Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари ҳукумат ё мухолифи он: ҲИИТ бо чӣ ба интихобот меравад?


Олимҷон Бобоев ва Рустам Қудратов
Олимҷон Бобоев ва Рустам Қудратов

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ки худро мухолифи ҳукумат муаррифӣ мекунад, тасмим дорад, дар порлумони ояндаи кишвар соҳиби 5 курсӣ шавад. Сиёсатшиносони тоҷик ин ҳизбро на мухолиф, балки яке аз шарикони ҳукумат мешуморанд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон яке аз ҳафт ҳизби расман номнависшуда аст, ки корзори интихоботиро бо 7 номзад аз рӯйхати ҳизбӣ ва 11 номзад аз ҳавзаи якмандатӣ ба поён мерасонад.

Раҳбарияти ин ҳизб, ки ҳоло дар порлумон соҳиби се курсӣ аст, умедвор аст, бо ба даст овардани панҷ курсӣ дар оянда фраксияи худро ташкил кунад ва мавқеи худро тақвият диҳад.

Таҳлилгарон ва коршиносони сиёсӣ бо таъкид ба хусусияти ҷонибдори ҳукумат будани он, мегӯянд, аз ҳузури он дар порлумон чизе тағйир нахоҳад кард.

Абзор ё мухолифи ҳукумат?

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳамроҳ бо Ҳизби аграрӣ як сол пеш аз интихоботи президентии соли 2006 номнавис шуд ва асосгузори он, мудири пешини Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Олимҷон Бобоев -- рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои перезидентии 2006 ва 2013 буд.

Олимҷон Бобоев, раиси пешини Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар интихоботи президентии соли 2006 яке аз номзадҳо буд
Олимҷон Бобоев, раиси пешини Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар интихоботи президентии соли 2006 яке аз номзадҳо буд

Мунтақидони ҳизб он замон гуфта буданд, ки раҳбарии ҳизб курсиҳоро дар порлумон ҳамчун рамзи миннатдории президент барои иҷрои нақш дарёфт карданд, вале худи Олимҷон Бобоев ин гуна баҳогузориҳоро беасос гуфт. "Мо талош кардем, ки ҳокимиятро ба даст биоварем ва рақобате воқеӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон эҷод кунем", -- мегӯяд Олимҷон Бобоев.

Ба гуфтаи ӯ, дар барномаи ҳизб ҳамеша таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили иқтисодӣ дода мешавад ва пешниҳодҳои онҳо ҳангоми коркард вориди "Стратегияи миллии рушд барои солҳои то 2030" шудааст.

Рӯзноманигор ва муҳаррири пешини нашрияи "Азия-Плюс" Марат Мамадшоев, ҲИИТ-ро ҳизби "комилан ҷонибдори ҳукумат" меномад, ки барои нишон додани плюрализми сиёсӣ дар кишвар ташкил шудааст.

"Набуди иттилооти лозим дар бораи фаъолияти он аллакай нишондиҳандаи кори он аст. Ман, масалан, то ҳол нашунидаам, ки ин ҳизб стратегияи ислоҳоти худ барои кишварро пешниҳод карда бошад", -- таъкид мекунад Мамадшоев.

Мухолифи бе интиқод

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Моҳи январи соли 2020 Олимҷон Бобоеви 70-сола аз мақоми раиси ҳизб ба далели синнаш истеъфо дод. Раиси нави ҳизб, доктори улуми иқтисодӣ ва вакили порлумон Рустам Қудратов интихоб шуд. Радиои Озодӣ муваффақ нашуд бо ӯ тамос бигирад ва дар бораи барнома ва ҳадафҳои ҳизб бипурсад.

Дар мунозираи интихоботӣ ё дебате, ки моҳи январи имсол Радиои Озодӣ бо раисони аҳзоби сиёсӣ баргузор кард, Қудратов гуфт, ҳадафи онҳо иҷроӣ кардани Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои то 2030 мебошад, ки соли 2017 аз сӯйи ҳукумат пазируфта шудааст.

"Мувофиқи ин стратегия мо ниёз ба ислоҳоти фарогир дорем ва бо пазируфтани қонунҳо дар оянда метавонем рушди ҳамаи ниҳодҳоро таъмин намоем", - гуфт Қудратов. Аммо ин вакили ҳозира ва номзад ба мақоми вакилӣ дар порлумони оянда аз чораҳои мушаххасе суҳбат накард.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар мубоҳисаҳои ёдшуда ба ҷуз раиси Ҳизби сотсиал-демократ, аз забони ҳеч раиси дигари ҳизбе интиқодҳо дар мавриди ҳукумат садо надод.

Таърихи ислоҳотхоҳон

ҲИИТ фаъолмандии худро дарҳол пас аз номнавис шудан оғоз кард. Дар интихоботи порлумонии 2010 ҳизб вориди порлумон ва соҳиби як курсӣ шуд. Дар интихоботи соли 2015 ҳузури худро то се курсӣ боло бурд. Дар даҳ соли ҳузур дар ниҳоди қонунгузорӣ, ба гуфтаи Олимҷон Бобоев, ҳизб дар баррасии масоил ва лоиҳаи қонунҳо фаъол буд, вале ташаббусҳои қонунгузорӣ бештар аз сӯйи президент ва ҳукумат ворид мешуданд.

"То замоне ки ҳизб ба нерӯи ғолиб табдил нашавад, тақрибан ҳеч чизеро наметавонад ҳал кунад, ин писанд аст ё не, вале зарур мешавад, ки қонунҳоро бо ҳукумат мувофиқа кунем",- эътироф мекунад вакил.

Бояд гуфт, Бобоев борҳо дар расонаҳо аз тасмимҳои мушаххаси ҳукумат интиқод кард. Дар як мусоҳибаи ахири худ бо Радиои Озодӣ ӯ се омилеро номбар кард, ки садди роҳи ислоҳот мешаванд: сатҳи баланди фасод, андозҳои гарон ва пойбандии додгоҳҳои иқтисодӣ ба ҳукумати иҷроия.

"Мо хостем, ки инҳисори давлатиро барҳам диҳем, вале ба инҳисори шахсони алоҳида афтодем",-гуфта буд ӯ.

Ҳадафҳо ва нуқтаи назарҳо

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Коршиносони тоҷик мегӯянд, бо рафтани Бобоев, ки як чеҳраи шинохташуда буд, таваҷҷуҳ ба ҳизб шояд боз камтар шавад, ҳарчанд он вориди порлумон ҳам шавад. "Ҳизбе бо чунин ном бояд дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур дошта бошад, зеро кишвар воқеан ба ислоҳот ниёз дорад, вале ба ҷуз раиси пешини ҳизб, дар бораи фаъолони дигари ин ҳизб иттилоъ хеле кам аст. Аз ин хотир баҳогузории воқеии он хеле мушкил аст",- мегӯяд коршиноси мустақили тоҷик Музаффар Олимов.

Ӯ мегӯяд, дар сурати шароити мусоид ҳизб танҳо метавонад курсиҳоеро, ки дорад ҳифз кунад.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарии нави ҳизб ҳадафманд ба назар мерасад. Рустам Қудратов дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Раҷаби Мирзо гуфтааст, ки ҳамаи 7 номзади ҳизб аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ олимони ҷавонанд ва 11 номзади ҳавзаҳои якмандатӣ – "шахсиятҳои ҷавону муваффақ".

"Мо имконот ва бартариҳои худро дар тамоми 41 ҳавза таҳлил кардем ва номзадҳоро танҳо аз ҳавзаҳое пешбарӣ кардем, ки имконияти пирӯзӣ дорем",-гуфт раҳбари ҲИИТ.

Коршиноси мустақили тоҷик Азиз Нуррулоев ҲИИТ-ро "як тарҳи ошкорои ҳукумат" меномад, ки пешбинии пирӯзӣ ё шикасти он маъное надорад. "Ҳизб ҳеч гоҳе ҳадафмандиҳои худро нишон надодааст ва интиқодҳои сахте ҳам нанамудааст, маълум нест, ки чӣ миқдор интихобкунанда дорад. Бинобар ин, хеле соддалавҳона хоҳад буд, ки онро ҷиддӣ бигирем",-бовар дорад Нуруллоев.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, ба мақомоти Тоҷикистон ин ҳизб барои намоиши демократия лозим аст, аз ин рӯ, эҳтимол дорад чанд ҷойе бигирад.

Интихоботи навбатии порлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад. Ҳоло дар кишвар 7 ҳизби расмии сиёсӣ фаъоланд. Ҳеҷ интихоботе дар таърихи Тоҷикистони муосир то ҳол аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ шаффоф ва демократӣ эътироф нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG