Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигарони ҷаҳонӣ ва интихоботи Тоҷикистон. Кӣ чӣ нақшу нуфуз дорад?


Шумориши баргаҳои раъйдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ. Моҳи марти соли 2015

Пас аз тақрибан се ҳафтаи дигар дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Ба гуфтаи коршиносон ва сиёсатмадорони тоҷик, бисёриҳо ба интихобот назорат мекунанд, вале ин ки бозигарони минтақавиву ҷаҳонӣ рӯйи натиҷаҳои он таъсир бигзоранд ва ё аз ҳизби хосе ҷонибдорӣ кунунд, аз эҳтимол дур аст.

Оё лоббӣ кардан имкон дорад?

То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон камтар аз се ҳафтаи дигар мондааст, вале то кунун мухолифати усулии идеологӣ дар масоили сиёсати дохиливу хориҷӣ миёни ҳизбҳо ба назар намерасад. Дар ҳар сурат ҳеч сиёсатмадоре инро ба забон намеорад.

Комиссияи марказии интихобот номзадҳои 7 ҳизби сиёсиро сабтином кард. Бештар аз 60 нафар шомили ин рӯйхатҳо ҳастанд ва бояд 22 нафари онҳо вориди порлумон шаванд. Ҳамчунин 41 номзади дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ вориди порлумон хоҳанд шуд.

Бинои порлумони Тоҷикистон.
Бинои порлумони Тоҷикистон.


Коршиносони умури Тоҷикистон рӯйи набуди мухолифатҳо миёни аҳзоби сиёсӣ таъкид карда, ба алоқаманди сусти кишварҳои берунӣ барои таъсиргузорӣ ишора мекунанд. "Ба назари ман, барои бозигарони берунӣ мантиқӣ нест, ки бо рӯҳияи лоббигарии созанда таъсири бузурге ба интихоботҳо дар Тоҷикистон бигузоранд. Хусусан дар интихоботи порлумонӣ. Маълум аст, ки ҳизби ҳоким нерӯи ғолиб аст ва баъид аст, ки ҳизбҳои дигар қодир ба тағйири чизе бошанд", -- чунин меҳисобад сиёсатшиноси рус аз Донишкадаи давлатии равобити байнулмилалии Маскав Алексей Дундич.

Ӯ мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон таъсир гузоштан тавассути порлумон тақрибан номумкин аст ва бояд бо дастгоҳи президент ва дар маҷмуъ бо ҳукумати иҷроия, ки амалан тамоми шохаҳои қудратро дар даст дорад, созиш кард.

Порлумони гапгир

Аз оғози солҳои 2000-ум ба ин сӯ ҷойгоҳи бартаридоштаро дар порлумон Ҳизби халқии демократӣ дорад, ки раиси он президент Эмомалӣ Раҳмон аст ва дорои имконоти фаровоне мебошад.

Ҳизби коммунистӣ ва ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ то соли 2005 дар порлумон дутоӣ курсӣ доштанд. Ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ яктоӣ курсиро соҳиб буданд.

Дар интихоботи соли 2015 ду ҳизби умдаи мухолиф натавонистанд садди панҷдарсадиро убур кунанд ва аз курсиҳои худ маҳрум шуданд. Худи ҳизбҳо натоиҷи интихоботро напазируфтанд, вале натиҷаҳоро ҳам таҳрим накарданд.

Ба ҷойи онҳо Ҳизби аграрӣ тавонист панҷ курсӣ ба даст биоварад ва фраксиюни худро дар порлумон таъсис бидиҳад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ду курсӣ ва Ҳизби состсиалистӣ ҳам як курсӣ ба даст оварданд.

Амният Абдулназаров, муовини раиси ҲСДТ.
Амният Абдулназаров, муовини раиси ҲСДТ.


Дар тавонманд кардани ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат намояндаҳои доираҳои коршиносӣ ва мухолифин вобастагии ҳукумати иҷроияро аз қонунгузор мебинанд. "Қудратҳои ҷаҳонӣ хеле хуб медонанд, ки порлумон ихтиёрдорие надорад ва дар тобеияти ҳукумати иҷроия қарор дорад. Масалан, наметавонад мисли маҷлисҳои кишварҳои аврупоӣ ташаббускори импичменти раиси ҷумҳур ва ё лоиҳаи қонунҳои муҳим шавад. Аз ин рӯ, чӣ мантиқ дорад таъсир гузоштан болои ин ниҳод?" -- боварманд аст сиёсатмадор, муовини раиси ҳизби сотиал-демократии Тоҷикистон Амният Абдулназаров.

Ба унвони номзади собиқ барои вакилӣ, Абдулназаров ҳам раванди интихобот ва ҳам ҳузури нозиринро интиқод мекунад. "САҲА ҳар бор интихоботҳоро ғайридемократӣ медонад, вале изҳороти онҳо рӯйи ҳеч чизе таъсир намегузорад ва ҳама чиз мисли пештара такрор мешавад",- нигаронӣ мекунад ҳамсӯҳбати мо.

"​Ҳама вақт ин гуна набуд"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки то соли 2015 вакили Маҷлиси Намояндагон буд, мегӯяд, алоқамандӣ ба интихоботи порлумонӣ дар солҳои 2000, 2005 ва 2010 аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба назар мерасид, вале тадриҷан коҳиш ёфт.

"Чун аксари кишварҳо, бахусус кишварҳои демократӣ аз асли воқеият чандон огоҳ набуданд ва гумон мекарданд, модоме ки Тоҷикистон ҳам конститутсияаш ва ҳам қонунгузории кишвар иҷозат медиҳад, ки бисёрҳизбӣ бошад ва ҳизбҳо бар асоси афкор ва андешаҳои гуногун ташкил шаванд ва рақобати сиёсиро ҷоиз медонад, ҳатман дар амал ҳам татбиқ хоҳад шуд. Вале оҳиста-оҳиста фаҳмиданд, ки дар Тоҷикистон қонунгузорӣ як чиз аст ва воқеиятҳо ва хоҳиши ҳокимияти иҷроия ва президент комилан чизи дигар",-мегӯяд Кабирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, пештар бозигарони минтақа ва ҷаҳонӣ умедвор буданд, ки дар Тоҷикистон порлумони бисёрҳизбӣ таъсис мешавад ва ҳар кишваре мехост вакили наздик ба сиёсатҳои худашро дар он бубинад. "Масалан, агар кишварҳои ғарбӣ талош мекарданд, ки ба порлумон бештар вакилони боварманд ба ҳуқуқи башар демократия роҳ ёбанд, пас, Русия алоқаманди ин буд, вакилоне бештар бошанд, ки дар оянда кишварро ба сӯйи ҳамгироӣ бо он бибаранд", -- тавзеҳ медиҳад сиёсатмадор. Маскав аз оғоз, мегӯяд ӯ, рӯйи коммунистҳо таваҷҷуҳ дошт ва онҳоро нерӯи пурнуфузе медонист, вале оҳиста-оҳиста авлавиятро ба ҳизби ҳоким дод.

Демократияи фармонфармоӣ

Раиси Ҳизби демкорати Тоҷикистон ва вакили ҳозираи порлумон Саидҷаъфар Усмонзода ҷонибдори ин андеша нест, ки ҳоло ба интихобот дар кишвар таваҷҷуҳ нест. Ба назари ӯ, алоқамандӣ ба интихобот ҳам аз сӯйи бозигарони минтақавиву ҷаҳонӣ ва ҳам аз сӯйи ниҳодҳои байнулмилалӣ вуҷуд дорад.

"Ҳар чизе дар Тоҷикистон рух медиҳад, барои минтақа қобили аҳамият аст. Дар ҳамсоягии мо Афғонистон қарор дорад, ки он ҷо манофеи қудратҳо бархӯрд мекунад, аз ин рӯ назорат бар интихобот ба гунаи ҷиддӣ сурат мегирад",-бовар дорад сиёсатмадор.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз дар оғози сол Тоҷикистон аз кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, СПАД ва САҲА хост, ки ба интихоботи порлумонӣ нозирони худро фиристанд. Бино ба иттилои расмӣ, интизор меравад, ҳудуди 500 нозири байналмилалӣ раванди раъйдиҳиро назорат хоҳанд кард.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.


Баҳогузории ниҳодҳои байнулмилалиро, ба назари Усмонзода, дар оянда кишварҳои бузург барои идомаи равобит бо Тоҷикистон истифода мекунанд. "Ин муҳим нест, ки чӣ касе курсиҳо дар порлумон ва ҳукуматро соҳиб мешаванд, балки муҳим аст то куҷо ин гуна шахсон шоистаанд. Маҳз ба ҳамин чиз бозигарони муҳим таваҷҷуҳ мекунанд",- тавзеҳ медиҳад раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Вакилони тоҷик борҳо меҳмони ҳамтоёни худ дар Чин, Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупову дигарҳо мешаванд. Онҳо фаъолмандона дар нишастҳои байнипорлумонӣ ширкат мекунанд ва раиси порлумон дар баробари президент меҳмонони воломақомро мепазирад.

"Ҷойе мешавад нуфуз кард, ки худи порлумон нуфуз дошта бошад"

"Порлумон ҳамчун идомаи ҳукумати иҷроия ба назар мерасад ва ҳузури вакилон дар ингуна чорабиниҳо ҳамчун ба роҳ андохтани равобит бо ҳокимияти иҷроия пазируфта мешавад",-мегӯяд сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов.

Манофеи бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо ҳукумати иҷроия гиреҳ мехӯрад ва ҳар он чи аз Тоҷикистон зарур аст, онҳо бо роҳи гуфтушунид бо қишри болоии ҳукумат ҳал мекунанд, ки он ҷо порлумон нақше надорад.

Ба гуфтаи сиёсатшинос, барои бозигарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар кишварҳое бозӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ маъно дорад, ки он ҷо порлумон ниҳоди мустақилтар аст, масалан дар Қирғизистон, ки мутаносибан неруҳои гуногуни сиёсие дар порлумон ҳузур доранд.

Таҷрибаи Қирғизистон ва Украина

Дар воқеъ, талошҳои асаргузорӣ ба интихоботи порлумонӣ аз сӯйи қудратҳои ҷаҳонӣ дар мисоли Қирғизистон ва Украина хеле хуб қобили мушоҳида аст. Дар замони интихоботи соли 2010 аксари раисони ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон бо сиёсатмадорони рус дидор доштанд.

Масалан, раиси ҳизби "Ҷумҳурӣ" Омурбек Бабанов ва раиси ҳизби "Оқ Шумқор" Темир Сариев бо раиси вақти дастгоҳи раиси ҷумҳури Русия Сергей Наришкин, раиси ҳизби "Ору номус" Феликс Қулов бо раиси ҷумҳури Русия Димитрий Медведев, Алмосбек Отамбоев раиси ҳизби сотсиал-декморатӣ бо раиси ҳукумати Русия Владимр Путин дидор карданд.

Дар интихоботи порлумонии соли 2019 Украина ҳизби "Бистари мухолиф барои зиндагӣ" гароишҳои худ ба Русияро пинҳон намекард ва раиси он Юрий Бойко 9 рӯз қабл аз интихобот дар Маскав бо сарвазири Русия Димитрий Медведев ва раиси "Газпром" Алексей Миллер дидор кард.

Юлия Тимошенко, раиси ҳизби "Баткившина" ва Петр Порошенко раиси ҳизби "Ҳамраъйии аврупоӣ" дар замони корзорҳои интихоботӣ ошкоро бо хеле аз сиёсатмадорони аврупоиву амрикоӣ мулоқот доштанд ва дидгоҳҳои худро дар сиёсати хориҷии Украина лоббигарӣ карданд.

Кӣ чӣ манфиат дорад?

Сулаймон Шоҳзода, сиёсатшинос.
Сулаймон Шоҳзода, сиёсатшинос.


Шарикони асосии стратегии Тоҷикистон аз бозигарони бузург Русия ва Чин дониста мешаванд, ки ҳамчунин сармоягузори асосӣ ҳам ба ҳисоб мераванд. Кишвар ҳамчунин дар заминаҳои амният бо ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ мекунад. Созишнома дар бораи ҳамкории стратегиро Душанбе бо кишварҳои ҳамсоя дар минтақа Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳам имзо кардааст.

"Пештар ба равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон Узбекистон ва Эрон алоқамандии худро нишон медоданд, вале ин чиз амалан, оҳиста-оҳиста ба сифр расид. Русия ва Чин ҳоло бештар манфиатдори ҳифзи вазъи мавҷуди вафодор ба худ мебошанд, ИМА дар маъмурияти ҳозираш тақрибан аз тамоми дигаргуниҳои демократӣ дар кишварҳои дигар дур шудааст",-тахмин мезанад сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода.

Вакилони тоҷик ҳамеша барои надоштани мавқеи фаъол мавриди интиқод қарор мегиранд, вале худи вакилон ба ин интиқодҳо розӣ нестанд. Харҷи умумӣ барои ниҳоди қонунгузорӣ аз будҷа дар Тоҷикистон гуфта намешавад, вале маоши вакилони маҷлиси поёнӣ 6 ҳазор сомонӣ (620 доллар)-ро дар бар мегирад. Ин баландтарин маош дар миёни кормандонест, ки аз будҷа мегиранд. Маоши миёна дар кишвар 1200 сомонист. Ба ҷуз ин, вакилон дар замони ваколат бо хона ва мошини хидматӣ низ таъмин мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG