Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷараи атрофи вазоратҳоро дар Душанбе мекананд. ВИДЕО


Дар Душанбе тақрибан бинои маъмурие нест, ки атрофи он бо панҷараҳои баланду маҳкам баста набошад. “Суннат”-е, ки дар солҳои 2000-ум зуҳур кард ва дар саросари пойтахту дигар манотиқи кишвар роиҷ шуд. Аммо ҳоло ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ба “суннат”-и панҷарабандии атрофи идораҳои маъмурӣ, хотима доданианд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Панҷараи атрофи вазоратҳоро дар Душанбе мекананд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Ҳукумате, ки ба хотири амният ба паси деворҳо паноҳ мебарад, магар метавонад кафили субот дар кишвар шавад?

Тибқи як дастури раиси ҷумҳур, аз ин ба баъд панҷараҳои назди вазорату идораҳо барчида мешаванд ва, ҳамин тавр, сокинон метавонанд озодона аз гулгашти назди вазорату идораҳо истифода кунанд. То кунун ширкати "Барқи тоҷик" панҷараҳои атрофи ин биноро кандааст.

Панҷаракашии идораҳои маъмурӣ гоҳе ҳифзи низом ва амният маънидод мешуд, аммо аз дидгоҳи санъатшиносон, бастани гирду атрофи идораҳои давлатӣ баръакс дар андешаи мардум эҳсоси бадбиниро нисбат ба ҳукумат бедор мекунад.

Вафо Назаров
Вафо Назаров

Вафо Назаров, рассоми мардумии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябр гуфт, “албатта, ин хуб нест. Фикр мекунӣ, дар пушти панҷара чӣ ё кӣ бошад? Алакай фикри бад мекунӣ. То аз ин кӯча мегузарӣ, фақат фикрат дар ҳамин аст”.

Мардум бар ин назаранд, ки агар ин панҷараҳоро ба хотири амният сохтаанд, ин деворҳои филизии заиф ҷилави ҷинояткоронро намегирад. Онҳо мегӯянд, ҳукумат ё ниҳоде, ки ба хотири амният ба паси деворҳо паноҳ мебарад, магар метавонад кафили субот дар кишвар шавад?

Ҷаъфар Нозимов, сокини шаҳри Кӯлоб, бар ин назар аст, ки панҷараҳо мардумро аз ҳукумат ё баръакс мансабдоронро аз мардум дур мекунад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “барои мисол, рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи шахсони аввали вазорату идораҳо ҳаст. Медароӣ, мегӯянд, ки фардо ё пасфардо биё. Баъдан аз ҳамин панҷараҳо гузаштан намемонанд. Солҳои пеш ба кадом роҳе мерафтӣ, ягон кас роҳи шуморо намегирифт.”

“Ин мансабдорон аз мардум худашонро дуртар мегиранд, канортар мегиранд. Солҳои пеш дар як вазорат фақат шахси аввал соҳиби мошини хидматӣ буд. Мардум онҳоро медид. Ҳозир муовинон, сардори раёсату шуъба мошини хидматӣ дорад. Мардум намедонад, ки дар пушти панҷараҳои баланд чӣ мегузарад”, - афзуд ин сокини шаҳри Кӯлоб.

Дар атрофи аксар вазорату идораҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон қитъаҳои замини васеъ ҳаст, ки онҳоро ба боғчаву гулзор табдил додаанд. Аммо ин ҳама бо панҷараҳои баланд печида шудааст, ки мардуми одӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дохили он шуда наметавонад. Он боғчаҳо барои мардуми одӣ дастнорас аст.

Зуҳро Сафарова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, сокинон танҳо аз беруни панҷара боғчаҳову гулгаштҳоро медиданд. Ба гуфтаи вай, баъд аз кандани панҷаари чанде аз ниҳодҳои давлатӣ ба онҳо иҷоза шудааст, ки дар онҷо сайругашт карда, акс бигиранд.

Бинои шаҳрдории Душанбе. Дар гузашта қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буд
Бинои шаҳрдории Душанбе. Дар гузашта қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буд

“Фарҳанг”-и панҷарабандии атрофи сохтмонҳои вазорату идораҳо ва ҳатто биноҳои хусусӣ пас аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ба хотиру баҳонаи таъмини амният пайдо шуд. Дар замони Шӯравӣ ва ҳатто то имзои созишномаи истиқрори сулҳ биноҳои панҷарабандишуда ангуштшумор буд.

Шурӯъ аз солҳои 2000-ум мақомоти ҳукумат миллионҳо пули будҷаи буҷети кишварро сарфи панҷарабандии биноҳояшон карданд ва ҳамзамон Душанберо ба шаҳри панҷараҳо табдил доданд. Аммо иқдоми бардоштани панҷараҳо дастрасии бештари мардум ба масъулони мақомоти ҳукумат ва истифодаи мардум аз манзараҳои зебои пойтахт талаққӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG