Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанги дурага"-и Путин дар Украина


Франк ван Каппен

Генерали мустаъфӣ ва вакили порлумони Ҳолланд Франк ван Каппен мегӯяд, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Украина ҷанги ҳибрид, ё ба истилоҳи дигар як «ҷанги дурага»-ро пеш бурда истодааст.

Ҳанӯз дар соли 2004 беш аз 8000 олиму сиёсатмадорон ва низомиҳо аз кишварҳои мухталиф бо фармоиши паймони низомии НАТО таҳқиқоти фарогиреро таҳти унвони Multiple Futures анҷом доданд. Ҳадаф аз ин пажӯҳиш омӯхтани табиати ҷангҳои оянда буд ва зоҳиран, бисёре аз пешбиниҳои он имрӯз ҷомаи воқеъият ба бар мекунанд.

Яке аз сенарияҳои эҳтимолӣ дар ин ояндабинӣ эҳтимоли бозгашт ба сиёсатҳои шабеҳи асри 19 буд, ки давлатҳои зӯр хостҳои худро болои давлатҳои заиф таҳмил мекунанд ва ҷомеаи байналмилалие, ки битавонад чунин рафтори кишварҳои зӯрро лаҷом занад, дигар амалан вуҷуд нахоҳад дошт.

Генерал-майори ҳолландӣ Франк ван Каппен дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ Софя Корниенко гуфт, имрӯз тақрибан чунин таҳаввули вазъ мушоҳида мешавад:

- На Украина, на дигар кишварҳое, ки дар хатти бархӯрди платформаҳои геополитикӣ қарор доранд, имкони таъини мустақилонаи сарнавишти худро надоранд: Онҳо байни қаламрави нуфузи Русия аз як тараф ва густураи нуфузи Ғарб ё Аврупо аз тарафи дигар дармондаанд. Агар кишваре дар ин хатти бархӯрдҳо ҷойгир шуда бошад, ногузир бадбахт хоҳад шуд. Пиҷак низ ҳамеша аз хатти дарзаш меканад. Ин хатти дарзи геополитикӣ то ҳол аз Лаҳистон ё Полша (як бор ба таърихи ин кишвар дар асри гузашта назар афканед), Маҷористон, Чехословакия мегузашт ва ҳоло ба тарафи шарқтар кӯчида, аз Украинаву Беларус ва Молдова ва Гурҷистон мегузарад. Он коре, ки имрӯз Русия бо кишварҳои Аврупои шарқӣ, ки узви ИА ё НАТО нестанд, мекунад, метавонад як намунаи ибрат барои дигар қудратҳои минтақаӣ шавад.

–Як хулосаи дигари таҳқиқоти 10 сол пеши НАТО эҳтимоли тағйир ёфтани шеваҳои пешбурди ҷанг буд, бале?
Се афсари украинӣ - дар асорати ҷудоиталабони тарафдори Русия
Се афсари украинӣ - дар асорати ҷудоиталабони тарафдори Русия
– Инро hybrid warfare, яъне ҷанги ҳибрид ё дурага меноманд. Ҷанги ҳибрид як навъ омезиши ҷанги классикӣ бо истифодаи гурӯҳҳои мусаллаҳи шибҳи низомист. Давлате, ки даст ба ҷанги ҳибрид мезанад, бо воҳидҳои ғайридавлатии иҷрокунанда – ҷангиён, гурӯҳҳое аз аҳолии маҳаллӣ ва созмонҳое, ки расман робита бо онҳоро рад мекунанд, қарордод мебандад. Ин иҷрокунандагон даст ба коре мезанад, ки давлат ба он ҷуръат намекунад, чунки ҳар давлат бояд муқаррароти паймони Женева ва паймони Гаага дар бораи тартиби бурдани ҷангҳои заминӣ ва тавофуқот бо кишварҳои дигарро риоя кунад. Аз ин рӯ, иҷрои тамоми кори сиёҳро ба дӯши воҳидҳои ғайрирасмӣ бор мекунанд.

– Ва ҳатто метавонанд, нирӯҳои худро ба як кишвари дигар бифиристанд, вале бигӯянд, ки онҳо нирӯҳои мо нестанд?

– Бале, ҷанги дурага ё ҳибрид ҳамин аст. Аз як тараф, нирӯҳои расмӣ ҳам истифода мешаванд, аз ҷумла барои тарсондан. Ҳоло дар марзи Украина то 40 000 низомии Русия ҷамъ шудаанд. Бо ин роҳ ба Украина фишор меоранд, ки «Як қадами ноҷо ва бубинед, ки бо шумо чӣ хоҳем кард!» Аз тарафи дигар, дар қаламрави Украина гурӯҳҳое амал мекунанд, ки аз Русия раҳбарӣ мешаванд. Посух додан ба чунин тарзи бурдани ҷанг хеле мушкил аст. Вақте марзи кишвари ҳамсояро як дивизияи тонкӣ убур мекунад, ҳама чиз рӯшан аст. Вале ин ҷо чунин нест. Ба ҷои ин аннексия ё ғасбу ишғоли бесадо бо истифода аз ҷангиён ва гурӯҳҳои қавмӣ дар маҳалҳо идома дорад ва ин ҳама бо маслиҳат ва таҳти раҳбарӣ аз Русия. Ёбу гир!

– Фикр мекунед, Ғарб аннексияи Қримро дигар фурӯ бурд?
Силоҳбадастони тарафдори Русия дар шарқи Украина
Силоҳбадастони тарафдори Русия дар шарқи Украина
– Амрико ва Аврупо ҳамеша фарёд хоҳанд зад, ки ба Русия пайвастани Қримро эътироф нахоҳанд кард. Яъне ин боз як низои яхбастаи дигар хоҳад шуд. Дақиқан мисли Қаробоғи кӯҳӣ. Вале ҳарчанд қонунан инро мепазирем ё на, амалан пайвастани Қрим анҷом шуд – Қрим як бахши Русия шуд ва ҳоло дар онҷо Владимир Путин ҳукм меронад. Путин ҳарчиро ки мехост, ба даст овард. Ин боз як вижагии ҷанги ҳибрид ё дурага аст: Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пеши воқеъият гузошта мешавад. Дар кӯтоҳмуддат ин як мавқеи пирӯзиовар аст: «Бубинед, ман ба чӣ ноил шудам. Ва он ҳам бе ягон тирандозӣ!»

– Ва мисле ки ягон таҳримот ба раҳбари Русия таъсир намекунад...

– Бале, дар ҳоли ҳозир таъсир намекунад. Вале таҳримот шадидтар хоҳанд шуд. Ин таҳримҳоро қадам ба қадам ҷорӣ карда истодаанд, зеро баъди ҳар қадам умедворанд, ки Путин дар фикри оддӣ сохтани танишҳо хоҳад уфтод. Дар қадами охир қатъ кардани низоми пардохтҳои Visa ва MasterCard дар Русия ва муосидари молу мулкаш дар хориҷ дар назар дошта шудааст. Баёнияҳои Путин, ки мегӯяд, Русия низоми миллии пардохтҳояшро хоҳад сохт, нишон медиҳҳад, ки ӯ низоми бозори молии ҷаҳониро тамоман намефаҳмад. Ӯ низоми пардохтҳои Русияро ба чӣ пайваст хоҳад кард? Кортҳои кредитии русиро дар куҷо қабул хоҳанд кард?
Ғарб таҳримҳоро бо эҳтиёти тамом ҷорӣ мекунад, чунки мо ҳам аз ин таҳримҳо зарар мебинем. Вале мо инро таҳаммул карда метавонем, вале иқтисоди Русия хисороти азиме хоҳад дид. Аллакай аз Русия ба маблағи 67 миллиард евро сармояро гурезондаанд. Ин рақам метавонад то 160-170 миллиард евро бирасад. Ин барои иқтисоди Русия зарбаи сангин аст. Рубл хеле заиф аст, қиматҳо дар биржаҳои Русия то 14 дарсад пойин рафтанд. Ва агар Ғарб таҳримоти боз ҳам бештар ҷорӣ кунад, ё крани гази Русияро бубандад, чӣ хоҳад шуд? Дуруст ат, ки имрӯз Аврупо 30 дарсади газашро аз Русия мегирад, вале манобее, ки Русияро иваз кунад, аллакай ёфт шуданд, бори хисоротро низ метавон байни ҳам тақсим кард. Яъне, зиёни мо чандон муҳлик нест. Вале барои Русия ин як дарди сари бузург хоҳад шуд. Имрӯз Русия аз ҳисоби фурӯши газ ба Аврупо солона 178 миллиард евро ба даст меорад. Русия аз ҳисоби фурӯши ашёи хом зиндагӣ дорад. Баъди баста шудани бозори Аврупо Русия ба Чину Ҳинд рӯ меорад. Ин имкон дорад, вале барои фурӯши маҳсулоташ дар ин самт Русия на ягон зербино дорад, на ягон васила.

– Наход кор то ба чунин таҳримоти ҷиддӣ бикашад?

– Ба фикри ман, чунин таҳримҳо танҳо дар ниҳояти кор метавонанд роҳандозӣ шаванд. Барои мисол, агар Русия ба ягон кишвари узви НАТО дар соҳиби Балтик ҳамла кунад. Хатти бархӯрд барои Ғарб дар ҳаминҷо мегузарад.

– Пешбинии шумо дар бораи самти таҳаввули вазъ чист? Плани Путин ғолибан то кадом ҳадд хоҳад рафт?
Владимир Путин
Владимир Путин
– Фикр мекунам, Путин ба соҳили Балтик даст дароз нахоҳад кард, чунки ин хеле хатарнок аст. Аммо имкон дорад, ки агар кораш дар Украинаи шарқӣ омад кунад (ҳарчанд ин ҳам суолбарангез аст, чунки фисади русҳо дар инҷо назар ба Қрим камтар аст ва на ҳамаи онҳо аз ҷудоиталабон ҳимоят мекунанд), пас ӯ кӯшиш мекунад заминҳое дар шимол аз Қрим, бо шумули макони «кран»-и газу оби ин нимҷазира, ва ҳам Оддесаро ишғол кунад. Дар он сурат ӯ тамоми соҳили баҳри Сиёҳ ва ҳам роҳи Приднестровйеро, ки дар онҷо алакай нирӯҳои Русия мустақар буда, аҳолиаш низ хоҳони пайвастан ба Русия аст, ба даст меорад. Тамоми шарқ ва ҷануби Украина таҳти нууфузи Русия қарор хоҳад гирифт. Вале масъала ин аст, ки ин барои Русия бо чӣ баҳое тамом хоҳад шуд? Дар кӯтоҳмуддат Путин овози зиёдеро соҳиб мешавад, бисёриҳо дар Русия ифтихор хоҳанд кард, ки Русия бузургтар шуд ва қаламрави нуфузашро густариш дод. Вале дар дарозмуддат ин сиёсат барои Русия аз нигоҳи иқтисодӣ зиёни азиме хоҳад овард. Мушкилоти аслии геополитикии Русия дар марзҳои ҷанубиаш, дар Қафқоз, дар марз бо Чин, ки аз онҷо ҳам як хатти бархӯрдҳои геополитикӣ мегузарад, нуҳуфтаанд, на дар марзҳои ғарбиаш, ки то кунун оромтарин марзҳои Русия буданд. Сиёсати ба таври сунъӣ доман задани эҳсосоти қавмӣ, ки Кремл дар Украина пеш гирифтааст, дар ниҳоят ба худи Русия зарда хоҳад зад. Ва нафақат дар Қафқоз, балки ҳамчунин дар Сибири шарқӣ, ки дар паҳнои он ҳоло шумори зиёди чиниҳо муқим шудаанд.

– Ба назари ман, Путин ба НАТО умри дубора бахшид!

– Баъзеҳо мегӯянд, ки бояд ба Путин номаи сипос навишт, чунки Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро наҷот дод. Дар ин авохир садоҳое ҳам баланд мешуд, ки НАТО маънояшро дигар гумо кардааст, Русия дигар дӯст ва ҳамкори мост ва Аврупо комилан амн ҳаст. Ва якбора мо ҳама бедор шудему фаҳмидем, ки Русия, ба ҳар сурат, на шарик, балки зоҳиран душман боқӣ мондааст. Ва якбора ҳатто Шведсияву Финландия майли пайвастан ба НАТО карданд. Онҳое ки аз НАТО интиқод мекарданд, баъди ин ба даҳон об гирифтаанд.

– Вале, оқои ван Каппен, бисёре аз таҳлилгарони либерали рус бар ин боваранд, ки Путин танҳо дар бораи пирӯзӣ барои кӯтоҳмуддат фикр мекунад ва он ҳам дар бораи пирӯзии на Русия, балки танҳо худи ӯву атрофиёнаш…

– Путин дар кӯтоҳмуддат дар ин мухолифат дастболо хоҳад шуд, чунки ягон кас шеваҳои муқобила дар ҷанги ҳибридро ҳанӯз намедонад. Вале дар дурнамои миёна- ва дарозмуддат Путин шикаст хоҳад хӯрд. Русия ҳарчӣ бештар вобастаи фанновариҳои ва сармояи хориҷӣ шуда, байни ду блоки қавии иқтисодӣ – эътилофи Амрикову Аврупо, ки имрӯзҳо шакл мегирад ва 800 миллион нафарро муттаҳид мекунад, ва Чин дармемонад. Русия иқтисоди худро ба по рост карда наметавонад, чунки барои ин бояд равобити тиҷорӣ бо Ғарбро ба роҳ монда, фасодро аз байн баранд. Вале боз як чизи дигар: Дар ҳамсоягии худ доштани Русияи фақир, бесубот ва назараш душманона ба суди Ғарб нест. Мо манфиатдорем, ки Русияро ба ҳайси як шарики собит дар паҳлуямон бубинем.

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG