Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллим дар фавти ҳамсараш домани табибонро гирифт


Яке аз бемористонҳои вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ
Яке аз бемористонҳои вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ

Иброн, марди 42-солае аз ноҳияи Бохтар, тақозои истеъфои кулли пизишкону ҳамшираҳои шафқати зоишгоҳи маҳаллиро кардааст.

Ба иддаои ӯ, чанд моҳ қабл ба сабаби адами шароити зарурии зоишгоҳ ва беэҳтиётии пизишкон, хонумаш ба ҳангоми тавлиди тифл вафот кардааст.

Ин мард, ки муаллими яке аз мактабҳои ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар мебошад, гуфт, тифли навзодро се моҳ бо машаққати тамом нигоҳубин кард, аммо он ҳам ба сабаби бемодарию беморӣ аз дунё даргузашт. Муаллим Иброн мегӯяд, агар то ин муддат «дудила» буд, маҳз реҳлати навзод ӯро барои ба муҷозот кашидани пизишкони зоишгоҳ таҳрик додааст.

«Ҳамсарам пас аз таваллуд ҳоли хуб дошт, худам даромада дида будам, аз таваллуди фарзанд шодӣ мекард. Духтурон гуфтанд, ки нав 1,5 соат шуд, пас аз ним соати дигар ба палата мегузаронанд. Ба берун баромада бо дигар фарзандонам телефонӣ сӯҳбат доштам, хабари тавлиди меҳмони навро расонидам. Баъди ним соат гашта вориди зоишгоҳ шудам, ки ҳамсарам дар даҳлез хоб асту хунаш зиёд меравад. Аз духтурон пурсидам, ки ин чӣ ҳол аст, манъ намешавад, гуфтанд, ки хун надоранд ва онро аз маркази ноҳия ё шаҳр овардан даркор. Дар зоишгоҳ хун набудааст, ягон шароити даркорӣ нест. Интизор нашуда, бо мошин завҷаамро гирифта ҳамроҳи сарпизишк ба шаҳри Қӯрғонтеппа раҳсипор шудем, ки дар роҳ аз дунё гузашт. Тифлро ҳам бо азоб, бо кӯмаки ҳамсояҳо ва апаам се моҳ парасторӣ кардем, аммо вай ҳам аз сабаби беморӣ ҷон дод», - ба ёд меорад Иброн.

Вай афзуд, даъвои аслиаш ин аст, ки пизишкони зоишгоҳ иштибоҳи кори худро иқрор намуда, тарки кори момодоягӣ кунанд. Ба ин васила ӯ мехоҳад, ки пизишкони дигар низ аз чунин бархӯрд ва ҳақталошии шаҳрвандон сабақ гирифта, дар анҷоми вазифаи худ масъулияти бештаре эҳсос намоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки пизишкони зоишгоҳ айби худро дар марги ин зан ба истилоҳ, «ба гардан» намегиранд ва худи марҳумро бо ҳамсараш дар вафоти зан муқассир медонанд.

Зӯҳро Бобоева, сарпизишки беморхонаи №2-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, мегӯяд, ки зан ба бемористон дер муроҷиат карда, хунравии зиёд сабаби маргаш шудааст: «Занҳо дар қайди диспансерии маркази танзими оилаи минтақа намеистанд, худашонро дар назорати духтур намегузоранд, табобат намегиранд. Баъдан шавҳаронашон дар ҳолати вазнин онҳоро гирифта меоранд.»

Аммо хонум Бобоева иқрор кард, ки дар шӯъбаи зоишгоҳи бемористони зери раҳбарияш ягон пизишки акушер-гинеколог кор намекунад ва ҳангоми зарурат ин мутахассис аз маркази ноҳия ё вилоят даъват карда мешавад. Аз 70 корманди тиббии бемористони мазкур, танҳо 6 нафарашон маълумоти олии тиббӣ доштаанд.
Реҳлати завҷаи муаллим Иброн дар ҳолест, ки мақомоти беҳдоштии Хатлон аз болоравии мизони маргу мири модару кӯдак ба ҳангоми таваллуд хабар медиҳанд.

Ба иттилои Нигина Убайдуллоева, раиси Маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оилаи вилояти Хатлон, дар 8 моҳи аввали соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон 21 ҳолати фавти занон ба ҳангоми таваллуд сабтином шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта бештар будааст. Ба пизишкони момодоя муроҷиат накардан дар марҳилаи ҳомиладорӣ, камхунӣ ва дар деҳот ба кори пурмашаққат даст задан, аз сабабҳои аслии маргумири модар унвон мешавад. Аммо мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон мегӯянд, ки имсол ягон мавриди фавти модар дар натиҷаи беэҳтиётӣ ё хунукназарии пизишкон сабтином нашудааст.

Ҳоло муаллим Иброн бо 5 фарзанди дигараш танҳо монда, сарфи назар аз ин ки пиронсолони деҳа ӯро барои баргаштан аз раъяш даъват мекунанд, ба даъвои худ собит аст ва мегӯяд, агар пизишкони зоишгоҳ аз кор ихтиёран ё иҷборан хориҷ карда нашаванд, ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ҳарчанд ҳодисаҳои маргумири модару кӯдак дар зоишгоҳҳо низ ба чашм мехӯрад, то ҳол касе ҷуръат накардааст, ки чунин даъвое пеш орад.
XS
SM
MD
LG