Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дигар бароям фарқ надошт, ки табиб мард аст, ё зан” (ВИДЕО)


Абдухолиқ Ҷӯрабеков, сокини ноҳияи Ёвон, 28 соли пеш касберо интихоб кард, ки дар аввал ба ҷои сарбаландӣ барояш дардисарҳои зиёде овард. Тахассуси ӯ миёни мардум ҳамчун “момодоя” маъруф аст. Ҷӯрабеков дар ноҳияи Ёвон аввалин акушер-гинекологи мард ва мудири шӯъбаи таваллудхона аст.

Ӯ рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, интихоби ин касб барояш ногаҳонӣ ва маслиҳати дигарон буд, ки дар аввал хеле пушаймон шуда, ҳоло мегӯяд, чандон ғалат ҳам накардааст. “Вақте дар соли шашуми донишгоҳ мехондем, бояд барои худ касб интихоб мекардем,. Муаллимаамон Шафқат Ҷалоловна тавсия доданд, ки аз ман акушер-гинекологи хуб мебарояд ва ба ҳамин касб равона карданд,” - ба ёд овард ӯ.

Вақте худамро дар ҳолати вазнин барои ҷарроҳӣ бурданд, дигар бароям фарқ надошт, ки табиби ман мард аст, ё зан.
Мақсуда, сокини ноҳияи Ёвон

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки одатан на ҳама дар назди табиби мард ташхис ва таваллуд кардани наздикони худро хуш доранд, дарёфти обрӯ ва маъруфият барои Абдухолиқ Ҷӯрабеков душвор будааст. Ҳолатҳое ҳам будаанд, ки ӯ боиси ҷанҷоли зану шавҳар гаштааст, вале меҳнати шабонарӯзиву таҷрибаи корӣ, хилофи бархӯрди ҷомеа ӯро маъруф кардааст.

“Як рӯз зани ҷавон бо хунравӣ ба беморхона интиқол ёфт. Ҳамон вақт навбатдор будам. Вақте оварданд, бояд ташхис мегузарондам. Инҷо нофаҳмӣ аз тарафи шавҳари ҳамон духтарак шуд. Ҷангу ҷанҷол шуд. Падару модари ҳам духтару ҳам писар омаданд, аз қазия огоҳ шуданд, баъд узр пурсиданд. Ин хел ҳодисаҳо ҳастанд. Аммо ҳозир вазъият дигар шудааст, мардум мефаҳманд,” - мегӯяд ӯ.

Марди "момодоя"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00

Маъмулан дар зоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамеша занҳо момодоягӣ мекунанд. Мардҳо танҳо дар ҳолате ба ёрӣ меоянд, ки дар таваллуд мушкил пеш ояд.

Мақсуда, сокини ноҳияи Ёвон, дар муқоиса ба беморони дигар мазҳабитар аст. То ин дам ӯ афзал медонист, ки ба назди табиби зан биравад ва ба дигарон низ машварат медод, ки онҳоро пизишки мард ташхис накунад.

Ӯ фориғуттаҳсили Донишкадаи исломист ва мегӯяд, то замони ба вазъияти мушкил афтоданаш аз ин фикр сар напечида буд. Мақсуда гуфт, “вақте худамро дар ин ҳолат барои ҷарроҳӣ бурданд, дигар бароям фарқ надошт, ки табиби ман мард аст, ё зан. Ҳоло ба ҳамин натиҷа расидам, ки муҳим аз ҳама ин аст, ки духтур бояд ба бемор кумак расонда тавонад, новобаста ба он ки вай мард аст, ё зан.”

Баъзе аз сокинони ноҳияи Ёвон низ ба ин боваранд, ки муҳим таҷриба ва кори табиб аст, на ҷинсияти ӯ. Вале бархеи дигар хилофи ин назаранд.

Яке аз сокинони Ёвон гуфт, “мард пеши мард меравад, зан пеши зан. Чӣ хел мешавад, ки мард занро бибинад, ташхис кунад, дасташро дорад? Мо мегӯем, ки духтур агар аврат бошад, назди ҳамон рав. Ҳамин хел маслиҳат медиҳем.”

Абдухолиқ Ҷӯрабеков мегӯяд, вале ҳоло бештари мардум фаҳмидаанд, ки сиҳатӣ аз бовари мазҳабӣ муҳимтар аст ва хилофи он назарҳо, ки ҳама фикр мекунанд, ин касби занона аст, ӯмегӯяд, ин кори сирф мардона аст. “Пеш аз ҳама кори момодоягӣ кори мардӣ аст, зеро сабук нест. Шабу рӯз кор кардан даркор. Занҳо бисёр нозуканд ва зиндагии шахсии худашонро доранд. Мард нисбат дар хона дар ҷойи кор зиёдтар аст,” – гуфт ӯ.

Абдухолиқ Ҷӯрабеков
Абдухолиқ Ҷӯрабеков

Ҳамасола Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳудуди ҳазор нафар аз рӯи 4 ихтисос хатм мекунанд. Пизишки оилавӣ дастрастарин ихтисос барои донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ аст, аммо аксари онҳо мехоҳанд, ихтисоси ҷарроҳу дандонпизишк ё гинеколог-акушерро гиранд. Донишгоҳ ва Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки бояд ҷойи холии 4000 пизишки хонаводагӣ ва кӯдакон, мутахассисони силшинос ва наркологро пур кунанд. Аз ҷумла, Тоҷикистон имрӯз ба 78 табиби силшинос 393 пизишки оилавӣ ва духтури кӯдакон ниёз доштааст.

XS
SM
MD
LG