Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои 14 сокини Буни Ҳисорак боз рад шуд


Сокинони Буни Ҳисорак баъд аз тахриби манзилҳояшон дар соли 2010 дар кӯча монданд.
Сокинони Буни Ҳисорак баъд аз тахриби манзилҳояшон дар соли 2010 дар кӯча монданд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе бо як қарори худ шикояти 14 тан аз сокинони маҳаллаи Буни Ҳисоракро, ки манзилҳояшон тахриб ва ба ҷои он гулгашт бунёд шуда буд, радд кард.

Астанақул Қосимов, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми апрел ҳалномаи додгоҳро содир кард ва ба ин тартиб шикояти иддае аз сокинони маҳллаи Буни Ҳисоракро беасос донист.

Чордаҳ сокини маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъво доштанд, ки ҳукумати пойтахт зарари расида дар пайи тахриби манзили зисташонро ҷуброн карда ва додгоҳ 50 корманди милисарое, ки дар ин кор даст доштанд, муҷозот намояд.

Икром Тешаев, даъвогари аслӣ аз чордаҳ нафар дар ин баҳс дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи Душанбе низ чун додгоҳи ноҳияи Сино баҳсро ба манфиати ҳукумати шаҳр ва кормандони мақомоти интизомӣ ҳал кард. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, тахриби манзилҳояшон ғайриқонунӣ ва зуран сурат гирифта буд.

Ӯ афзуд, «Арзро баррасии пурра накарданд, таҳлил накарданд. Бояд раиси ноҳия ва дигар масъулон ҷавоб мегуфтанд, зеро онҳо қонун шикастанд. Тибқи қонун, бояд моро 90 рӯз пеш хабар мекарданд, вале накарданд ва ба таври зӯроварӣ хонаҳои 14 нафарро чаппа карданд. Боз додрас дурӯғи маҳз менависад, ки гӯё мо худамон хонаамонро канда бошем. Ҳоло қонун не, балки ҳарфи мансабдорон болотар аст. Дидаву дониста ва рӯи рост қонун мешикананд.»
Икром Тешаев
Икром Тешаев


Ба таъкиди ҷаноби Тешаев, кормандони пулис зери раҳбарии сардори ҳифзи тартиботи Раёсати корҳои дохилии пойтахт, Кароматулло Раҷабов, бе ягон ҳуҷҷати расмӣ манзили зисти онҳоро тахриб карданд, ки додгоҳ инро низ нодида гирифт.

Аммо Астанақул Қосимов, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳалнома дар асоси қонунҳои ҷории кишвар содир шудааст.
Ҷаноби Қосимов гуфт, баррасии шикояти Тешаев ва ҳаммаҳалаҳояш нишон дод, ки манзили зисти ӯ ҳуҷҷате надоштааст ва онҳо дар маҳаллаи Буни Ҳисорак ғайриқонунӣ манзили зист бунёд карда буданд.

Астанақул Қосимов дар мисоли Икром Тешаев гуфт, «хонаи ӯ худсарона бунёд шуда будааст. Мо ҳамин ҷо пурсидем, ки ягон ҳуҷҷат доштӣ, гуфт, ки не. Бо вуҷуди ин, ҳукумати шаҳр ба ӯ 4 сотих замин додаст. Ӯ гуфт, ки хонаро аз дигар кас гирифта будааст, аммо дар бораи сохтмони хона ягон ҳуҷҷат надошт. Замин, ки барои давлат лозим шуд, мегирад ва ба ҷояш ё хона ва ё замин медиҳад. Ба ин сокин замин додаст.»

Ин додрас гуфт, кормандони милиса ҳам вазифаҳои хидматии худро ифо кардаанд ва ба ҳеҷ қонуншикание роҳ надодаанд. Ба гуфтаи вай, пас аз даҳ рӯз, қарори суд ба сокинон дода мешавад ва онҳо боз метавонанд, аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят баранд.
Тахриби чанд манзили сокинони Буни Ҳисорак аз тарафи мақомот дар соли 2010.
Тахриби чанд манзили сокинони Буни Ҳисорак аз тарафи мақомот дар соли 2010.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Икром Тешаев мегӯяд, аксари сокинони маҳалла ба адолати додгоҳӣ бовар надоранд ва аз ин баҳсҳо, ки ҳамеша якҷониба ба фоидаи мақомот ҳал мешаванд, хаста шудаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай, онҳо ҳуҷҷатҳои авфи амвол доштанд, вале додгоҳ ин аснодро ба инобат нагирифт.

Дар ҳамин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқушиноси тоҷик мегӯяд, сокинон бо қарори як раис манзил месозанд ва раиси дигаре он қарорро бекор мекунад, ки дар натиҷа сокинон дигар намедонанд чӣ кор кунанд.

Ӯ мегӯяд, қарорҳои шахсони мансабдор бекор ҳам шаванд, дар бештари маврид онҳо ҷазо намегиранд, аммо дар муқобил сокинон зиёни ҷиддӣ мебинанд.
Ба бовари хонум Бобоназарова, ин гуна баҳсҳо аллакай дар ҷомеа норозигии иҷтимоиро ба бор овардааст, «Бубинед, ки вақте тоқати мардум тоқ мешавад, дигар пешгӯи кардан мушки ласт, ки чӣ рӯй медиҳад. Вақте мебинанд, ки манзилаш аз даст рафтааст, ки тамоми ҳастиаш ҳамон аст, дигар ба ҳар кор даст мезанад. Ин суботи ҷомеаро халадор мекунад.»

Зинан, тахриби манзили иддае аз сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак дар панҷ соли пеш сурат гирифта буд ва шаҳрдорӣ дар ҷои ин манзилҳо гулгашти замонавии «Боғи пойтахт»-ро бунёд кард. Аммо 14 сокини манзилашон тахрибшуда то кунун сарсону саргардон ва беманзиланд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳудуди 50 хонавода дар маҳаллаи Буни Ҳисорак қабл аз тахриби манзилҳояшон барои хусусӣ кардани хонаашон санадҳоро ба ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, пешниҳод карданд, вале мақомоти ин ноҳия бидуни шарҳ 14 манзилро хусусӣ накарда ҳуҷҷатҳоро пас гардондаанд.

Баҳси додгоҳии ахир дар ҳолест, ки тибқи пажуҳиши созмони иҷтимоии "Бунёди Авроосиё" 80 дарсади баҳсҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон марбут ба масоили манзили зистанд.
XS
SM
MD
LG