҳое кор мекунанд, ки зарурат ба ихтисос надорад ва шаҳрвандони Русия бо назардошти дастмузди кам ба ин пешаҳо рағбат зоҳир намекунанд.

Бино бар қарори ҳукумати Русия, сарвазир ин кишвар ахиран ба имзо расонд, сар аз аввали соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, дипломатӣ, баҳрнавардӣ ва гувоҳномаи бозгашт ба Тоҷикистон метавонанд, вориди қаламрави Русия шаванд.

Коршиноси дигари рус, Даря Халтурина мегӯяд, барояш аслан рӯшан нест, ки чаро чунин маҳдудият маҳз нисбати аҳолии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад? Ин ҷомеашинос ва корманди Маркази пажӯҳишҳои тамаддунӣ ва минтақаии Фарҳангистони улуми Русия меафзояд, хатарҳое, ки ба муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ нисбат дода мешаванд, муболиғаанд ва сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик баланд набуда, шаробнӯшӣ дар байни онҳо камтар аст ва ширкати онҳо дар қочоқи маводи мухаддир аз Қазоқистон дида бештар нест. Барои ҳамин маълум нест, ин маҳдудият ба кадом мақсад ҷорӣ шуд ва барои Русия чӣ манфиате хоҳад дошт.

Даря Халтурина
Даря Халтурина

Аммо Даря Халтурина бар ин нест, ки шартҳои нави ҳукумати Русия сабаби коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия хоҳад шуд. «Дар ҳар сурат ин коҳиш аз 5 дарсад беш нахоҳад буд,»--мегӯяд вай ва меафзояд, ки аслан кам шудани муҳоҷирон сабаби боло рафтани қадри онҳо бояд шавад, зеро то ҳоло кордиҳандагон ба меҳнати муҳоҷирон аз ҳисоби бедифоии онҳо эҳтироми муносиб нишон намедиҳанд ва аксари онҳо дар шароити ғайриинсонӣ, бе бимаи беҳдоштӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ кор мекунанд. Дар ивази ин нерӯи онҳо арзон аст, аммо агар ҳама чиз қонунӣ шавад, фавҷи муҳоҷирон низ коҳиш меёбад ва ҷинояткории миёни онҳо ҳам кам мешавад.

Хонум Халтурина мегӯяд, кӯшиш дорад, ин масъалаҳоро ба таваҷҷӯҳи ҳукумат ва Шӯрои ҷамъиятии Русия расонад, аммо талошҳои воқеии ҳукуматҳои Осиёи Марказиро дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ намебинад.

Иттифоқан қарори нави ҳукумати Русия чанд рӯз баъд аз сафари раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Маскав ва мулоқоти ӯ бо мақомоти ин кишвар ба имзо расид. Он ҳам дар ҳоле ки ҷаноби Шукуров аз поймол шлудани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия шиква кард ва аз мақомоти Русия ваъда доданд, ки ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон имтиёзҳои вижа хоҳанд дод.

Бино бар омори расмӣ, Русия зиёда аз 90 000 шаҳрванди Тоҷикистонро ба «рӯйхатти сиёҳ» ворид кардааст ва онҳо барои муддатҳои гуногун аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд.

Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, кор ба ҷое кашидааст, ки шахсоне, ки ягон камбудӣ ё надоранд ва ё аввалин бор ба Русия сафар мекунанд, номи худро бо рўихати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия муқоиса мекунанд ва онҳо то охир бовар надоранд, ки эҳтимолан ҳолате пеш меояду монеи вуруди онҳо ба қаламрави Русия мешаванд. Гумон меравад, зери таъсири ин омил дар се моҳи аввали соли 2014 сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия беш аз 23 дарсад коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG