Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керри аз Лавров хост, дар озодии нозирони САҲА кӯмак кунад


Вазири умури хориҷии Амрико аз ҳамтои руси худ хост, дар озодии нозирони аврупоӣ, ки дар дасти ҷудоиталабони ҷонибдори Русия ҳастанд, кӯмак намояд.

Гурӯҳе аз нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз Полша, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Дания ва Шведсия чанд рӯз пеш аз дар шаҳри Славянск, дар шарқи Украина аз сӯи ҷудоихоҳони тарафдори Русия ба гарав гирифта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Сергей Лавров низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷон Керрӣ, хостааст то Вошингтон аз нуфузи худ бар ҳукумати муваққати Украина барои озодии ончи Маскав раҳбарои "ҷуншибиш эътирозӣ" дар шарқ ва ҷануб-шарқи Украина меномад, истифода кунад.

Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ дар мавриди фаъолиятҳои низомии Русия ва Украина низ гуфтугӯ кардаанд. Бино ба гузориши "Guardian" ба нақл аз як мақоми расмии Амрико, Ҷон Керри нигаронии худро аз маневри низомии Русия дар марзҳои Украина баён кардааст. Сергей Лавров низ бинобар гузориши мунташиршуда аз сӯи вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, Украина бояд амалиёти низомии худро дар шарқи Украина мутаваққиф кунад.

Ҷудоихоҳони тарафдори Русия: "Гаравгонҳо ҷосусони НАТО мебошанд"

Дар шарқи Украина шӯришиёни ҷонибдори Русия гурӯҳи нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба гарав гирифтаанд ва мегӯянд, ки онҳо “ҷусусони НАТО” мебошанд. Денис Пушилин, раҳбари худхондаи ҷудоихоҳон дар шаҳри Донетск гуфт, ки гаравгонон бо “зиндониёни мо раддубадал мешаванд”.

Пушилин гуфт, ягона роҳи раҳоии нозирони САҲА ҳамин аст. Вай ин суханонро дар назди бинои Хадамоти амнияти Украина дар шаҳри Славянск баён дошт, дар биное, ки нозирон нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳоро дар назди ҳамин бино гаравгон гирифта буданд. То ҳол маълум нест, ки шӯришиёни ҷонибдори Русия чанд нафар нозиронро гаравгон гирифтаанд. Дар баъзе хабарҳо шумораи онҳо 8 нафар гуфта мешавад. Дар асл гурӯҳи нозирон аз 13 нафар иборат буд ва ба он ҳамчунин 4 олмонӣ ва 5 сарбози украинӣ шомил буданд. Дар ин гурӯҳ ҳамчунин чаҳор нозири низомӣ аз Дания, Полша, Шведсия ва Ҷумҳурии Чех ҳастанд.

САҲА дар сафҳаи Twitter-и худ навиштааст, ки ин гурӯҳ дар чаҳорчӯбаи тавофуқоти байналмиллалӣ “роҷеъ ба тадобири таҳкими эътимод ва амният” чун нозирони низомӣ ба минтақа фиристода шудаанд. Ин санад соли 2011 дар Вена ба тасвиб расида буд.

Вазорати корҳои дохилаи Украина мегӯяд, бо гурӯҳи гаравгонгирон роҷеъ ба раҳоии онҳо музокирот анҷом мегирад. Вячеслав Пономарёв, раҳбари ҷудоихоҳони Славянск ба хабарнигорони телевизиони Русия гуфтааст, ки гурӯҳи нозирон «афсарони кашфи кишварҳои узви НАТО» мебошанд. Пономарёв мегӯяд: “Мувофиқа шуда буд, ки онҳо вақти омадан ба Славянск ба мо занг мезананд ва мегӯянд, ки онҳо дар назди посгоҳ ҳастанд ва ба онҳо бояд иҷозаи вуруд медоданд. Вале чӣ рух додааст ва чӣ тарз рух додааст, ба ростӣ ман намедонам”.

Пономарёв мегӯяд, ҷудоихоҳон бовар надоранд, ки намояндагии САҲА «кормандони низомиро барои фиристодан ба минтақа» ба гурӯҳ дохил карда бошад. Андрей Келин, намояндаи Русия дар САҲА рӯзи 26 апрел гуфт, ки Маскав масъулияти ҳар гуна имкони раҳоии аъзои гурӯҳи боздоштшударо бар дӯш мегирад. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико даъват кард, ки аъзои гурӯҳи САҲА ҳар чӣ зудтар раҳо шаванд. Хонум Ҷен Пакӣ-гуфт, ки «миёни ҷудоихоҳон ва Русия иртиботи қаввӣ вуҷуд дорад».

Славянск яке за 10 шаҳру шаҳраки шарқи Украина мебошад, ки дар он ҷойҳо ҷудоихоҳон биноҳои ҳукуматӣ ва пулисро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Пентагон: "Ҳавопаймоҳои русӣ вориди ҳарими ҳавоии Украина шудаанд"

Вазорати дифои Амрико мегӯяд, ки давоми 24 соат ( байни рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа) ҳавопаймоҳои ҷангии Русия чандин бор вориди ҳарими ҳавоии Украина шудаанд. Сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, ин мавзӯъро "таъйид " мекунад. Ӯ ҷузъиёти зиёде дар мавриди ин ки ҳавопаймоҳои ҷангии Русия аз кадом навъ будаанд ва ҳодиса дар кадом минтақа рух додааст, иттилое дар ихтиёри хабарнигорон қарор надодааст. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, сухангӯи вазорати дифои Амрико аз Русия хостааст, то "фавран барои ором кардани вазъ" иқдом кунад.

Ҳамин хабаргузорӣ ҳамзамон мегӯяд, Чак Ҳейгел, вазири дифои Амрико рӯзи панҷшанбе талош кардааст ки тамоми телефонӣ бо Сергей Шойгу, ҳамтои руси худ дошта бошад, то дар мавриди бӯҳрони Украина гуфтугӯ кунад. Аммо Маскав то ҳанӯз вокунише ба он нишон надодааст. Ба гузориши шабакаи ABC, сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, ки ҷониби Амрико акнун мунтазир аст, то аз русҳо вокунише дарёфт кунад.

Аз сӯи дигар, шабакаи "Садои Русия" аз қавли сухангӯи вазорати дифои Русия мегӯяд, Сергей Шойгу аз шунидани гузоришҳои мунташиршуда дар бораи талошҳои Чак Ҳейгел барои барқарории тамоси телефонӣ бо ӯ, ҳайрон шудааст.
Аммо Мартин Демпсӣ, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико бо ҳамтои руси худ гуфтугӯ кардааст.

Таниш миёни Украина ва Русия замоне бештар шуд, ки Киев эълон кард, амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоиталабонро дар шарқи Украина анҷом медиҳад. Русия низ дастур дод, ки артиши он кишвар дар марзҳои худ бо Украина машқҳои низомӣ анҷом дод.

Вазорати дифои Русия гуфтааст, дар вокуниш ба амалиёти артиши Украина дар шарқи он кишар ва афзоиши нерӯҳои НАТО дар Полша ва кишварҳои назди Балтика, машқҳои низомии навро дар наздикии марз бо Украина оғоз кардааст.
Украина дар вокуниш аз Русия хост то нерӯҳояшро аз марз ақиб бикашавад.
XS
SM
MD
LG