Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобоварӣ ба ширкатҳои сохтмонӣ. Баҳси Азиза барои хона. ВИДЕО


Азиза Норова, сокини шаҳри Душанбе.

Як ширкати сохтмонӣ мехоҳад, бинои дуошёнаи қадимиро дар маркази шаҳри Душанбе вайрон карда, дар ҷойи он бинои бисёртабақа созад.

Масъулони ширкат мегӯянд, ба соҳибони хонаҳо аввал пули иҷора ва баъд аз итмоми сохтмон хонаи нав хоҳанд дод. Баъзе аз сокинон бар асоси ин ваъда хонаҳояшонро холӣ кардаанд. Бархеи дигар мегӯянд, агар ширкат ваъдаашро иҷро карданист, бояд бо онҳо шартнома бандад. Ин гуруҳи сокинон мегӯянд, чандин ҳодисаи солҳои ахир бовари онҳоро ба ширкатҳои сохтмонӣ камтар кардааст.

Бо гузашти як ҳафта аз оғози тахриби бино, ки дар кӯчаи Ҳусейнзода-2 ҷойгир аст, хонаводаи Норовҳо пофишорӣ доранд, то хостҳояшон аз сӯи ширкати сохтмонӣ иҷро шавад. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, то охир дар манзили худ мемонанд.

Азиза Норова, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 6-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ширкати сохтмонӣ, ки ваъда додааст, ба ивази хонаашон аз манзилҳои бинои навсохт хона медиҳанд, бовар надорад. Ӯ гуфт, ҳамин нобоварӣ ба ширкати сохтмонӣ аст, ки мехоҳад нахуст манзилаш нархгузорӣ шуда, аз ҷониби ширкат харида шавад, баъдан хонаводаи онҳо манзилро тарк мекунад.

"Мехоҳем ба таври қонунӣ шартнома бандем ва дар шартнома ширкат дақиқ кунад, ки дар назди мо чӣ вазифа дорад", -- афзуд ӯ.

Ин хонавода мегӯяд, розӣ ҳастанд, ки бо тахриби манзили сеҳуҷрагияшон аз ҳисоби ширкат ба онҳо айнан чунин манзил дода шавад, вале ширкат инро қобили қабул надониста, мехоҳад дар алоҳидагӣ ба онҳо ду хонаи якҳуҷраӣ диҳад.

Масъулони ширкати сохтмонии "Муқим-1" мегӯянд, омодаанд бар асоси қонунгузорӣ ӯҳдадории худро дар назди сокинони бино иҷро намоянд. Бахтиёр Саидов, як масъули ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сохта ба истифода додани бино, аз ҳисоби бинои навсохт ба сокинон хона медиҳанд ва то замони анҷоми сохтмон иҷорпулии онҳоро мепардозанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Даъвои Азиза барои хона дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

"Пули шашмоҳаи иҷораро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ба ҳар як хонавода, ки дар ин бино зиндагӣ мекарданд, пардохт мекунем. То соли 2021 дар инҷо бояд бинои 20-ошёна сохта шавад. Аз ҳамин бино хонаашон медиҳем, биёянд, маслиҳат мекунем", -- шарҳ дод ӯ.

Саидов бо пешниҳоди нусхаи қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи иҷозаи сохтмон таъкид намуд, ки тамоми санадҳои заруриро барои анҷоми ин сохтмон дорад.

Шодмон Тағоев, як сокини дигари ин бино ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷорапулии шашмоҳаро аз ҳисоби ширкат дарёфт намуда, ҳоло дар манзили иҷора ба сар мебарад ва интизор аст, сохтмони бинои нав кай анҷом меёбад. Ӯ гуфт, бар ивази манзили сеҳуҷрагиаш, бо ширкат шартнома доранд, ки баъди ба истифода додан, як манзили се ҳуҷрагияш медиҳанд.

Ин бори аввал нест, ки масъалаи боварӣ ва нобоварии сокинон нисбат ба ширкатҳои сохтмонӣ дар пайи тахриби хонаҳояшон садо медиҳад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, то замони ҳалли баҳсҳо атрофи ҷуброни хона ҳеҷ ширкат ҳақ надорад ба тахриби манзили сокинон шурӯъ кунад. Вале сокинон шикоят мекунанд, ки масъулини ширкатҳо бе мувофиқа бо онҳо, ба тахриби хонаҳояшон сар карда, ҳуқуқашонро "дағалона нақз мекунанд".

Масъалаи бардоштан ва тахриби бинои манзилҳои зист ба хотири сохтмони биноҳои баландошёна, ки бар асоси нақшаи куллӣ ё "Генплан" сурат мегирад, тайи чанд соли ахир идома дорад ва нигарониҳоеро ба бор овардааст.

Яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар соли 2012 тахриби манзилҳои зист ва дигар биноҳо дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, қисмати ғарбии шаҳри Душанбе буд, ки то майдони бунёди Боғи фарҳангу истироҳат омода гардад. Ва дар маҷмӯъ 48 хона дар ин маҳалла тахриб шуд, вале то кунун баъзе аз сокинони он бо манзили зист таъмин нашудаанд.

Дар гузашта чандин ҳолати нигарониҳо аз фиреб хӯрдани муштариёни ширкатҳои сохтмонӣ расонаӣ шудааст.

Огоҳони умур бар ин назаранд, ки ба ваъдаи худ амал накардан аз сӯи ширкатҳои сохтмонӣ боис ба он шудааст, ки сокинон дигар ба ваъдаҳои ширкатҳо чандон боварӣ надоранд ва одатан мехоҳанд тариқи нақд додугирифт намоянд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG