Ширкатдорон бо нидои "Нест бод қонуни русӣ" шиор медоданд. Дар девори бинои порлумон навиштаи "Русия - ғосиб" ва парчами Гурҷистонро тасвир карданд.
Мухолифон мегӯянд, қонун дар бораи “агенти хориҷӣ” аз сӯи ҳизби ҳокими Гурҷистон ва бо дастури Маскав қабул шудааст. Муаллифони қонун инро рад мекунанд.